Озода Аҳатова сарояндаи маҳбубу шинохта ва ҳунарпешаи муваффақи театру синамост. Ӯ солҳост, ки дар ду ҷода фаъолият мебараду барои рушду нумӯи санъати тоҷик заҳмат мекашад. Ин сарояндаи маъруф бо забонҳои ӯзбекиву русӣ низ тарона месарояд ва дар хориҷи кишвар низ маҳбубияти хос дорад. Озода Аҳатова атрофи фаъолияти эҷодию ҳунарӣ, вазъи театру синамо, зиндагии хусусӣ ва дастовардҳои фарзандаш гуфтугӯ кард.
- Қабл аз он ки бо Шумо ҳамсуҳбат шавем хостем аз ҳаёту фаъолиятатон огоҳӣ ёбем, вале ҷустуҷӯямон натиҷа надод. Биёед, сараввал каме дар бораи худатон маълумот диҳед. Кадом сол дар куҷо ба дунё омадед. Падару модаратон ҳам аҳли ҳунаранд?
- Ман 1-уми июли соли 1991 дар шаҳраки Суғдиёни шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд таваллуд шудам. Волидайнам аҳли ҳунар нестанд, вале ба фарҳангу санъат эҳтироми бузург доранд. Ин буд, ки ман ба санъат рӯй овардам ва солҳост, ки дар ин ҷода фаъолият мебарам. Аз хурдӣ ба сурудхонӣ завқи зиёд доштам ва орзу мекардам, ки сароянда шавам. Барои ҳамин пайваста дар чорабиниҳои мактабу маҳфилҳо тарона мехондам.
- Бо хоҳиши волидонатон ба санъат рӯй овардед?
- Не. Модарам бисёр мехостанд, ки табиб шавам. Доимо мегуфтанд, ки ту зеби духтурӣ дорӣ. Ҳатто вақте, ки ман дар шаҳри Тошканд будам ҳуҷҷатҳоямро ба коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент супорида буданд. Вале чун баргаштам фаҳмонидам, ки аз ман табиб намебарояд ва мехоҳам сароянда шавам. Модарам хоҳиши маро хуш қабул карданд ва тарафдори сароянда шуданам буданд. Падарам дар аввал нахостанд, ки ин пешаро интихоб кунам, аммо ишқу муҳаббати маро нисбат ба санъату ҳунар дида розӣ шуданд. Ҳамин тавр ҳуҷҷатҳоямро ба Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд бо дуои неки волидонам супоридам ва чор сол дар он ҷо таҳсил кардам.
- Аввалин сурудатонро замони донишҷӯӣ хондед?
- Бале мо аз овони донишҷӯӣ суруд мехондем бо ҳамкурсон дуэт месароидем. Вале аз ҳама бештар бо устоди азизам Олимҷон Воҳидов дуэт сароидаам. Он касро эҳтироми зиёд дорам ва то ҳол ҳамкорӣ дорем. Вақти донишҷӯйи бисёриҳо дар алоҳидагӣ низ суруду таронаҳои нав бароварданд. Ҳамон вақт ман ҳам аввалин таронаамро, ки "Ёрам" ном дошт сароида будам. Баъдан бо забони русӣ "Душа больна" ном таронаро сурудам, ки байни ҳаводорони савту наво дар муддати кӯтоҳ маҳбубияту маъруфият пайдо кард. Аксарият фикр мекунанд, ки аввалин сурудам "Душа больна" мебошад.
- Дар сурудҳои ӯзбекии Шумо ягон аксент вуҷуд надорад. Оё бо ин забон пеш аз сароянда шуданатон ошноӣ доштед?
- Падарам аз шаҳри Панҷакент ва модарам аз шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошанд. Аз ин рӯ, бо ин забон аз хурдӣ ошноям. Вақте суруди "Отаҷоним", яъне «Падарҷонам”-ро сароидам мухлисони ӯзбекзабону ӯзбекистонӣ хуш истиқбол карданд. Ҳамон вақт ман дар шаҳри Хуҷанд кору зиндагӣ доштам. Аз назди падару модар дур будам ва ҳар лаҳза ин дурӣ эҳсос мешуд. Ин буд, ки таронаи самимии "Отаҷоним" сароида шуд.
