Шуруъ аз 10-уми июли соли 2025 гирифтани патент, иҷозаи иқомати муваққатӣ ё истиқомати доимӣ дар Русия барои муҳоҷирон боз ҳам душвортар хоҳад гашт.
Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия аз оғози моҳи июл қоидаҳои наверо ҷорӣ менамояд, ки супурдани имтиҳони забони русиро барои муҳоҷирон хеле душвор мегардонанд. Навигариҳои асосие, ки ба системаи супурдани имтиҳон ворид карда шудаанд, инҳоянд:
1. Теъдоди супоришҳои гӯшӣ дучанд гардонида шудаанд ва акнун ба ҷойи дуто чорто мешаванд.
2. Балҳои ҳадди ақали ҳатмӣ барои бахшҳои гӯшкунӣ ва гуфтугӯ ҷорӣ карда шудаанд. Ин дар ҳолест, ки қаблан онҳо дар маҷмуъ ба инобат гирифта мешуданд.
3. Бонки вазифаҳо нав карда шуда, акнун саволҳо аз пештара ду маротиба зиёдтар мебошанд.
4. Имтиҳон акнун тариқи платформаҳои рақамӣ гирифта мешавад ва ин аз муҳоҷирон дониши компютериро талаб менамояд.
“Рособрнадзор” мегӯяд, ин тадбирҳо ба хотири баланд бардоштани натиҷаи имтиҳоноти тесӣ андешида шудаанд, то шаҳрвандони хориҷие, ки мехоҳанд дар қаламрави Русия кор ва зиндагӣ кунанд, бештар ба омӯхтани забони русӣ ҳавасманд гарданд.
Имтиҳонҳо аз ҷониби 92 муассисаи расман аккредитатсияшуда дар саросари Русия гузаронида мешаванд.