Чоршанбе Аловатов, ҳунарманди соҳибистеъдоди тоҷик дар саҳифаи инстаграмаш хабар дод, ки ният дорад ба хоҳишмандон сурудхониро омӯзонад.
Аловатов дар навори нашркардааш мегӯяд, ки солҳои зиёд як орзу дошт. Орзуи ба дигарон кумак кардан, орзуи ба хоҳишмандон сарояндагиро омӯзондан. Ӯ меафзояд, ки мехоҳад, таҷрибаи зиёда аз 15-солашро ба хоҳишмандону дӯстдорони санъат тақсим намояд.
“Ман барои шумо як хоначае сохтам, ки дар он меҳр аст, муҳаббат аст, мусиқӣ аст. Ин хонача “Alovatov music academy” ном дорад ва дар ин ҷо ба шумо тарзи суруд хондан ва навохтани асбобҳои мусиқиро меомӯзонам”,- мегӯяд сароянда.
Чоршанбе Аловатов аз ҷумлаи санъаткорони номдори тоҷик аст, ки дар чандин озмунҳои байналмилалӣ сазовори ҷойҳои намоён гардидааст. Ӯ дар санъат на ҳамчун ҳаваскор, балки ба ҳайси як ҳунарманди дилбохтаву дилсупурда ҷойгоҳи худро ёфтааст.