Дар Суди Олии Тоҷикистон баррасии парвандаи Парвиз Одинаев, марде, ки дар куштори бераҳмонаи писараш Хусрав Одинаеви 15-сола гумонбар дониста мешавад, идома дорад.
Аллакай 6 ҷаласаи судӣ баргузор гашта, Парвиз Одинаев изҳор доштааст, ки писарашро дӯст медошт ва бо мақсади аз ҳаёт маҳрум намудан не, балки бо мақсади “тарбият кардан” фарзандашро ҷазо додааст.
Парвиз Одинаев ба гуноҳаш қисман иқрор шуда, изҳори пушаймонӣ намуда, гуфтааст, ки рӯзи сар задани ин фоҷиа асабонӣ ва хаста буд. Писараш вақтҳои охир бадрафтор шуда, аз дарсҳо фирор мекард, тамоку мекашид, арақ мехӯрд, бисёр нописанд гашта буд ва ҳамчун падар хостааст фарзандашро танбеҳ диҳад, то аз роҳи хато баргардад.
Ба гуфтаи Одинаев, ҳамон рӯзи наҳс, ӯ писараш Парвизро аз Душанбе ёфта, ба хонаашон овардааст ва ҳамчун муҷозот бо сим ба мошин баста, ҳудуди 50 метр кашола кардааст. Баъдан писараш узр пурсида, вай ӯро раҳо кардааст.
Парвиз Одинаев иддао намудааст, ки то кадом андоза вазнин будани ҷароҳатҳои бардоштаи писарашро нафаҳмида буд ва аз ҳамин сабаб ӯро ба беморхона набурдааст, вале пас аз чанд соат аҳволи Хусрав якбора бад шуда, ҷон додааст.
Одинаев иқрор шудааст, ки "бо мақсади тарбиявӣ" чӣ тавр ҷазо додани писарашро наворбардорӣ кардааст, вале маҳз ҳамин навор, ки дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гашт, ҷомеаро ба по хезонд.
Бародари Парвиз Одинаев - Файзиддин Одинаев дар суҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, аллакай 18 нафар шоҳидони ҳодиса, ки аз ҷумлаи хешовандон, омӯзгорон ва ҳамсояҳо мебошанд, бозпурсӣ шуда, аксарияташон дар бораи айбдоршаванда шаҳодати мусбат додаанд.
Аммо ҳукми суд нисбати Парвиз Одинаев кай содир мегардад, ҳанӯз маълум нест.