Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз эҳтимол дорад рафтори шахси дӯстдоштаатонро нодуруст арзёбӣ кунед. Пеш аз он ки ба хулосаи ҷиддӣ оед, ба садои дилатон гӯш диҳед. Рӯз серташвиш, вале гуворо хоҳад буд. Баъзе одамон бароятон худписанд метобанд, вале дертар назаратон тағйир меёбад. Агар бо пулу мол сарукор дошта бошед, эҳтиёткор бошед. Норасоии витамин метавонад бемориҳои кӯҳнаро фаъол созад.
Савр (21 апрел-21 май)
Агар ниятатон соф ва беғараз бошад, муҳаббат низ ҷавоби нек хоҳад дод. Мулоқот бо наздикон рӯҳияи шуморо баланд менамояд. Барои хариди таҷҳизоту асбобҳои техникӣ омода бошед. Барои гуфтушуниди муҳим ва сафар рӯзи муносиб нест, онҳоро ба фурсати дигар гузоред. Хароҷоти ғайричашмдошт мумкин аст, вале боиси ноумедӣ намешавад, орзуҳои дерина амалӣ хоҳанд шуд. Энергияи зиёдро эҳтиёт кунед, асабоният эҳтимол дорад.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Имрӯз эҳсосоти ошиқона боло мегирад ва муносибат бо дӯстдоштаатон метавонад тағйир ёбад. Умеди муҳаббат ва тарси ҷудоӣ дар як вақт дар дилатон ҷой мегирад. Хабари хуш ё тӯҳфаи ногаҳонӣ шуморо шод мекунад. Аз худписандӣ худдорӣ кунед, он метавонад бар зараратон шавад. Дар масъалаҳои пулӣ танҳо ба худ эътимод кунед. Аз ғизои равғанин ва шӯр парҳез кунед, саломатиро ҳифз кардан муҳим аст.
Саратон (22 июн-22 июл)
Ба суханони хушку холӣ ва таърифҳои зиёдатӣ бовар накунед, нафаре метавонад шуморо фиреб диҳад. Камшавии нерӯ эҳсос мешавад, вақти худро дуруст тақсим кунед. Обрӯ ва нуфузи шумо дар назар афзоиш меёбад, ки барои пешрафти касбӣ замина фароҳам мекунад. Ба маслиҳати атрофиён гӯш диҳед. Хоб ва истироҳатро фаромӯш накунед, эҳтимоли сардард вуҷуд дорад.
Асад (23 июл-23 август)
Муҳаббат имрӯз дар зиндагии шумо ҷойгоҳи асосӣ хоҳад гирифт. Фурсати муносиб барои тақвият бахшидани муносибатҳои ошиқона расидааст. Мулоқот бо дӯстону шиносон рӯзро рангоранг мекунад. Дар муошират эҳтиёткор бошед, қарздиҳӣ ё баҳсҳои беҳуда бо дӯстон метавонад муаммо эҷод кунад. Фишори равонӣ эҳсос мешавад, ба худ вақт диҳед ва истироҳат кунед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Имрӯз таваҷҷуҳи атрофиён ба намуди зоҳирии шумо меафзояд, фурсати хубест барои парҳез ва нигоҳубини пӯст. Хислати кунҷкобиатон ба саратон ҳодисаҳои зиёдеро меорад. Эҳтимоли сафари кӯтоҳи корӣ вуҷуд дорад. Дар масъалаҳои молӣ бо ҳамкорон муноқиша карданатон мумкин аст, ором бошед. Бо шахсоне, ки баъд аз диданашон худро бад ҳис мекунед, масофа нигоҳ доред, аз чунин одамон дурӣ ҷӯед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Ошиқонро рӯзи бобарор интизор аст. Муҳаббат ва меҳрубонӣ имрӯз ба зиндагии шумо ранги тоза мебахшанд. Ҷозибаи шумо афзуда, атрофиён ба шумо таваҷҷуҳи зиёд хоҳанд кард. Сафари кутоҳмуддат ба манфиати кор хоҳад шуд ва робитаҳои нав пайдо мешаванд. Рӯҳияи хуб ба саломатии шумо низ таъсири мусбат мерасонад.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Ҳар иқдоми ошиқонаи шумо имрӯз самар хоҳад дод. Дар оила аз баҳсҳо бо ҳамсар худдорӣ кунед, як ҳарфи ноҷо метавонад муноқиша ба бор орад. Корҳое, ки оғоз мекунед, шояд зуд натиҷа надиҳанд, вале бо сабру талош комёб хоҳед шуд. Шиносоии нав метавонад ба дӯстии амиқ табдил ёбад. Ба саломатии худ диққат диҳед, машқи бадан ва ҳавои тоза фоида мебахшад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Ҳатто ҳангоми баҳс нисбати дӯстдоштаи худ дағалиро раво набинед, азизи дилатонро ҳамеша меҳрубонӣ кунед. Аз фикру ташвишҳои корӣ асабӣ шуда, ба дӯстдоштаатон фишор наоред. Пешниҳоди кории ҷиддӣ метавонад ба шумо дарҳои нав боз кунад. Вале имрӯз барои пулсарфкунӣ вақти мувофиқ нест, маблағи худро пинҳон кунед. Риояи парҳез муҳим аст, фарбеҳӣ аз хӯроки барзиёд сар мезанад.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз лаҳзаи муносибест барои даъвати шахси писандида ба мулоқот. Ба маслиҳати дӯстон бодиққат бошед, вале қарорро худатон қабул кунед. Наздикон аз шумо кӯмак талаб мекунанд, кумакро дареғ надоред. Барои рушди корӣ, аз ҳамин рӯз нақша кашед. Дар нимаи дуюм масъалаҳои молиявӣ пайдо мешаванд, вале даромади ғайричашмдошти пулӣ метавонад вазъро беҳтар кунад. Ба фишори хун ва эҳсосот диққат диҳед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Ҳамеша дар ҷустуҷӯи шахси орзуҳоятон бошед, рӯзе ҳатман хушбахт мешавед. Дар гуфтугӯ бо наздикон эҳтиёткор бошед ва ҳарфҳои ноҷо нагӯед. Сафари корӣ метавонад даромади иловагӣ оварад. Имрӯз бояд дар қарорҳо ҷиддӣ бошед, вақти кашол додани кор нест. Аз хӯрокҳои ноошно ва маҳсулоти сарироҳӣ парҳез кунед, эҳтимоли заҳролудшавӣ вуҷуд дорад.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Имрӯз фурсати хубест барои шиносоии нав, вале бо ишқу муҳаббати дигарон бозӣ накунед. Заҳматҳои шумо шоистаи қадршиносист, вале ба наздикон фишор наоваред. Субҳ эҳтиёткор бошед, гуфтушунидҳо метавонанд натиҷа надиҳанд. Зеҳни шумо равшан мешавад ва масъалаи душвор ногаҳон ҳал мегардад. Саломатӣ хуб хоҳад буд, дар ҳавои тоза сайругашти бештар кунед.