Салом! Ман як модари 70-солаи тоҷик ҳастам, ки дар пирӣ ба гирдобу ғаму ғусса гирифтор гаштааст ва мехоҳам саргузашти талхи писарамро нақл кунам, то ба дигарон дарси ибрат гардад.
Саида ном дорам ва модари ду фарзанд ҳастам. Ҳамагӣ 22 сол доштам, ки шавҳарамро мошин зад ва ҷон ба ҷонофарин супурда, шаҳид шуд. Он замон ҷавонзани зебои хушқаду қомат будам ва талабгорони зиёде доштам, аммо ба хотири он ки ду фарзанди хурдсолам пеши пойи паиндар хору зор нашаванд, дубора оиладор нашуда, бо азобҳои зиёд онҳоро ба воя расонидам.
Дар вақташ падару модарам мисли аксари мардуми тоҷик аз рӯйи мақоли халқии “Духтара чию хонданаш чи” амал карда, баъди хатми мактаби миёна маро дарҳол ба шавҳар дода буданд. Аз ҳамин сабаб бесавод монда, баъди сари шавҳарам ранҷу азобҳои бисёре кашидам. Азбаски ягон касбу ҳунар надоштам, маҷбур будам, ки ризқу рӯзии кӯдаконамро бо кӯчарӯбию фаррошӣ ёбам. Ба хотири он ки барои фарзандонам як бурда нон ёфта биёрам, дар се идора кор мекардам ва аз корҳои вазнинтарин ҳам рӯ намегардондам.
Хулоса, бо ранҷу азобҳои бешумор бачаҳоямро хӯрондам, пӯшондам, калон кардам, вале зӯрам ба хона харидан нарасид. Духтарамро бо кӯмаки хешу табор дар ҳамсоядеҳа ба шавҳар додам, писарам бошад, баъди хатми синфи 9-ум ба бачаҷон, ту ҳоло кӯдакӣ, нарав, охир дар мулки мардум азоб мекашӣ, гуфтанҳои ман нигоҳ накарда, роҳи Русияро пеш гирифт.
Писарам ҷисман лоғарандом ва хурдҷусса бошад ҳам, бисёр бачаи бо нангу номус буд ва “очаҷон, то кай мо дар хонаи тағоҳоям зиндагӣ карда, ҷойи онҳоро танг мекунем, охир бачаҳои худашон аллакай калон шудаанд, бояд онҳоро хонадор кунанд. Мо бояд илоҷе карда, соҳиби хонаву дари худамон шавем,” гӯён, бо қарзу қавола чиптаи ҳавопаймо харида, роҳи Русияро пеш гирифт.Аз хешу табори наздикамон касе дар Русия набуд, ки дасти писарамро бигирад ё ӯро роҳнамоӣ кунад, бечора бачам дар мулки мардум чи кашид, худаш медонаду худованд. Аммо ба хурдсолӣ ва бекасиаш нигоҳ накарда, ҷойи кор ёфт. Аввалҳо кам-кам пул равон мекард, бо мурури замон кори сердаромадтар ёфта, маблағи бештар мефиристодагӣ шуд. Дилам намешуд, ки пули бо меҳнати зор ёфтаи писарамро ба чизҳои беҳуда сарф карда, заҳмати ӯро барбод диҳам. Худам кор карда, ризқу рӯзиамро меёфтам ва маблағи фиристодаи писарамро бо умед ҷамъ мекардам. Пас аз 3 сол писарам ба Ватан баргашт ва хостам сарашро ҷуфт кунам, аммо розӣ нашуда гуфт, ки очаҷон, ман қасам хӯрдаам, ки то соҳиби хонаву дар нашавам, зан намегирам.
Ҳамин тавр писарам ҳамагӣ як моҳ истода боз ба Русия рафт ва дар он ҷо ду-се соли дигар кор карда, замин гирифту хона сохт, баъд ӯро бо духтари як хеши дурамон хонадор кардем.
Ростӣ дилам ҳеҷ намехост, ки писарам боз роҳи мулки ғурбатро пеш гирифта аз наздам дур шавад. Гуфтам, ки бачаҷон, хонаву дар мехостӣ, соҳиби хона шудӣ, шукри худо зан ҳам гирифтӣ, дигар Россия нарав, дар ҳамин ҷо ягон кори хуб ёфта, зиндагиатро пеш мебарӣ, вале дар ҷавоб “модарҷон, ман худам дар зиндагӣ ранҷу азоби бисёр кашидам ва намехоҳам, ки фардо фарзандонам низ азобҳои маро бубинанд. Ҳоло, ки қуввату дармон дорам, кор мекунам, то фардо фарзандонам серу пур ва бароҳат зиндагӣ кунанд,”-гуфта боз азми мулки рус намуд.
Бо ҳамин минвол писарам 10-15 соли умрашро дар ғарибӣ бо меҳнати сангин гузаронида, шароити зиндагиашро хеле хуб кард ва ба қавле ба қатори одамон даромад. Зану фарзандонаш гули чизро хӯрда, гули чизро мепӯшиданд, аммо келини чизпарастам ҳеҷ сер намешуд. Ин зани беандеша соҳиби ду писару ду духтар гашта бошад ҳам, пулҳои бо арақи ҷабин ёфтаи шавҳарашро ба чор тараф пош дода, тамоми аҳлу авлодашро хӯронда мегашт. Як гап занам, қиёматро қоим карда мегуфт, ки пул пули шавҳари ман аст, кори ту чи, ки ба кӣ медиҳам ва дар куҷо сарф мекунам. Ман ӯро аз духтарам кам намедонистам, вале келинам мудом ба ҳаққу ҳамсояҳо мегуфтааст, ин бева як писар дорад ва маро ба писараш рашк карда, намегузорад орому осуда зиндагӣ кунем...
Беҳуда дар урфият “кӯза як умр ба лаби об солим рафта, бешикаст барнамегардад” намегуфтаанд, ба сари писари меҳнатии ман низ балои ногаҳонӣ омада, як рӯзи наҳс аз ошёнаи сеюми биное, ки месохтанд, афтидааст. Муддати ду ҳафта писаракам беҳушу беёд хоб буд ва дар ҳолати кома қарор дошт. Сӯзишу дарду ранҷеро, ки он шабу рӯзҳо мани модари зор кашидам, бо сухан тасвир кардан ҳеҷ имкон надорад. Дилу ҷигарам мисли як пора гӯшти болои оташи сӯзон гузошташуда ҷиз-ҷиз месӯхт ва ба ҷойи акш аз дидагонам гӯё хун меборид. Ҳолати маро ҷуз худованд дигар ҳеҷ кас намедонист. Ростӣ ҳеҷ умсед надоштам, ки зинда мемонад ва бо даҳшат гӯш ба қимор будам, ки ҳамин замон ё замони дигар ягон хабари нохуш мерасад, аммо Худованд раҳми ҷони ҷавонашро хӯрда, писаракам зинда монду пас аз ду моҳ рафиқонаш ӯро маъюб ба хона оварданд. Бар асари зарбаи сахт дидани сараш ҳушаш парешон гашта, дамдузду хаёлӣ гашта буд, як дасташ осеб дида, пойҳояш низ кор намекарданд. Ман то метавонистам писарамро дилбардорӣ мекардам, вале занаш сари ҳар қадам ошкору ниҳон “эй чунин марди маъюбу маслуқ ба кӣ лозим, акнун як умр дарди сари ману бачаҳоям мешавад,” гуфта ба захмҳои сӯзони дилаш ханҷар мезад. Суханони нешдори занаш ба дили писарам мисли ханҷар халида, об аз чашмонаш ҷорӣ мешуд, аммо дар ҷавоб чизе намегуфт.
Ҳамин тавр келини бераҳмам ҳамагӣ ду-се моҳ шавҳари беморашро нигоҳубин карду баъд “эй, ман ҳоло ҷавонам, умрамро бо писари маъюби шумо гузаронидан намехоҳам,”-гӯён, аз хона баромада рафт. Писарамро тасалло медодам, ки зиқ нашавад, худам то нафаси охирин ӯро парасторӣ мекунам”, вале моҷаро бо ҳамин ба охир нарасида, келини шаттоҳам моро ба суд дод ва хона талаб карда, писарамро маҷбур намуд, ки талоқи ӯро диҳад.
Хулласи калом, соҳиби чаҳор фарзанд буданашро ба назар гирифта, келинамро дар хонаи мо маскун намуданд. Одатан хушдоманҳо ба келини маскуншуда рӯзу рӯшноӣ нишон намедиҳанд, вале келини ҷаллоди ман дар хонаи мо маскун гашта, рӯзи ману писарамро чун шаби тор сиёҳ кард. Рӯзе набуд, ки ин зани шаттоҳ бо ягон баҳона доду фиғон бардошта, ҳавлиро ба сараш набардорад ва ба ҳаққу ҳамсояҳо кинои бе пул намоиш надиҳад. Маҷбур шудем, ки нисфи ҳавлиро ба келину набераҳоям дода, нимаи дигарашро фурӯшем ва ба ҷойи дигар кӯч бандем.
Акнун бо писари маъюбам танҳо зиндагӣ мекунем. Духтарам ҳар рӯз моро хабаргирӣ меояд ва ягон дами гарму хӯрданӣ меорад. Шукри худо гуруснаю ташна ва мӯҳтоҷу мунтазир нестем, вале ҳис мекунам, ки ӯро дар чунин рӯзҳои душвор партофтани занаш писарамро хеле дилшикаста гардонидаст.
Сарнавишти писарамро ба он хотир нақл кардам, ки ба дигарон дарси ибрат гардад ва ҷони худро дар хатар нагузоранд. Ман ба 70 даромада ба хулосае омадам, ки дар ин дунё ба ҷуз модар касе бо тамоми ҳастӣ инсонро дӯст дошта наметавонистааст ва ҳатто зану фарзанд, ки як умр барои онҳо ҷон мекоҳонӣ, дар лаҳзаҳои душвор метавонанд аз кас рӯ гардонад. Худатонро эҳтиёт кунед, муҳоҷирон, зеро ба модаронатон шумо даркоред, на пулу молатон!