1xbet
Таъсири гармӣ ба саломатии инсон
29.06.2025
Oila.tj
57

Кадом бемориҳо дар мавсими гармо хуруҷ мекунанд ва чӣ тавр аз он пешгирӣ кардан мумкин аст?

Фасли тобистон гармии офтоб беш аз пеш зиёд мегардад ва ҳарорати термометрҳо ба дараҷаи ғайримукаррарӣ мерасанд. Одамоне, ки дар наздикии дарёҳо, кӯлҳо ва баҳрҳо зиндагӣ мекунанд, метавонанд аз ҳарорати баланд дар наздикии обанборҳо ва дар сояи дарахтон паноҳ баранд, аммо аҳолии шаҳрҳои калон аслан аз нурҳои офтоб то нимаи тирамоҳ дар зери таъсири гармӣ мебошанд. Гармии ғайримуқаррарӣ инсонро на танҳо аз ҷиҳати ахлоқӣ хаста мекунад, балки ба саломатии ҷисмонӣ низ зарар мерасонад ва метавонад боиси пайдоиши бемориҳои нав ё шадид шудани бемориҳои мавҷуда гардад.

Таъсири гармӣ ба саломатӣ

Вақте ҳарорати ҳаво аз +300С зиёд мешавад, ин алакай ба саломатӣ хатар дорад. Ҳарорати баланд пеш аз ҳама боиси 4-5 баробар аз меъёр хориҷкунии арақ мегардад. Агар шахс кори вазнини ҷисмониро иҷро кунад. Ҳарорати баланди ҳаво ба системаҳои гуногуни бадани ӯ таъсири худро мерасонад, аз ҷумла:

- Ба дил ва рагҳои хунгузар.

Дар вақти гармӣ, аксарияти беморони дорои фишорбаландӣ (гипертония) аз баланд шудани фишори шарраёнӣ азият мекашанд. Одамоне, ки аз бемории ишемиявии дил азоб мекашанд, эҳтимоли зиёд ба ҳамлаҳои стенокардия дучор мешаванд, садамаи шадиди мағзи сар ба амал меояд. Баланд шудани ҳарорати ҳаво боиси зиёд шудани фавт аз сактаи дил ва инсулт мегардад.

- Ба системаи нафаскашӣ.

Ҳангоми гармии шадид одамони гирифтори илтиҳоби найчаҳои шуш (бронхит), диққи нафас (астма), илтиҳоби шуш (пневмония) бо норасоии оксиген дучор мешаванд. Норасоии шадиди ҳаво боиси вайрон шудани нафаскашии пурра, зарурати табобати таъҷилӣ мегардад. Ба ғайр аз касалиҳои мавҷуда, одамон аксар вақт касалиҳои нав пайдо мекунанд. Илтиҳобгирии бодомакҳои гулӯ (Танзилит),  илтиҳоби нйчаҳои шуш (бронхит) ва илтиҳоби шуш (пневмония) дар тобистон низ зиёд мушоҳида мешавад. Ҳатто як ду ҷуръа оби хунук метавонад боиси илтиҳоби бодомакҳо, инкишофи илтиҳоби луобпардаҳои ҳалқ ё илтиҳобгирии садопарда гардад. Хавфи дигар кондитсионерҳо мебошад. Ҷараёни ҳавои сард метавонад боиси илтиҳоби шуш, найчаҳои шушҳо, ҷигар, гурдаҳо ва дигар узвҳо гардад.

Гармо боиси паст шудани тонуси рагҳо шуда, гардиши хун дар бофтаҳои пӯст хеле зиёд мешавад, ки ин боиси норасоии гардиши хун дар узвҳо мегардад. Гурдаҳо, ҷигар, рӯдаҳо ва мушакҳо ба қадри кофӣ оксиген намегиранд ва фаъолияти онҳо бад мешавад.

Ҳарорати баланд метавонад ба саломатии инсон таъсири манфӣ расонад. Аз ҷумла:

-  Нафаскашӣ ва набз зиёд мешавад - одам норасоии оксигенро ҳис мекунад.

-  Арақи фаъол, ки дар гармии доимӣ аз ҳад зиёд мешавад, ки боиси вайрон шудани тавозуни об ва намак дар организми инсон мегардад.

-  Аз сабаби гармии шадид, хун камтар ба майнаи сар ворид мешавад, ки боиси садмаҳои рагҳои мағзи сар мегардад.

