tobiston
Кумаки ройгони тиббӣ ба сокинони дурдасти вилояти Суғд
52

Ба ифтихори ҷашни 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Маркази микроҷарроҳии чашми вилояти Суғд ба номи Фазлиддин Шарифов ба 128 нафар дорои бемориҳои чашм хизматрасониҳои ройгони ташхисӣ ва ҷарроҳӣ гузаронида шуд.

Иқдом бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии “Тоҷикистон” ва бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон амалӣ гардид. Беморон аз ноҳияҳои дурдасти вилояти Суғд, махсусан аз минтақаҳои кӯҳистон табобат гирифтанд.

Ҷамил Тошматов, сартабиби марказ гуфт, ки беморон на танҳо ба ташхис, балки ба табобати пурра, аз ҷумла амалиёти микроҷарроҳии чашм фаро гирифта шуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД