Сарояндаи тоҷик Мубориз Усмонов дар мавриди ҳамкории зичаш бо сароянда Мадина Ақназарова ва овозаҳо дар мавриди муносибаташон равшанӣ андохт.
Маъруфияти “Кам-кам”
Мубориз Усмонов дар барномаи “АвтоГап”-и радиои Азия-Плюс доир ба ҳамкории зичаш бо Мадина Ақназарова ва рекорди намоҳанги “Кам-кам дил меканам” аз ҳисоби тамошо дар Ютуб гуфт.
Клип‑таронаи муштараки Мубориз Усмонов ва Мадина Ақназарова бо номи «Кам‑кам дил меканам», ки 26 ноябри 2023 дар канали расмии онҳо нашр шуд, дар давоми як сол беш 40 миллион тамошобин пайдо кард, ки рекорди санъати тоҷик мебошад. Тибқи нишондоди Popnable, видеоро дар маҷмӯъ 48,4 млн маротиба тамошо карда, беш аз 98 ҳазор нафар лайк гузоштаанд.
Клип-таронаи “Кам-кам дил меканам”, ки сарояндагони саршиноси тоҷик Мубориз Усмонов ва Мадина Ақназарова таҳия шудааст, дар яке аз маконҳои зебоманзари Ҷумҳурии Ӯзбекистон сабт шудааст. Матни суруди онро Эҳсон Аъзамиён навишта, оҳангаш ба Шаҳбоз Носирҷонов таалуқ дорад. Продюссери он Беҳрӯз Зеваров аст. Клип-таронаи мазкур соли 2024 соҳиби дар Tarona Music Awards соҳиби ҷоизаи шуд.
Ба дӯстии марду зан бовар дорам!
Пас аз иҷрои клип-таронаи “Кам-кам дил мебарам” миёни мухлисон овозаҳо пайдо шуд, ки гӯё Мубориз Усмонов ва Мадина Ақназарова бо ҳам муносибати ошиқона доранд.
Мубориз Усмонов бошад дар мавриди муносибаташ бо сарояндаи овозадор Мадина Ақназарова чунин мегӯяд: “Овозаҳои зиёданд. Ҳам аз ман ва ҳам аз Мадина мепурсанд, ки оё мо муносибати ошиқона дорем? Аммо дар асл чунин нест, мо танҳо ҳамкор ҳастем ва муносибатамон корӣ аст. Шояд сабаби чунин фикрҳо ва овозаҳо он бошад, ки ману Мадина дар намоҳангҳоямон нақши ошиқонро хуб бозидем. Аммо дар асл мо дар зиндагӣ ошиқи ҳам нестем, балки дӯстӣ наздик ҳастем”.
Мубориз Усмонов ба дӯстӣ миёни марду зан бовар дошта, мегӯяд, ки аз ҷинси латиф дӯстони хеле зиёд дорад.
Мубориз чӣ гуна лоғар шуд?
Вақтҳои охир суоли дигаре зеҳни мухлисони Муборизро машғул карда буд: “Чӣ тавр сароянда ва шоумени дӯстдоштаашон дар муддати кӯтоҳ лоғар шуд?”
Мубориз ба ин суол ҳам посух гуфт. Сароянда мегӯяд, ки бидуни бидуни ягон дору, танҳо бо машқ, дар муддати 3-4 моҳ 22 кило вазнашро кам кардааст.
Воқеан, агар шумо шабакаҳои иҷтимоии Мубориз Усмоновро пайгирӣ кунед, мебинед, ки сароянда аз толори варзишӣ наворҳои зиёде нашр мекунад.
Дар бораи Мубориз
Мубориз Усмонов яке аз чеҳраҳои шинохтаи шоубизнеси тоҷик мебошад. 19-уми июни соли 1993 таваллуд шудааст. Муборизро ҷомеаи Тоҷикистон қаблан ҳамчун ровӣ мешинохт. Ӯ солҳо дар телевизион фаъолият кард ва баъдан фаъолияти худро дар радио ва ютуб идома дод. Чанд сол пеш Мубориз ба овозхонӣ машғул шуд ва зуд миёни мухлисон шуҳрат пайдо кард. “Кам-кам”, Эй ёр”, Дӯст надорӣ”, “Зиндагӣ”, “Чаро” машҳуртарин таронаҳои ӯ ҳастанд.
БАХТОВАР