Баъди аз кошонаи ҳусн баромадани Савсан ҷавон боз пайдо шуда, хоҳиши моро то хона овардан кард, вале ман қатъиян рад карда, таксӣ киро кардам.
Дар роҳ Савсан бо шӯхӣ гуфт:
- Э духтар, наход ҳамон қадар ҷавони зебо ба ту хушдор шаваду ту рад кунӣ…
Ман чизе нагуфтам, вале баъди як ҳафта Маҷнун худаш ба хонаи мо хостгорӣ омад...
Сағираи бесоҳиб
Модарам арзи дили ҷавонро гӯш карда, гуфт:
- Писарам, тӯли умрам бори аввал мебинам, ки домод худаш хостгорӣ биёяд.
- Очаҷон, модари ман рус будаасту падарам ӯро аз аскарӣ ҳамроҳаш овардааст, ман чордаҳсола будам, ки падарам ва ҳангоми бистсолагиям модарам оламро падруд гуфтанд. Дар шаҳр як хонаи якҳуҷрагӣ, мероси волидонам дораму ҳамин мошинро… Мошинро низ ҷавоҳироти модарамро фурӯхта гирифтаам, духтаракеро дӯст медоштам, падару модараш мо ба ту сағираи кафангадо духтар намедиҳем гӯён маро аз хонаашон ронданд. Духтари шуморо бо як дидан маъқул кардам, агар шумо низ маро аз даратон наронед…
Модарам шарташро пеши ҷавон, ки Довуд ном доштааст, гузошт ва ӯ инро пазируфт. Ҳамин тавр тӯйи ману Довуд баргузор гашт. Модарам аз Довуд на қалинг пурсид, на чизи дигар, аммо ӯ барои гузаронидани маърака маҳсулоти хӯрокворӣ ва барои ман низ чанд либос овард.
Зиндагиямон хуб оғоз шуд, шавҳарам кироякашӣ мекард, боз хонаашро иҷора дода буд ва ҳар бегоҳ бо дасти пур ба хона меомад. Модарам низ шукронаи домоди шоистаашро намуда, пеши ҳама ӯро таърифу тавсиф мекард.
Бо гузаштани як сол ман соҳиби писарчаи зебое шудам, Савсан ба табрикам омада, дар чилахона Худоро зора кард, ки сари ӯро низ сабз гардонад…
Суҳбатҳои шабона бо Юлдуз
Пас аз тавлиди писарчаам ман тамоман аз хоб сер намешудам ва Довуд бисёр вақт дар меҳмонхона мехобид, «кӯдак ғаш карда, маро хобидан намемонад, боз дар сари рул хобам набараду фоҷеае рӯй диҳад» - чунин шарҳ медод рафторашро шавҳарам. Мани мондаю лакот низ чизе намегуфтам ва лаҳзаҳои хобидани писарчаам кӯрпаро ба сарам кашида, истироҳат мекардам. Модарам баъзе шабҳо мехост Азизҷонро бо худ гирад, вале шавҳарам айб аст, кампирро ғам надеҳ гӯён, ба ин иҷозат намедод.
Оҳиста-оҳиста писарчаам калонак шуду акнун мисли баррача орому осуда хоб мерафт, вале шавҳарам ба рахти хоб баргаштанӣ набуд…
Баъдтар ба ӯ гуфтам, ки акнун ба хонаи хоб баргард, ӯ бо хандаи хунук “ҳа, ёд кардӣ” гуфту баъди як ҳафта назди мо баргашт, вале ким чӣ хел сарду бегона буд. Вазифаи заношавҳарияшро низ «ради галочка» иҷро мекарду аз меҳрубониҳои пешинаш осоре набуд.
(Давом дорад)
ДУНЁ
Таснифи Нисо ХОЛИД