tobiston
Ғолибҷон Юсупов: Суруде, ки аз дил мебарояд, ба дилҳо роҳ меёбад
146

Ғолибҷон Юсупов ситораи дурахшони санъати эстрадаи тоҷик мебошад. Ӯ бо эҷоди суруду таронаҳои дилнишину рӯҳнавозаш ба дили мардум ҷой гирифтааст. Хоса таронаҳои ӯ дар васфи Ватан ва падару модар миёни мухлисон маъруфанд. Бо ин сарояндаи маҳбуб атрофи фаъолияти эҷодӣ ва нақшаҳои ояндааш ҳамсуҳбат шудем, ки онро манзури шумо мегардонем.

- Ҳаводорони савту наво бештар сурудҳое, ки дар васфи Ватан, падар ва модар сароидаед дӯст медоранду пайваста чунин таронаҳоятонро гӯш мекунанд. Атрофи ин мавзӯъ то имрӯз чанд суруд сароидаед?

- Ҳамасола ғайр аз сурудҳои рақсиву эстрадӣ дар васфи Ватан ва падару модар суруде месароем, ки аз ҷониби мухлисон хуш пазируфта мешавад. Зеро ҳар як фарди худогоҳ бемуҳобо зодгоҳу волидайни худро дӯст медорад. Мардум аз ин гуна таронаҳо ғизои маънавӣ мегиранд. Муҳаббаташон нисбат ба волидайну ватан боз ҳам афзуда, ғурури миллияшон боло меравад. Аз ин рӯ, мо бештар кӯшиш мекунем дар ҳама шоу-консертҳо беҳтарин таронаҳоро пешниҳоди мардум созем, то ин ки мардум ҳам лаззату фароғат баранд ва ҳам ғизои маънавӣ гиранд. То имрӯз атрофи ин мавзӯъ зиёда аз 150 суруд сароидаам.

- То ҳол чанд албом таҳия кардед ва теъдоди сурудҳоятон чӣ қадар аст?

- Тӯли 25 соли фаъолияти эҷодӣ 25 албом таҳия кардаам. Ҳамасола як албом омода мекунам ва дар барномаҳои консертӣ дар Хуҷанду Душанбе ва ва дигар шаҳрҳои Тоҷикистон пешкаши мухлисон мекунам. Ҳоло шумораи сурудҳоям 700-800 -ро убур кардааст.

- Дар соли 2025, яъне давоми панҷ моҳ чанд суруд эҷод кардед?

- Баҳри мухлисони азиз давоми панҷ моҳ 22 тарона эҷод кардам. Аз ҷумла "Мана он ёр", "Сипоҳӣ", "Гула бурдане", "Миҷгондарозӣ", "Нозҷавлон" ва ғайра, ки қариб дар ҳамаашон намоҳангҳои ҷолиб бо ҷалби ҳунармандони муваффақ гирифта шудааст. Ин ҳама дар консерте, ки моҳи апрел дар шаҳри Хуҷанд шуда гузашт пешкаши мухлисон гардид. Ғайр аз ин ҳамаи таронаҳои навро дар саҳифаи ютюб ҷой додаем.

- Бо кадом шоирону оҳангсозон ҳамкорӣ доред?

- Ростӣ қариб 90 фоизи оҳангу таронаҳоямро худам эҷод кардаам. То имрӯз 400- 500 шеър эҷод намуда оҳанг бастаам. Сурудҳои дар байни мухлисон маъруф "Салом модар", "Гиря макун азизакам" ва ғайра низ аз эҷодиёти худам мебошад. Албатта шеърҳои эҷод кардаам аз зери назари шоирон мегузарад. Дар ин баробар шеъри шоирони классик ва муосирро месароям ва бо шоирону оҳангсозони имрӯз ҳамкорӣ дорам.

- Шеърҳоятонро дар маҷмӯа чоп накардед?

- Ҳоло на. Лекин ҳамин, ки фурсат шуд ба шакли китоб пешниҳоди мухлисон менамоем.

- Аз нигоҳи Шумо чихел тарона мондагор мешавад?

- Он чизе, ки аз дил мебарояд ба дил меравад. Албатта, ҳамон таронае умри бисёр дораду мондагор аст, ки аз қалбу вуҷуди сароянда баромада бо оҳанги хуб ҳамнаво шуда бошад, умри дароз мебинанд.

- Сурудҳои кадом сарояндагони тоҷикро гуш мекунед?

- Ростӣ қариб ҳамаи санъаткорони тоҷикро бо муҳаббат гӯш мекунам. Худаш забони тоҷикӣ шевои зебову дилнишин аст ва ҳангоме ба шеър оҳанг баста мешавад он дучанд лаззат мебахшад. Бештар сурудҳои устодони санъат Далер Назаров, Ҷӯрабек Муродов, Ҷӯрабек Набиев, Носир Раҳимов, Аҳмад Зоир, Боймуҳаммад Ниёзов ва дигарон. Ман онҳоро барои худ устод меҳисобам.

- Замони донишҷӯӣ бисёриҳо барои худ идеал доранд. Идеали Шумо дар соҳаи санъат кӣ буд?

- Дар ҷавонӣ мухлиси сарояндаи эронӣ Андӣ будам. Аввалҳо дар соҳаи санъат Андӣ идеалам буд. Вале вақте, ки донишҷӯ шудаму санъати тоҷикро омӯхтам фикрам тағйир ёфт. Баъдан Ҷӯрабек Муродов, Ҷӯрабек Набиев ва Боймуҳаммад Ниёзов бароям идеал шуданд.

- Яке аз сурудҳои шумо, ки дар ин авохир маъруф шуд ва вирди забонҳост суруди "Тоҷикистон ба пеш" мебошад. Он чӣ гуна эҷод шуд?

- "Тоҷикистон ба пеш" воқеан як шиори рӯҳбаландкунанда аст. Ин суханро Пешвои муаззами миллат ҳангоми боз кардани агрегати Роғун гуфта буданд ва он дар як муддати кӯтоҳ байни халқ ҳамчун шиор маъруф гашт. Мо аз ин илҳом гирифта суруди "Тоҷикистон ба пеш"-ро сароидем. Муаллифи матни шеър устод Озарахш мебошанд. Оҳанги шеърро худам эҷод кардаам. Дар ҳама чорабиниву консертҳо мардум хоҳиш мекунанд ин таронаро сароям.

- Ғолибҷон Юсупов барои мухлисон дар соли 2025 чӣ сюрпризҳо доранд?

- Сюрпризҳо албатта давоми сол хеле зиёд аст. Чун он сюрприз аст махфӣ монданаш беҳтар.

- Ният доред дар пойтахт шоу-консерти худро баргузор намоед?

- Мо ҳамасола дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе консерт мегузорем. Ҳоло нақша дорем моҳҳои октябр ё ноябр консерти навбатии худро пешкаши мухлисони пойтахт кунем. Ба наздики иди Ваҳдат аст, мо боз барномаҳои консертӣ дорем. Санъаткор бояд ҳамеша дар такопӯ бошад, пайваста эҷод кунад, беҳтарин таронаҳоро барои мухлисонаш пешниҳод намояд.

- Барои боз ҳам пешрафти санъати тоҷик чӣ пешниҳод доред?

- Меҳнати ҳалоли пайваста, доимо аз пайи эҷоди оҳангу таронаҳои нав будан, беҳтарин шеърҳоро интихоб карда сароидан барои боз ҳам рушди санъати тоҷик мусоидат мекунад. Мутаассифона имрӯзҳо баъзе сарояндагони ҷавон оҳангҳои сарояндагони дигар кишварҳоро истифода мебаранд, ки ин албатта барои коста шудани санъат оварда мерасонад. Бояд сарояндагони мо оҳангҳое эҷод кунанд, ки ҳам мондагору ҳам маъруф шавад. Дигарон оҳангу мусиқии тоҷикии моро бозхонӣ кунанд. Барои эҷоди таронаҳои беҳтарин тамоми шароит ҳаст. Мо беҳтарин шоирону оҳангсозонро дорем, фақат меҳнат карданамон лозим.

- Берун аз Тоҷикистон, дар кадом кишварҳо ҳунарнамоӣ кардаед?

- Сафарҳои хориҷии зиёд дорам. Дар бисёр кишварҳо будам. Лекин бисёртар дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон консерт гузоштаам. Албатта, ин ҳама бо хоҳишу дархости мухлисон буд.

- Ғолибҷон барои мухлисон чӣ таманниёт доранд?

- Бисёр мухлисони азизро дуст дораму эҳтиром мекунам. Пайваста кушиш мекунам бо эҷоди таронаҳои дилангез ба онҳо фароғат бахшам. Ҳофизон фақат нияти нек доранд, онҳо мегӯянд хонаи мардум туй шавад. Ман ҳам таманно дорам, ки хонаи мардуми тоҷик фақат тӯю хурсандӣ шавад. Сулҳу салоҳи кишвари азизамон ҳамеша пойдор монад.

- Ташаккур барои чунин суҳбати самимӣ!

- Саломат бошед!      

Мусоҳиб: Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД