tobiston
Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист
25.06.2025
Рабонӣ
43

 

Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешвози ҷашни пурифтихори “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” чорабинии идона баргузор гашт.

Дар ҷамъомади тантанавӣ кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист оид ба аҳамияти Ваҳдати миллӣ, нақши он дар пешрафти ҷомеаи Тоҷикистон сухан намуданд.

Таъкид карда шуд, ки “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” яке аз санаҳои бузургу муқаддаси таърихии ватанамон буда, дастовари пурарзиштарини даврони Истиқлол мебошад. Ин неъмати бебаҳои таърихӣ бо азму талошҳои сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада, муддати 28 сол мешавад, ки моро дар фазои амну осоиштагӣ ба сӯи фардои дурахшон раҳнамоӣ мекунад.

Маҳз бо шарофати ваҳдату ягонагӣ миллатии тоҷик пас аз ҷанги ҷигарсӯзи дохилӣ ватани худро дубора аз нав ободу зебо намуданд ва имрӯз аҳли ҷомеъаи ҷаҳон Тоҷикистон ва миллати тоҷикро ҳамчун як давлати пешрафта ва миллате, ки дили бузург дорад, мешиносанд....

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД