«Сюрприз»-и қисмат
Дар ҳуҷраҳои хунуки бинои кӯҳнаи институти такмили ихтисос нишаста, ба дарсгӯйии муаллимаи миёнсоли сафедрӯйи хушзабон гӯш карда, хаёлам ҷойи дигар буд… Довуд се рӯз боз ба хона нарафта буд, зеро ҳаво носоз ва дар ширкат кор бисёр мегуфт. Ман дар дил нақша кашидам, ки аз дарс баромада ба ҷойи кори Дарё мераваму каме бо ӯ суҳбат карда, баъд ба хона рафта хӯроки бомаззае пухта, интизори шавҳарам нишаста, ба ӯ ба қавле «сюрприз» мекунам…
Апаам аз ман хоҳиш кард, ки бо ӯ ба хонааш равам. Язнаатро бо як бригадаи табибон ба ноҳияе фиристодаанд, ду рӯз дар хона намешавад, ману кампири хушдоманам танҳо, он кас ваъда доданд, ки имшаб палави самарқандӣ мепазанд, хӯрда мазза мекунӣ,- хушгуфторӣ мекард апаам.
Аммо ман дар ҷавоб гуфтам, ки албатта палави хушдомани ту ба хироҷи як мамлакат меарзад, вале ман имшаб ба язнаат «сюрприз» карданӣ ҳастам, ҳоло ӯ намедонад ман дар шаҳр…
Рӯзҳои зимистон хеле кӯтоҳанду шом болои Душанбеи нозанин домонашро паҳн кардан дошт. Аз таърифҳои апаам даҳонам об кушоду зуд ба супермаркети сари роҳ даромада, масолеҳи ошро харида сӯйи хона давидам. Зинаҳоро якта-якта тай карда, назди дари хона расида, бо калидам дарро кушода, вориди он гаштам. Аз хона бӯйи шаробу сигор ба машом мезад. Ман ба ин аҳамият надода, чароғи роҳравро равшан кардаму ба ошхона гузашта, харидамро болои миз гузоштам. Хостам палтоямро кашида ба ҷевони даҳлез овезам, ки назарам ба пойафзоли занона афтод, дар паҳлуйи онҳо мӯзаҳои шавҳарам меистоданд. Хун ба сарам заду саросема сӯи зал давидам. Болои миз питсаи нимхӯрда ва чою конфет меистод, шавҳарам фоҳишабозӣ мекунад, барқвор аз сарам ин фикр гузашту дари хонаи хобро кушодам…
Рӯйи рахти хоб шавҳарам хобида буду зане дар канораш, онҳо дар ин намози шом чунон масти хоб буданд, ки ногуфтанӣ, аз омадани ман ҳатто огаҳ нагаштанд. Ман ба ҳаммом даромада, як сатилро пур аз оби хунук кардаму оварда болояшон рехтам. Танҳо ҳамин ҳангом Савсанро шинохтам! Келини ҳамсояи қадрдон, дугонаи ҷонӣ ва апаи қиёматиямро!!!
Ҷуфти «навпар» доду войкунон аз ҷойяшон бархоста, маро дар рӯ ба рӯяшон дида, намедонистанд чӣ кор кунанд. Дигар намедонам чӣ шуду чӣ монд, зеро аз ҳуш рафтам…
Ғари забондароз
Чун ба худ омадам, аз Савсан паю ҳайдар набуду шавҳарам болои сарам сигор дуд мекард. Ман аз ӯ шарҳи воқеа напурсида бошам ҳам, худаш гуфт, ки ӯ аз хурдӣ бо Савсан ошноӣ дошту издивоҷаш бо ман ҳам танҳо барои вохӯрдан бо маъшуқааш будааст.
- Агар дӯсташ медоштӣ, пас чаро бо ӯ оиладор нашудӣ?,- пурсидам бо нафрат.
- Падару модараш “мо духтарамонро ба сағираи бесоҳиб намедиҳем” гуфта, маро аз остонаашон ронданд…
Ман ба шавҳарам гуфтам, ки дигар ба хона наояд, зеро дигар ӯро дидан намехоҳам…
Курси такмили ихтисосро бо дили пурхун хатм кардам, ҳар рӯз деҳа рафта меомадам, шавҳарам низ гӯё чизе нашуда бошад, меомаду мерафт. Ман бо ӯ гап намезадам, модарам инро дида сабаб пурсид. Чун ба ӯ гуфтам, ки Довудро дар ғарӣ қапидам, модарам насиҳатам кард, ки ба хотири ким-кадом фоҳиша хонаамро вайрон накунам. Агар модарам медонист, ки фоҳиша кист…
Ҳоло бо шавҳарам зери як бом мисли ду бегона зиндагӣ дорем, зеро дили модарам бемор асту намехоҳам хонавайронии ман ӯро аз пой афтонад.
Савсан аввалҳо гӯё чизе нашуда бошад, маро дида салом медод, ман ба зӯр худамро дошта, ба саломаш алейк мегирифтам. Як рӯз дар танҳоӣ бо ӯ рӯ ба рӯ шуда, бо нафрат ба чашмони бешармаш нигариста, гуфтам:
- Чаро бо фанду фиреб маро зани ошиқат кардӣ, ту ба шавҳарат хиёнат карда, аз Худо наметарсӣ?!
Савсан абрӯвони калтаи муғулияшро чин кардаю ба шиками дамидааш ишора карда, ба ҷойи шарм доштан гуфт:
- Эй ту мемонӣ ҳамин фарзандамро сиҳату саломат таваллуд кунам?!
Ман аз бешармии ӯ ба хашм омада, фарёд задам:
- Мур ту палид, ҳоло ист, ман ба шавҳарат ҳама гапро мегӯям!
- Гӯйӣ, гуфтан гир, шавҳарам аввал шавҳари туро мекушаду баъд маро, ду касро кушта як каси дигарро як умрӣ зиндон карда, ту «училка»-и бофарҳанг бо дили осуда мегардӣ барои дупула гап?!
Имрӯз бо асаби харобу дили шикаста миёни обу оташ мондаам, на кори кардаамро медонаму на хӯроки хӯрдаамро.
Аз аҳли қалам ва хонандагони сершумор эҳтиромона хоҳиш мекунам:
- Маро аз қайди дарду ғам ва ташвишҳои зиндагӣ раҳо кунед. Маслиҳатам диҳед, ки чӣ кор кунам?
ДУНЁ
Таснифи Нисо ХОЛИД