Маҳсулоти лозима:
1 лаблабу, 150 грамм шӯрмоҳӣ, 1 тухми обпаз, 2 картошка, шибит, сирпиёз, равғани растанӣ, лимӯ, кунҷид.
Тарзи таҳия:
Моҳии резашударо бо шибит ва тухми реза омезиш диҳед. Дар зарфи дигаре лаблабуи аз турбтарош гузаронидашударо бо сирпиёзи реза ва картошкаи обпази латзада нағзакак омезиш диҳед. Аз пюреи лаблабуву картошкагӣ кам-кам дар шакли кулчача гирифта, дар дарунаш қимаи моҳиву тухмдорро гузошта, ба шакли қулфинай дароред. Каме шарбати лимӯву равғани растанӣ илова карда, бо шибит ва кунҷид оро диҳед.