Хоҳарам маро хонавайрон мекунад...
27.09.2025
Oila.tj
584

Салом ба хонандагони азиз! Мушкили нангине маро маҷбур кард, ки ба шумо муроҷиат намоям. Ман 26 сол дорам. Аксари ҳамсолонам дар паси курсиҳои донишҷӯйӣ нишаста, аз пайи карерасозӣ ҳастанд, вале мани сарсахт оиладор шуда, эҳтимол хонавайрон шавам.

Сабаби бадбахтии ман ягон одами бегона не, хоҳари худам аст. Падари мо барвақт аз олам гузаштааст. Пас аз гӯру чӯб кардани падар бо модар худро масъули тақдири хоҳаронам дониста, онҳоро ба қадри тавонам нигоҳубин мекардем ва намемондам, ки қадам ба роҳи каҷ ниҳанд. Баъди ба шавҳар баромадани ман яке аз хоҳаронам “бесоҳиб” монда, бероҳа шуд.

Шавҳарам овозаи бадгаштии хоҳарамро шунида, муносибаташро бо ман сард кард. «Хоҳарат бероҳа аст, аз афташ ту ҳам мисли ӯ ҳастӣ” гуфта, гоҳо маро таҳқир мекунад. Гоҳо мегӯяд, ки “бо авлоди ҳароми ту номамро доғдор кардан намехоҳам!”. Ҷонам ба лабам расидааст. Дирӯз гӯё яке аз ҷӯраҳои шавҳарам ба ӯ гуфтааст, ки шаб бо қайсингилат якҷо будем ва таърифи айшу ишраташро бо ӯ кардааст. Шавҳарам қариб девона шуд. Ҳар қадар насиҳат мекунам, хоҳарам аз роҳ гаштанӣ нест. Телефони маро намебардорад. Аз модарам ҷудо иҷорахона гирифта зиндагӣ мекунад, телефонҳои қимат дорад, либосҳои урён мепӯшад. Мегӯяд, ки ба зиндагии ман кордор нашав!

Намедонам, чӣ кор кунам? Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?

Н., хонанда

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД