Дар музофоти Гуйчжоуи кишвари Чин обхезии шадид ба вуқуъ пайваста, натанҳо роҳҳо ва кӯчаву хиёбон, балки хонаҳоро низ об зер кардааст.
Тавре ки расонаҳо навиштаанд, ҳукуматдорони ин кишвар маҷбур шуданд, ки зиёда аз 80 ҳазор одамонро ба ҷойҳои нисбатан амнтар кӯчонанд.
“Бар асари боридани борони шадид оби чанд дарё аз соҳилҳояшон баромада, тамоми шаҳрро об зер кардааст. Шиддати ҷараёни об чунон сахт аст, ки ҳатто мошинҳоро мебарад. Дар аксари марказҳои тиҷоратӣ об аз эскалатор мешорад,”- навиштааст Синхуа.
Дар минтақаи Саньду-Шуйск сатҳи об 6 метр баланд шуда, бо сабаби обхезии шадид як қисми купрукҳо вайрон шуда ба болои роҳи калони мошингузар афтодаанд.
Наҷотдиҳандагон ва ихтиёриён бо воситаи қаиқҳо ҳазорон нафар одамони ваҳшатзадаро аз хонаҳои обзеркарда бароварда, ба ҷойҳои нисбатан бехавф интиқол медиҳанд.
Департаменти ҳолатҳои фавқуллола ба зарардидагони обхезӣ кӯмаки башардӯстона аз ҷумла об ва макарони тезтайёр фиристода истодааст. Дар бораи зарари ҷонии бар асари ин офати табиӣ расида ҳанӯз маълумоти дақиқе дар даст нест...