- Дар Ӯзбекистон, ки ин қадар Шуморо дӯст медоранду эҳтиром доранд чанд маротиба консерт гузоштед ва бо ин забон чанд тарона доред?
- Бо забони ӯзбекӣ сурудҳои зиёд дорам, аммо маъруфтарину аввалинаш "Отаҷоним" мебошад. То ҳол дар Ӯзбекистон консерт нагузоштаам. Ният дорам, ки як вақти муайян шоу-консерти худро баргузор намоям. Бародарам бастакор мебошанд ва ҳоло дар Ӯзбекистон фаъолият доранд. Бо оҳангсозону бастакорони ҳамсоякишвар ҳамкорӣ дорам. Ба наздикӣ ба як оҳанги оҳангсози маъруф Руслан Шарипов таронае бо номи "Ба ҷонам" сароидам. Суруд тоҷикӣ буда, бозгӯяндаи урфу одат, ҳамдиливу ҳамбастагӣ ва иттиҳоду ваҳдати Тоҷикистонро нишон медиҳад.
- Барои намоҳангҳоятон чӣ қадар маблағ сарф мекунед. Шумо ҳам барои гирифтани намоҳанг дигар кишварҳоро интихоб кардаед?
- Барои клип ҳар хел маблағ сарф мешавад. Ростӣ ягон маротиба ҳисоб накардаам. Дар хориҷа барои гирифтани намоҳанг шароит ҳам ҳаст имконият ҳам. Вале ман ватанамро бисёр дӯст медорам. Мехоҳам ҳар чизе, ки шавад дар ватанам шавад. Дар ҳар намоҳангам кӯшиш мекунам урфу одат, фарҳангу тамаддуни бою ғании ватанамро нишон диҳам. Аз ин рӯ, барои намоҳанг доимо мавзеъҳои диёри худамонро интихоб мекунам. Бештари клиптаронаҳоро худам менависам. Пӯшидани либос, тарзи дӯхт ва ҳатто аксаран рӯю муямро низ худам ороиш медиҳам. Ба пардози зиёд ва либосҳои ҷилодор он қадар шавқ надорам.
- Чӣ тавр ба театру синамо рӯй овардед ва аввалин образи офаридаатон кадом буд?
- Соли 2008 ба театри Камоли Хуҷандӣ маро даъват карданд. Пешниҳод намуданд, ки дар намоишномаи "Ҷавонии Мушфиқӣ" образи духтари 16 солаи Мушфиқӣ - Қумриро офарам. Ҳамон вақт ман ҳам 16 сол доштам ва пешниҳоди онҳоро қабул кардам. Намоишнома ниҳоят дар сатҳи олӣ гузашт ва ҳамон вақт маро бо нишони "Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон" сарфароз гардониданд. Ҳамин тавр ба театр дил бастам. Дар бисёр намоишномаҳо аз ҷумла "Ҷавонии Мушфиқӣ", "Алла", "Хазони таги по", "Қалби зан", "Бухорои шариф" ва даҳҳои дигар нақш офаридаам. То соли 2022 дар ин театр фаъолият кардам. Бо сабабҳои гуногун бо бахилиӣ баъзе афрод аз театр рафтам. Аз ин хушҳол ҳам ҳастам, зеро имрӯзҳо дар ҳар ду ҷода театру синамо ва сарояндагӣ мустақил ҳастам.
- Ҳоло дар куҷо фаъолият доред?
- Алҳол дар Кохи Рӯдакӣ, дар ансамбли созии овозии “Садои Суғд” ҳамчун сароянда, вакалисти дараҷаи 1 фаъолият бурда истодаам.
- Дар кадом филмҳо нақш офаридед?
