Мифҳо оид ба бизнес
189

Атрофи бизнес мисли туман - пур аз овоза, кам аз аслият аст. Хусусан барои ҷавонон, ки пайваста мешунаванд: «Бизнес душвор аст», «Бе пул нарав», «Танҳо барои калонсолон аст»...

Ё баръакс - «Ин роҳест барои пулёбӣ», «Даромади осон», «Фақат идея бошад, боқӣ худ мешавад».

Аммо медонӣ мушкил дар чист?

Ин афсонаҳо оғозҳоро бозмедоранд.
Шуҷоатро мекушанд. Иқдомро маҳдуд мекунанд.
Онҳо бизнесро ё як тахайюли тарснок нишон медиҳанд, ё як чароғи сеҳрноки Аладдин.

Аммо ҳақиқат - мисли ҳамеша - дар миён аст:

Наздик ба амал, таҷриба ва мантиқи солим.

Биёед бубинем: чӣ миф аст ва чӣ воқеият:

1. Миф: Бизнес - фақат дар бораи пул аст.
Ҳақиқат: Пул - натиҷа аст.
Аввал - идея, аҳамият ва фоида барои мардум.
Бе маънӣ, миллионҳо ҳам наҷот намедиҳанд.
Лоиҳаҳои муваффақ аз ҳаваси ҳалли мушкилот сар мешаванд, на аз ҳирси даромад.

2. Миф: Бизнес - фақат барои калонсолон аст.
Ҳақиқат: Синну сол - боздоранда нест.
Блогҳо, курсҳо, стартапҳо, молҳои креативӣ, YouTube, Telegram.
Ту аллакай метавонӣ амал кунӣ.
Муҳим - наҳаросидан. Қисми боқимонда - техника аст.

3. Миф: Дар бизнес зуд бой шудан мумкин аст.
Ҳақиқат: Баъзан - зуд мешавад. Аммо осон - ҳеҷ гоҳ.
Пушти ҳар муваффақият - меҳнат, сабр, нокомӣ ва бозоғоз аст.
Бизнес - тугмаи «пул соз» нест. Ин роҳест, ки дар он таҳаммул қадр дорад.

4. Миф: Бе пул шуруъ кардан мумкин нест.
Ҳақиқат: Ҳама чиз тағйир ёфтааст.
Пеш - бидуни сармоя қадам намегузоштӣ.
Имрӯз - онлайн-сервисҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ, абзорҳои ройгон, ҳамкорӣ.
Метавонӣ бо ҳадди ақал шуруъ намоӣ. Агар чашм дурахшад, ақл эҷод кунад, дастон амал кунанд - кофист.

5. Миф: Хато = нокомӣ.
Ҳақиқат: Хато = дарс.
Нокомӣ - ин танҳо «нашуд» аст.
Таҳлил мекунӣ - ва идома медиҳӣ.
Шикаст - ҳукм нест. Қисми роҳ аст. Ҳама афтоданд. Муҳим - бархез.

6. Миф: Дар бизнес бояд ба ҳама чиз сарфаҳм равӣ.
Ҳақиқат: Ҳеҷ кас вазифадор нест, ки нобиға бошад.
Ҳама чизро донистан имкон надорад.
Аммо бояд бидонӣ, ки аз кӣ пурсӣ, аз куҷо ёбӣ, чӣ гуна омӯзӣ.
Одами доно - онест, ки медонад, аз куҷо фаҳмад.

7. Миф: Бизнес - кор кардан «барои худ» аст.
Ҳақиқат: Бизнеси ҳақиқӣ - даста аст.
Танҳо бошӣ - фақат оғози роҳ аст.
Баъдан - ваколат медиҳӣ, якҷоя мешавӣ, дигаронро илҳом мебахшӣ.
Соҳибкор танҳо нест. Ӯ экосистема месозад.

Хулоса: Бизнес - на ҷодугарист. На сир. Ва на бозии «бахт».

Ин аст:

🔹 роҳи таҷриба ва рушд;

🔹 шонси тағйир додани худ ва муҳит;

🔹 имкони офаридани чизи нав ва муҳим.

Ва ҷолибтаринаш - ту метавонӣ аз ҳамин лаҳза оғоз намоӣ.

Аз китоби Шавкат Бозоров - «Анатомияи бизнес»

https://www.facebook.com/profile.php?id=61574708436821&rdid=Z54ay0UxV7vQ211n#

https://www.instagram.com/mba.tj?igsh=dmhjNzM4bWljOGw4

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД