Ҳафтаи равон мо бо як суол ба бонувон муроҷиат кардем: “Дар сурати хиёнат дидан чӣ кор мекунед? Хиёнатро мебахшед?”. Посухҳо гуногун буданд, ки онро манзури шумо мегардонем. Шояд суоле сар занад, ки чаро ин суолро ба мардон ҳам надодем. Зеро маълум аст, ки аксари мардон мегӯянд, ки хиёнатро ҳеҷ гоҳ намебахшанд.
Шоҳида МУРОДОВА:
“Шоира Гулрухсор мегӯяд, ки “Хиёнатро фақат хоин бубахшад”. Ман ҳеҷ гоҳ нафари хиёнаткорро намебахшам. Иштибоҳи занҳои мо ҳамин аст, ки худашонро ғуломи мардҳо карда ба ҳама корашон чашм мепӯшанд. Бояд ба мардҳо ирода нишон дод, ки онҳо ба занҳо эҳтиром дошта бошанд.
Муаттара САИДОВА:
“Ман вақте фаҳмидам, ки шавҳарам зани дигар гирифтааст, аллакай кор аз кор гузашта буд. Маълум шуд, ки ӯ беш аз 5 сол аст, ки зани дигар доштааст ва аз ӯ соҳиби фарзанд ҳам будааст. Синни мо аз 60 гузаштааст. Ман барои худам месӯзам, барои он ки ҳаётамро ба шавҳарам бахшидам. Шукри фарзандонам мекунам, вале ӯ андеша накард, ки умри ман дар роҳи ӯ хазон шуд. Падару модарашро нигоҳубин кардам, худашро дар рӯзҳои вазнинтарин дастгирӣ намудам, вале дар охир ба ман хиёнат кард. Албатта, ман зиндагиамро бо вай идома медиҳам, вале ҳеҷ гоҳ намебахшамаш...”
Фирӯза КАРИМОВА:
Агар дар лаҳзаи охир фаҳмам, ки касе, ки рӯзу шаб ба хотираш зинда будам, ҷонамро ба пояш дода будам… ба ман хиёнат кардааст —
нахуст мисли кӯҳи ях дар даруни баҳри ашкам об мешавам…
Зону мезанам, на аз нотавонӣ, балки барои ҷамъ кардани пораҳои дилам. Сипас… ором мешавам. Хомӯш. Аммо ин хомӯшӣ дод мезанад. Нигоҳаш мекунам… бо табассуме, ки решаи дардро пинҳон мекунад ва мегӯям: “Ту хиёнат накардӣ, ту маро бедор кардӣ.
Ту на ишқро шикастӣ, ту ниқоби ҳақиқати худро кандӣ.
Ман бо муҳаббат омадам, ту бо найранг.
Ман бо дил, ту бо бозӣ.
Ҳоло бирав… вале бидон —
Ман дубора ошиқ намешавам,
Ман акнун худи муҳаббатам.
Ва ту?
Як хотираи заҳролуд дар дафтари сафеди дилам”.
Назокат ҒУЛОМОВА:
“То боқии умр месӯзӣ. Дигар бовариро аз даст медиҳӣ, вале боз зиндагиро давом медиҳӣ. Шахсан ман ба чунин хиëнат рӯ ба рӯ шудаам...
Мубина ШАРИПОВА:
Сахтарин шикасти қалб, зиндагӣ ва саломатии инсон ҳамин аст ба фикри ман. Сабр кардем ба хотири фарзанд, лекин саломатиро рӯз аз рӯз аз даст додаистодаам. Баъди қалби шикаста ҳаёт тамоман дигар маъное надорад...
Сайрамбӣ ҲИКМАТОВА:
“Чанд сол пеш бемор шудаму худам шавҳарамро зан додам. Он вақт 44-45 сола будем. Вале бовар кунед, аз зӯри дард ва рашк дарди бедавоям шифо ёфт ва ман мисли вулқон шудам. Бо шавҳарам ва ҳамсари дуюмаш мубориза кардам. 4-5 сол мубориза бурдам, вале натиҷа нашуд. Баръакс шавҳарам рӯз аз рӯз аз ман дур шуд. Имрӯз бо ҳамсари дуюмаш зиндагии хуб дорад ва ҳафтае як рӯз ба ҳавли меояд, ки набераҳояшро дида зуд баромада меравад. Маро соли гузашта ба Ҳаҷ фиристод, дорупулиамро медиҳад, вале кӯшиш мекунад, ки аз ман дур гардад. Имсол бо ҳамсари дуюмаш ба Ҳаҷ рафтанд. Духтарча дорад аз оилаи дуюм ва саргарми ӯ аст. Гарчанде ман худам шавҳарамро ба зан гирифтан водор кардам, аммо кори ӯро хиёна мепиндорам. Вале коре карда наметавонам...”.
Фархунда МУҲАММАДҶОНОВА:
“Мебахшӣ, лекин таъсири бади хиёнат ба саломатӣ ахир зиён мерасонад. Бечора зани сода, рӯйи хотири фарзандон ва гапи мардум хиёнати шавҳарро мебахшад, лекин дарк намекунад, ки дарун-дарун тамом шудаистодааст.”
Гулрӯ ГАДОЕВА:
“Девона мешавӣ, худро маломат мекунӣ, фарёд мезанӣ, ҷангҷол мекунӣ, оқибат боз зиндагиро бо дили шикаста давом медиҳӣ. Илоҷ нест. Инро аз таҷрибаи худам мегӯям”.
Назокат БОБОҶОНОВА:
"Сари кафида зери тоқӣ!" Шиори мо хиëнатдидаҳо ҳамин аст!
Гулбаҳор САИДОВА:
Хиёнатро намебахшам. Рӯш да қавр одами хиёнатмекардаро. Ба Худо месупорам. Барои як булҳавас то қиёмат сӯхта гаштан фикр мекунам дуруст нест. Шахсан ман хиёнат дидам, ба ман бегона не, шахси нону намакхӯрда, хонаам омада, дидаву дониста хиёнат кард. Ӯ дугонаам буд, ки бо шавҳарам ишқварзӣ кард. Ман аввал зиқ шудам, ки ду нафаре, ки онҳоро наздик медонистам ба ман хиёнат карданд. Нафароне, ки ба онҳо бовар доштам. Вале илоҷ нест. Аз баҳри ҳар ду баромадам ва зиндагии нав оғоз кардам”.