- Дар филми "Паймон", "Экран", "Ҷанг бадбахтист" "Паканаи айнакдор" ва ғайра. Дар филми "Хонадомод" низ нақш офаридаам ба наздики он рӯйи экран мебарояд. Ғайр аз ин дар филмҳои кӯтоҳ ва рекламаҳо иштирок кардаам.
- Дар ягон филмҳои хориҷа ҳам нақш офаридаед?
-Не. Лекин борҳо коргардонҳои хориҷа барои нақшофарӣ дар филмҳо таклиф карданд. Ман оиладор, ки ҳастаму кӯдаки хурдсол дорам, пешниҳодашонро қабул накардам.
- Бо кӯдаки хурдсол душвор нест?
- Душвор аст. Баъзан бегоҳиҳо ба тӯю маърака меравем барои нигоҳубини фарзандонам маҷбур мешавам парасторро ҷеғ занам. Ё дар ҳолатҳои бемор будан эҳсоси танҳоӣ мекашам. Дар ҳамин лаҳзаҳо бисёр модарамро ёд мекунам. Мехоҳам модарам доимо дар барам бошад. Ҳоло модарам дар шаҳри Панҷакент истиқомат дораду ман дар шаҳри Хуҷанд. Лекин корҳои хонаро бо муҳаббат мекунам. Хушҳол ва шукргузор аз онам, ки чунин оилаи зебо, шавҳари меҳрубон ва ду гулписар дорам. Имрӯзҳо писарчаи калониям Дамирҷони 7 сола дар дастаи футболбозони “Суғд 87” бозӣ мекунад. Ӯ борҳо "бозингари беҳтарин" эътироф шудааст. Хушбахтам, ки модари чунин кӯдаки доною муваффақам.
- Шавҳаратон ҳам аҳли фарҳанганд?
- Бале шавҳарам аҳли фарҳанганд. Барои сарояндагӣ ва нақшофариям дар театру синамо зид нестанд. Аммо сахт рашк мекунанд. Ман ҳам кӯшиш мекунам образҳоеро офарам, ки боиси рашки шавҳарам нашавад. Албатта дар зиндагӣ оила аз ҳама чиз боло меистад. Зеро оила муқаддас аст.
- Барои дар соҳаи театру синамо муваффақ шудан чӣ лозим аст?
- Бояд ҳунарманд самимона нақш офарад. Ба тамошобин образи қаҳрамонашро нишон дода тавонад. Хислатҳои мусбату манфии қаҳрамонашро бо ҳар як амалаш нишон диҳад. Ба пешрафти дигарон бахилӣ накунад. Ҳасад наварзад. Сабр карда доиман аз пайи эҷоди асил бошад. Ғаюр бошад, на ғайир. Таҷриба ва маҳорату малакаи устодонро омӯзад. Ба навкорон роҳ нишон диҳад то онҳо низ дар оянда барои пешрафти театру синамои тоҷик саҳм гузоранд. Мо санъаткорон муваззафем, ки бо офаридани беҳтарин филм, силсилафилм ва намоишномаҳо санъати тоҷикро ба қуллаҳои баланд расонем. Ба он бори дигар шӯҳрати ҷаҳонӣ бахшем.
- Аз нигоҳи Шумо санъаткор бояд чӣ гуна бошад?
- Пеш аз ҳама заминиву фурӯтан ва хоксору меҳрубон бошад. Ҳеҷ гоҳ кибр накунад. Шӯҳратталаб набошад. Барои рушди санъати миллӣ саҳм гузорад. Сарояндаро чеҳраи халқ мегӯянд, ба он муносиб бошад.
- Ташаккур барои суҳбат! Ба Шумо ба корҳои эҷодӣ барору комёбӣ таманно дорем.
- Саломат бошед! Аз ин фурсати муносиб истифода бурда ба кулли мухлисони азиз саломи гарму самимиӣ худро мерасонам.
Мусоҳиб: Абдуғаффор ШОДИЕВ