Дар чор моҳи соли равон дар ҳудуди роҳҳои мошингарди вилояти Хатлон 128 ҳодисаи садамавии роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 55 ҳодиса марговар мебошад. Дар ин ҳодисаҳои садамавӣ 146 нафар маҷруҳ шуда, 78 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Гуфта мешавад, ки садамаҳо асосан аз ҳисоби суръати баланди ҳаракати нақлиёт, риоя нагардидани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагон ва истифодаи телефонҳои мобилӣ ҳангоми идораи нақлиёт рух додаанд.
Дар ин замина бо мақсади пешгирии ҳолатҳои садамавӣ, коҳиш додани қоидавайронкунӣ дар роҳҳои мошингарди шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон амалиёти шартии «Суръат» ба нақша гирифта шудааст. Дар доираи ин амалиёт нозирони минтақавии роҳҳо давоми 10 рӯз 3437 ҳолати қоидавайронкуниро ошкор намудаанд. Аз ин шумора 720 ҳолат бо сабаби баланд бардоштани суръати ҳаракат дар роҳ мебошад.