Директори генералии корпоратсияи Tesla Илон Маск дар ҷараёни стрими худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нақшаҳоро оид ба истеҳсоли панҷ ҳазор роботи Optimus то охири соли 2025 эълон кард.
Дар ҷараёни муаррифии натиҷаҳои семоҳаи Tesla Илон Маск қайд кард, ки агар Tesla нисфи 10 ҳазор нусхаи ба нақша гирифташударо амалӣ намояд, инро дастоварди бузург меҳисобад. Ҳамзамон, ӯ илова кард, ки ҳатто панҷ ҳазор робот - ин андозаи легиони румӣ мебошад, ки дар вақтҳои гуногун метавонист аз ду то 10 ҳазор ҷанговарро дар бар гирад.
«Ман фикр мекунам, ки мо айнан легион месозем: ҳадди ақал як легиони роботҳо дар ин сол ва баъдан, шояд 10 легион дар соли оянда»,- гуфт Илон Маск.
Илон Маск қайд кард, ки истеҳсоли роботҳо барои Tesla самти бузург ва нави фаъолиятро ифода мекунад, бинобар ин ширкат ногузир бо хатоҳо рӯ ба рӯ мешавад. Бо вуҷуди ин, ӯ ин роботҳоро дороии умедбахши Tesla номид ва таъкид кард, ки роботҳои зеҳнии шабеҳи инсон қодиранд муҳити атрофро дарк кунанд ва вазифаҳои гузошташударо иҷро намоянд.
Илон Маск изҳор дошт, ки киштии кайҳонии дорои роботи Optimus, ки аз ҷониби ширкати Tesla истеҳсол шудааст, дар охири соли 2026 ба Миррих парвоз хоҳад кард. Ба гуфтаи ӯ, агар ин парвоз бомуваффақият анҷом ёбад, пас фуруд овардани одамон ба сайёраи сурх аллакай дар солҳои 2029-2031 оғоз мешавад.