1xbet
Писари Ҷонибек Муродов чемпиони Амрико шуд
669

Нурулло Муродов набераи шоҳсутуни санъати тоҷик, устод Ҷӯрабек Муродов дар Амрико дар намуди варзиши грэпплинг чемпион шуд.

Дар ин бора Ҷонибек Муродов - падари Нурулло Муродов бо нашри як акс дар шабакаи иҷтимоии “Инстаграм” хабар дод.

Ҷонибек Муродов зимни суҳбат бо сомонаи Oila.tj қайд намуд, ки Нурулло дар 2 муҳориба ғолиб омада, дар муҳорибаи сеюм рақибаш даст кашидааст. Ҳамин гуна, Нурулло чемпиони Амрико шуд.

Инчунин Ҷонибек Муродов зикр кард, ки писараш Нурулло 14-уми март дар намуди варзиши ММА дар чемпионати ҷаҳон баромад мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Нурулло Муродов 17 сол дошта, дар як моҳи охир дар Амрико соҳиби 2 медали тилло гаштааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД