Мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо Сарвазири Арманистон Никол Пашинян
63

Дар ҳошияи Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон муҳтарам Никол Пашинян мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба рушди ҳамкориҳои ду кишвар мавримди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ҷараёни вохӯрӣ Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки “мо ба таҳкими ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Арманистон аҳамияти хоса медиҳем ва ба инкишофи онҳо дар тамоми соҳаҳо манфиатдорем”.

Таъкид гардид, ки заминаи ҳуқуқии муносибатҳо соҳаҳои муҳимро дар бар мегирад ва он имконият медиҳад, ки аз иқтидори кишварҳо дар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб судманд истифода шавад.

Зимни мулоқот ба масъалаи рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, нерӯи “сабз”, саноат, аз ҷумла кооператсияи саноатӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ зарур шумурда шуд.

Афзоиши ҳаҷми гардиши мол, зиёд кардани савдои байниҳамдигарӣ бо истифода аз имкону иқтидорҳои мавҷуда ва ташкилу баргузорсозии форумҳои тиҷоратӣ аз мавзуоти дигари суҳбат буданд.

Ба рушди муколамаи байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардида, оид ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳанг, маориф, сиёсати ҷавонон ва сайёҳӣ низ табодули афкор сурат гирифт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД