Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 25-июн бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, рафти корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншоотҳои муҳим, суҳбату мулоқот бо сокинони шаҳру ноҳияҳо ва иштирок дар тантанаҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар намуданд.
Боздиди кории Сарвари давлат аз ноҳияи Ванҷ оғоз ёфт.
“Меҳмони олиқадрро дар деҳаи Пайшанбеободи ноҳия сокинон ва аҳли фарҳангу ҳунар гарму самимӣ истиқбол намуданд”, – иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.