-  Гармӣ боиси стресс, бехобӣ мегардад, ки ба саломатии инсон низ таъсир мерасонад.

Тибқи маълумоти Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, гармии ғайримуқаррарӣ сол то сол боиси афзоиши шумораи бемориҳо мегардад.

Гармо ба ҳар як шахс таъсир мерасонад, аммо аз оқибатҳои ҳарорати ба таври ғайримуқарарӣ баланд бештар категорияҳои зерини одамон азоб мекашанд:

-  Кӯдакони навзод ва кӯдакони то 5 сола;

-  Шахсони имкониятҳои маҳдуддошта;

-  Ҳомиладорон, беморони дорои фишорбаландӣ ва шахсони гирифтори бемориҳои дилу рагҳо, гурда, шуш, ҷигар;

-  Шахсони аз 65-сола боло.

Дар ҳавои гарм бо бадан чӣ рӯй дода метавонад?

Барои он ки бадан аз ҳад зиёд гарм шавад, танҳо 20 дақиқа дар зери офтоб мондан кифоя аст. Оқибатҳои чунин «гармшавӣ» метавонад пешгӯинашаванда бошад. Зарбаи гармӣ ва зарбаи офтоб аз рӯи аломатҳо фарқ мекунанд.

Зарбаи гармӣ як ҳолати бадан аст, ки дар натиҷаи гармии шадид ба вуҷуд омадааст. Он бо нишонаҳои зерин ҳамроҳӣ мекунад: сустии бадан, оболудӣ, дарди сахт ва дарди сар.

Агар шахс аз зарбаи гармӣ ранҷ кашад ва сари вақт ёрии тиббӣ нагирад, дар организми ӯ баландшавии ҳарорати бадан, ихтилоли рӯда, қайкунӣ, сурхшавии рӯй, ҳазён гуфтан (галлюцинатсия), аз меъёр зиёд коркардани дил ва беҳушӣ ба амал меояд. Агар ёрии тиббӣ саривақт расонда нашавад ҳатто ба фавт оварда расониданаш мумкин аст.

Зарбаи офтоб як бемории шадиди мағзи сар аст, ки дар натиҷаи таъсири тӯлонӣ дар офтоб бе кулоҳ ба вуҷуд меояд. Ин ҳолат як намуди зарбаи гармӣ мебошад. Вақте ки бадани инсон гармии бештар аз хунукиро мегирад, зарбаи офтоб рӯй медиҳад. Як қатор аломатҳо пайдо мешаванд: -беҳолӣ,бемадорӣ, қайкунӣ ва дарди сар.

Яке аз оқибатҳои вазнинтарини ин ҳолат метавонад дил аз кор бозмонад. Инчунин, шахс метавонад ба иғмо (кома) дучор шавад афтод. Дар 25-30% ҳолатҳо бе ёрии саривақтии табибон оқибати марговари зарбаи офтобӣ имконпазир аст.

Роҳҳои пешгирӣ

Вақте термометр ҳароратро аз + 300С боло нишон медиҳад, ба кӯча баромадан тавсия дода намешавад, махсусан аз соати 11:00 то 17:00. Аммо, агар имкони дар хона мондан вуҷуд надошта бошад, шумо бояд якчанд қоидаҳои оддиро риоя кунед:

- Истеъмоли нӯшокиҳои зиёд. Миқдори оби нӯшоки дар як рӯз то 1,5-3 литр зиёд кардан лозим аст;

- Фаъолияти мӯътадили ҷисмонӣ. Ин махсусан барои онҳое, ки дар боғҳо кор карданро дӯст медоранд, дуруст аст;

- Истеъмоли саривақтии доруҳое, ки фишори хун ва тапиши дилро ба эътидол меоранд;

- Пӯшидани либосҳои сабук ва озод;

- Бештар дар ҷои санқин истироҳат кунед. Хонаро салқин нигоҳ доред.

- Ба ғизо диққат дода шавад. Ғизо  ва парҳезе, ки дар моҳҳои тобистон татбиқ карда мешавад, хеле муҳим мебошад. Бахусус беморони қалб бояд ба ҷои хӯрокҳои серғизо, вазнин ва ҳазмшавандаи душвор дар моҳҳои тобистон бештар сабзавот, ғизоҳои обпаз истеъмол кунанд.

Абдуқодир АВЕЗОВ, табиб-омӯзгори МД «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ»,

Ҳасан КАРИМОВ,

Р. НУРИДДИНОВА, табибони оилавӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД