tobiston
Ситораи ҷаҳонии футзал Фалкао ба Хуҷанд даъват шуд
30.05.2025
Oila.tj
220

Дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол фестивали бошукӯҳи футбол баргузор гардид.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, чорабинӣ, ки бо ташаббуси бошгоҳи футзали «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, 5 ҳазор тамошобинро гирд оварда, ба иди ҳақиқии кӯдакону наврасон табдил ёфт ва меҳмони фестивал ситораи футзали ҷаҳонӣ Фалкаои бразилӣ буд.

Дар доираи ҷашнвораи футбол дастаи «Сипар» бо медалҳои биринҷии Суперлигаи футзали Тоҷикистон 2024/25 мукофотонида шуд.

Ҷашнвора бо бозии дӯстона миёни собиқадорони дастаи футзали «Сипар» ва иштирокчиёни мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми «Тавҳидбонк» анҷом ёфт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД