Муҳоҷироне, ки ба Русия сафар мекунанд, дар Тоҷикистон аз муоинаи тиббӣ мегузаранд
103

Тоҷикистон ва Русия созишномаеро ба имзо расониданд, ки мувофиқи он шаҳрвандони кишвари мо, ки ба Русия сафар доранд, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатии тоҷик минбаъд дар як муассисаи тиббии шаҳри Душанбе аз муоинаи ҳатмии тиббӣ мегузаранд.

Ба ин санади муҳим вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Солеҳ Холмаҳмадзода ва вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Русия Антон Котяков имзо гузоштаанд. Бо қабули ин ҳуҷҷат зарурати муоинаи такрории тиббӣ ҳангоми ворид шудан ба Русия аз байн бардошта шуд.

Тавре ёрдамчии вазири тандурустии Русия Алексей Кузнетсов қайд кардааст, санҷиш ба таври қатъӣ, тибқи тартиби тасдиқнамудаи Вазорати тандурустии Русия сурат мегирад.

Ҳамзамон маросими табодули протоколи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Созишнома оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Русия бо мақсади машғул шудан ба фаъолияти меҳнатӣ баргузор гашт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД