Омӯзгори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Фотима Сайдализода дар Озмуни байналмилалии таҳқиқотии «Беҳтарин омӯзгор» сазовори дипломи дараҷаи I гардид.
Тавре аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ иттилоъ доданд, озмуни байналмилалӣ дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон аз ҷониби Маркази байналмилалии таҳқиқотии «Endless Light in Science» баргузор шуд. Дар он омӯзгорону муҳаққиқон аз давлатҳои мухталиф тариқи фосилавӣ иштирок ва мақолаҳои илмии худро пешниҳод намуданд.
Фотима Сайдализода дар ин озмун бо мақолаи таҳқиқотии худ таҳти унвони «Истифодаи мафҳуми «Меҳнат» дар асоси масалу мақолҳои забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ» иштирок намуд.
Муаллиф мақолҳои мардумӣ, мафҳуми меҳнатро дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ мавриди муқоиса ва таҳлил қарор дода, аҳамияти онро дар омӯзиши фарҳанг ва ҷаҳонбинии мардум собит намудааст.