tobiston
Нақши реҷаи хоб дар рушди кӯдакон
183

Реҷаи дурусти хоб яке аз омилҳои асосии рушд ва солимии кӯдакон ба шумор меравад. Хоб на танҳо барои истироҳати ҷисм, балки барои рушди мағз, хотира ва ҳиссиёти кӯдакон аҳамияти калон дорад.

Рушди ҷисмонӣ

Дар вақти хоб, махсусан шабона, дар бадани кӯдак гормони афзоиш (growth hormone) ҷудо мешавад, ки ба қад ва вазн, инчунин мустаҳкам шудани устухонҳо ва мушакҳо таъсири мусбат мерасонад.

Рушди равонӣ ва эҳсосотӣ

Хоби кофӣ кӯдакро ором мекунад ва ба танзими эҳсосот кумак мерасонад. Кӯдакони хобашон нокифоя, зуд-зуд асабонӣ мешаванд, гиря мекунанд ва бо душворӣ бо дигарон муносибат мекунанд.

Рушди зеҳн ва хотира

Хоб ба таҳкими хотира ва рушди қобилияти азхудкунии кӯдак кӯмак мерасонад. Дар вақти хоб, маълумоти рӯзона омӯхташуда дар мағзи кӯдак устувор мегардад.

Тақвияти системаи масуният (иммунитет)

Хоби кофӣ системаи масуниятро пурқувват мекунад ва кӯдак камтар бемор мешавад.

Ҳисси масъулиятшиносӣ

Реҷаи мунтазами хоб кӯдакро ба низом, тартиб ва масъулиятнокӣ одат медиҳад. Ӯ меомӯзад, ки ҳар кор вақту ҷояшро дорад.

Тавсияҳо барои хоби солим

Кӯдак бояд соати муайян барои хоб ва бедорӣ дошта бошад.

Пеш аз хоб аз истифодаи телефон ва телевизор худдорӣ кунед.

Муҳити ором ва торикро барои хоби ороми кӯдакон муҳайё созед.

Кӯдакон бояд рӯзона машғулиятҳои фаъол (бозӣ, варзиш) дошта бошанд, то шабона осон хоб раванд.

Нақшаи хоби кӯдакон дар синну соли гунон

Навзодон (0-3 моҳа)

Меъёри хоб: 14–17 соат дар як шабонарӯз

Кӯдакони ширмак (4–12 моҳа)

Меъёри хоб: 12–16 соат дар як шабонарӯз

Кӯдакони хурдсол (1–2 сола)

Меъёри хоб: 11–14 соат

Кӯдакони синни боғча (3–5 сола)

Меъёри хоб: 10–13 соат

Кӯдакони синни мактабӣ (6–12 сола)

Меъёри хоб: 9–12 соат

Наврасон (13–18 сола)

Меъёри хоб: 8–10 соат

Хулоса, риояи реҷаи дурусти хоб дар ҳама синну сол ба рушди ҳамаҷонибаи кӯдак — ҷисмонӣ, равонӣ, зеҳнӣ ва иҷтимоӣ — таъсири амиқ мегузорад. Аз ҳаимн хотир волидон бояд ба хоби фарзандони худ диққати махсус диҳанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД