tobiston
ТОЛЕЪНОМАИ 1-УМИ ИЮНИ СОЛИ 2025
1559

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз муҳаббат дар авҷ аст. Агар муҷаррад бошед, бояд кӯшиш кунед, то шахси писандида ба шумо ҷиддӣ муносибат кунад. Хабаре ғайричашмдошт метавонад вазъиятатонро тағйир диҳад. Эҳтимол аст, ки сабукии шумо боис шавад, ки масъулияти нав ба дӯшатон гузошта шавад. Имкони пайдо кардани роҳи нави даромад вуҷуд дорад. Барои саломатӣ сайругашт дар ҳавои тоза тавсия мешавад.

Савр (21 апрел-21 май)

Агар мехоҳед бо касе шинос шавед, имрӯз беҳтарин фурсат аст. Аз гуноҳҳои дигарон гузаштан имкони беҳтар шудани вазъи молӣ ва рӯзгорро фароҳам месозанд. Корҳои кӯҳнаро ба охир расонед, аз оғоз кардани кори нав худдорӣ намоед. Харидҳои гарон метавонанд ноумедӣ оваранд, эҳтиёт шавед. Барои беҳбудии саломатӣ, дар рӯшноии офтоб вақти бештар гузаронед, он ба шумо неру мебахшад.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Имрӯз бо интуиция ва ақлу таҳлил ҳар монеаро пушти сар мекунед. Рӯз барои муҳаббат ва мулоқотҳои шахсӣ мусоид аст. Барои шахсони оиладор дилёбӣ кардан ҳатмист. Аҷиб аст, ки одамоне, ки қаблан бепарво буданд, ҳоло ба шумо кумак кардан мехоҳанд. Вақти хуб барои нишон додани касбияти шумост. Аммо аз хароҷоти калон худдорӣ намоед. Ба саломатӣ диққат диҳед, машқи бадан ва оромӣ муҳим аст.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз муҳаббатро ба зиндагӣ роҳ диҳед. Эҳтимол дар муносибат бо наздикон нофаҳмӣ пайдо шавад, боинсоф бошед. Кор метавонад дилгиркунанда шавад, аммо бошитоб тағйири ҷои кор кардан, метавонад иштибоҳ бошад. Баъзе мушкилиҳо пеш меоянд, вале шумо бо хирад ва таҷриба аз онҳо мегузаред. Бештар ба ҳолати рӯҳӣ диққат диҳед, фишори равонӣ эҳсос мешавад.

Асад (23 июл-23 август)

Имрӯз ташаббус дар муҳаббат ба дасти шумост, як шомгоҳи ошиқона эҳсосотро мустаҳкам мекунад. Аммо барои оиладорҳо эҳтиёт лозим аст, васваса метавонад мушкил оварад. Дар кор ва молия пешравӣ эҳтимол дорад, имзо гузоштан дар шартномаи муфид имконпазир аст. Боғайрат бошед, натиҷа ба шумо вобаста аст. Агар дар истеҳсолот фаъолед, эҳтиётро фаромӯш накунед. Эҳсосотро таҳти назорат гиред ва саломатиро эҳтиёт намоед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Имрӯз шахси дӯстдошта ба шумо диққати бештар медиҳад, бо як гап ё туҳфа ӯро хурсанд созед. Ба асабоният ва рафтори номувозуни атрофиён аҳамият надиҳед, оромии дарунӣ муҳим аст. Корҳо тибқи нақша пеш мераванд, фурсатест барои нишон додани истеъдоди шумо. Даромад кам, вале устувор хоҳад буд, барои нақшаҳои муҳим кифоя мекунад. Нигоҳи шумо ба зиндагӣ тағйир меёбад, имрӯз эҳсоси оромӣ ҳукмфармост.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар муносибат бо ҳамсафар ё дӯст эҳтимоли нофаҳмӣ зиёд аст. Сабру таҳаммул ва хомӯшӣ метавонанд кумак кунанд. Дар муносибати корӣ шубҳа ва тафтишот эҳтимол доранд, ҳуҷҷатҳоро ба тартиб дароред. Бо вуҷуди мушкилиҳо, барои хариди калон фурсати хуб аст. Барои саломатӣ ба машқҳои махсуси мавзеи миён ва рон таваҷҷуҳ кунед, ин ба шумо фоида меорад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Агар диққати чанд нафарро ба худ ҷалб карда бошед, вақти интихоби ҷиддист. Мушкилот дар муносибати хонаводагӣ имкон доранд, баъзе хабарҳо шуморо водор месозанд, ки дидгоҳатонро тағйир диҳед. Бисёр корҳо ислоҳ ва назорати фавриро мекунанд. Бегоҳ беҳтар аст, ки ба зиндагии шахсӣ машғул шавед. Хароҷоти зиёд метавонад буҷаи шуморо ларзонад, вале шумо хуб медонед чӣ гуна маблағ кор кунед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Вақти хуб барои рухсатист, агар имконият доред, сафар кунед, зеро муҳаббат шуморо дар роҳ интизор аст. Дар корҳои хона ба касе умед набандед, худатон ҳама корро беҳтар иҷро мекунед. Барои амалиётҳои корӣ фурсати муносиб аст, гарчи фоидаи калон нест, вале тағйироти мусбат дар пеш аст. Шом эҳтимоли гирифтани пешниҳод ё хабари хуш вуҷуд дорад. Барои саломатӣ оромӣ, парҳези солим ва хоб муҳим аст.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз мумкин аст шуморо ба маъракаҳо ва маҳфилҳои дорои сатҳи баланд даъват кунанд, маҳз дар ҳамин ҷо шояд муҳаббат пайдо шавад! Дар муносибат бо фарзандони наврас каме нофаҳмӣ эҳтимол дорад. Шумо бо сухани шево ва муносибатҳои хуб метавонед робитаҳои муфид барқарор намоед. Ҳисси каме хастагӣ зуд мегузарад, руҳбаланд бошед!

Далв (21 январ-19 феврал)

Имрӯз воқеае метавонад рух диҳад, ки дидгоҳи шуморо ба зиндагӣ тағйир диҳад. Барои муҷаррадон шиносоии муҳаббатомез эҳтимол дорад, вале натиҷааш норавшан аст. Эҳтимол бо нофаҳмии шарик рӯ ба рӯ шавед, кӯшиш кунед ором бошед. Аз баҳси молӣ дурӣ ҷӯед. Ба саломатии қалб ва фишори хун аҳамият диҳед, махсусан агар ахиран дардҳоро эҳсос карда бошед.

Ҳут (20 феврал-20 март)

Имрӯз танҳоӣ шуморо таҳдид намекунад, махсусан ҷавонон дар маркази таваҷҷӯҳ хоҳанд буд. Вале меҳмон даъват накунед, эҳтимол пушаймон мешавед. Кор дилгиркунанда, вале ором аст, беҳтар аз стрессҳои шадид! Барои мардон вақти кор кардан аст. Аммо хастагӣ ва бепарвоӣ эҳтимол доранд, ба саломатӣ бештар таваҷҷуҳ намоед ва барои барқарор кардани қувваи рӯҳӣ вақт ҷудо кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД