tobiston
Марминҷон мӯйи сарро дароз карда, иммунитети инсонро пурқувват месозад
104

Истеъмоли марминҷон мӯй ва нохунҳоро мустаҳкам карда, онҳоро қавӣ ва дурахшонтар месозад. Марминҷон меваи болаззат буда, манбаи витаминҳо ва микроэлементҳои муфид аст. Дар таркиби марминҷон витаминҳои A, C, E, K, витаминҳои гурӯҳи B, инчунин маъданҳо ва кислотаҳои органикӣ фаровон мебошанд.

Марминҷон аз витамини C ва дигар антиоксидантҳо бой буда, системаи масунияти баданро мустаҳкам месозад. Витамини C ба тавлиди ҳуҷайраҳои сафеди хун мусоидат мекунад, ки дар мубориза бо бемориҳои сироятӣ нақши калидӣ доранд, илова бар ин, антиоксидантҳое, ки дар мармиҷон мавҷуданд, ҳуҷайраҳои системаи иммуниро аз осеби радикалҳои озод муҳофизат мекунанд.

Марминҷон ҳангоми шамолкашӣ ҳарорати баданро паст мекунад ва бо сабаби хосиятҳои зидди илтиҳобиаш ба рафъи аломатҳои дигари шамолхӯрдагӣ, ба монанди дарди сар ва дарди гулӯ кумак мерасонад.

Марминҷон барои ба эътидол овардани кори рӯда, пешгирии қабз ва беҳтар кардани кори узвҳои ҳозима низ ёрӣ мерасонад. Ин мави лаззи хатари инкишофи бемориҳои дилу рагҳо, аз қабили атеросклероз ва инфаркти миокардро коҳиш медиҳад.

Антиоксидантҳо ва дигар моддаҳои фаъоли мармиҷон дорои хосиятҳои зидди илтиҳобӣ мебошанд. Ин моддаҳо барои коҳиш додани сатҳи илтиҳоб дар бадан кумак мекунанд. Марминҷон метавонад дар табобати бемориҳои гуногун, аз қабили артрит ё астма ёрӣ расонад.

Марминҷон барои зебоӣ низ фоидаовар буда, дар солим нигоҳ доштани пӯст, мӯй ва нохунҳо кумак мекунад. Он ба пешгирии пиршавии бармаҳали пӯст мусоидат мекунад. Унсурҳои судманди мармиҷон барои мустаҳкам кардани решаи мӯй ва дароз шудани кокулони бонувон кумак карда, хонумҳоро боз ҳам зеботар месозад.

Аммо дар баъзе ҳолатҳо марминҷон метавонад аксуламали аллергияро ба вуҷуд орад, ки дар шакли пайдо шудани доғҳо дар пӯст, хориш ё варам зоҳир мешавад. Мармиҷон дорои кислотаҳои органикӣ буда, аз миқдор зиёд истеъмол кардани он ба сири дандон таъсири манфӣ мерасонанд.

Реша, барг ва гули марминҷон дар тиб истифода мешавад. Решаи он ба майда кардани санги гурда мусоидат мекунад. Решаи марминҷонро куфта, онро мисли талқон фурӯ баранд, санги гурдаро ме резонад. Барги марминҷон варамро паст мекунад. Барги марминҷонро бихоянд, решҳои милки дандонро мустаҳкам намуда, бӯи бади даҳонро несту нобуд месозад ва ҷароҳатҳои даҳонро шифо мебахшад.

Табибони халқӣ марминҷончойро барои табобати гастрит, реши меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, энтероколити музмин, бемориҳои ҷигар, холесистит, систит, пиелит, грипп, ангина, пневмония, стоматит, домана ва ғайра тавсия медиҳанд. Истеъмоли он хосса барои кӯдакон нафъи бисёр дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД