tobiston
Пиртарин зану шавҳар дар ҷаҳон
27.06.2025
Oila.tj
120

Дар пойтахти Эквадор - Кито, ҷуфти шавҳару зани 110-сола Хулио Мора ва 104-сола Валдрамина Кинтерос дар Китоби рекордҳои Гиннес ҳамчун пиртарин ҷуфти оиладор шомил шудаанд.

Онҳо соли 1941 пинҳонӣ издивоҷ карда буданд, чун волидайни ҳарду зидди никоҳ буданд. Онҳо 79 сол боз бо ҳам зиндагӣ мекунанд ва соҳиби 4 фарзанд, 11 набера, 21 абера ва 1 чабера мебошанд.

Ба гуфти духтарашон Сесилия, онҳо ҳанӯз ҳам фаъоланд ва саломатиашон хуб аст. Падар телевизор диданро дӯст медорад ва модар ба шириниҳо майл дошта, ҳар субҳ рӯзнома мехонад.

То ин замон, пиртарин ҷуфти расман сабтшуда дар Остин, ИМА (Шарлотта ва Ҷон Ҳендерсон) буданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД