Қотили паси панҷара (ҚИСМИ 1)
341

Толори суд. Паси панҷара марди тахминан 28-30-сола бо сари хам нишаста буд. Аҳли толор миш-мишкунон ба сӯи ӯ нигоҳ карда, яқинан рафтори ӯро маҳкум мекарданд. Айбдор низ дуздида-дуздида ба аҳли толор назар мекард ва он шаби даҳшатборро ба ёд меовард.

Посе аз шаб гузашта буд. Мошини тамғаи «Москвич-412» аз деҳаи Баҳор ба сӯи деҳаи Гулбулоқ ҳаракат мекард. Ба деҳа нарасида, ронанда мошинро дар канори роҳ боздошт. Ронанда, ки Қудрат ном дошт, аз мошин берун шуд. Аз ҳавои тозаи баҳор чуқур нафас кашида, ба гирду атроф назар кард. Соат тахминан 12-и шаб буд. Ӯ бағочи мошинро кушода, аз он зарферо берун кашид. Дастонаш меларзиданд, ҳаяҷон дошт. Ин тарафу он тарафи мошинро нигоҳ карда, вориди он шуд. Мошин аз нав ба ҳаракат даромад.

Дар мошин падари Қудрат, модарандараш бо ду духтарчааш, келини хонадон - ҳамсари бародараш бо духтарчааш бӯи ғализи бензинро ҳис карда, аз Қудрат пурсон шуданд, ки чаро бӯи бензин баромад.

Саволи онҳо беҷавоб монд.

Баъди лаҳзае мошин бо шаст аз роҳ баромада, ба канали обгузари болои деҳаи Қӯшбулоқ афтида, оташ гирифт. Алангаи оташ ҳама гирду атрофро дар як лаҳза равшан намуд. Овози доду вой ва гиряву фиғон шаби орому хомӯшро халалдор кард…

Ҳайати мушовараи суд оид ба корҳои ҷиноятӣ ба хулосае омад, ки парвандаи навбатӣ бояд дар ҷои ҳодиса баррасӣ шавад. Ҳамин тавр ҳайати мушовара парвандаи Қудратро дар маҷлиси кушоди сайёри судӣ дар ноҳияе, ки ин ҷиноят содир шуда буд, баррасӣ намуд.

Ғайричашмдошт толор пур аз одам шуд. Аксари хешу табор, ҳамсояҳо ва ҳамдеҳагон дар он ҷамъ омада буданд.

Қудрат дар курсии айбдорӣ сархам нишаста буд. Ҳама ба ӯ бо нафрат нигоҳ мекарданд.

Чунин ваҳшониятро аҳли толор тасаввур ҳам намекарданд. Наход фарзанд ба ҷони падар, модарандар, келин ва се ноболиғ сӯиқасд кунад? Наход дар вуҷуди ин ҷавонмард (агар ӯро чунин ном бурдан мумкин бошад) ягон зарра ҳисси фарзандӣ, инсофу раҳму шафқат намонда бошад? Наход ҷони шаш нафарро барои як ҳавлӣ ба савдо гузоранд?

Наход баъди куштани шаш нафар ӯ дар он ҳавлӣ, ки қадамгоҳи волидон буд, ором зиндагӣ карда тавонад? Магар ӯ намедонист, ки ҷонро фақат Офаридгор ато мекунад ва танҳо худи ӯ метавонад ҷони додаашро бозгирад? Ин саволҳо ҳар як иштирокчии мурофиаро ором намегузоштанд.

Мурофиа оғоз гардид. Қудрат дар толор падари бадбахти хешро дид. Ӯ, яъне фарзанди бо азоб парваридааш қасди куштанаш дошт. Қудрат ҳайрон шуд. «Охир, ӯро кушта ба об партофта будам-ку?» - пурсид аз худ ва ҳанӯз ҷавоб наёфта, чашмаш ба янгааш Гулноз афтод: «Худоё, ӯро ҳам кушта будам-ку»...

(Давом дорад)

Гулчеҳра МУҲАММАДИЕВА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД