Маҳсулоти лозима:
2 себ, 2 киви, 1 банан, 2 мандарин, 200 грамм йогурт.
Тарзи таҳия:
Барои омода намудани хӯриш аз мева шумо метавонед мувофиқи табъ ва фасли сол мева интихоб намоед. Ба хӯриши мазкур қулфинай низ илова кардан мумкин аст. Агар хӯришро дарҳол истеъмол карданӣ набошед, дарҳол баъди реза кардани себ ба он шарбати лимӯ пошед, вагарна себи резашуда сиёҳ мешавад. Меваҳои боқимондаро баробарҳаҷм реза карда, бо йогурт омезиш диҳед.