1xbet
Тоҷикистонро дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо 9 паҳлавон муаррифӣ мекунанд
105

Паҳлавонони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо, ки 13-19-уми июни соли 2025 дар шаҳри Будапешти Маҷористон баргузор мешавад, омодагӣ мебинанд.

Бино ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Чепионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо 9 варзишгар - Меҳрзод Суфиев дар вазни то 60 кг, Эмомалӣ Нуралӣ ҳамроҳи Обид Ҷебов, ҳарду дар вазни то 66 кг, Беҳрӯзи Хоҷазода ва Абубакр Шеров, ҳарду дар вазни то 73 кг, Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг, Ҷаҳонгир Маҷидов бо ҳамроҳии Кароматулло Ҳакимов, ҳарду дар вазни то 100 кг ва Темур Раҳимов дар вазни +100 кг дар рақобатҳо байни мардон намояндагӣ хоҳанд кард.

Варзишгарон дар рақобатҳои инфиродӣ барои 14 маҷмуи медалҳо (7 вазн байни мардон ва 7 вазн байни занон) талош мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД