1xbet
ТОЛЕЪНОМАИ 16-УМИ ИЮНИ СОЛИ 2025
1564

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Имрӯз ҳодисаи муҳиме рух медиҳад, ки метавонад тамоми нақшаҳоятонро дигар кунад. Кӯшиш кунед, ки эҳсосотро идора кунед, асабоният ва рафтори ноҷо фоида намеоранд. Агар ягон нафар аз наздикон шуморо танқид кунад, ба хашм наоед, эҳтимол ӯ нияти хуб дорад. Дар касбу кор пешравӣ имкон дорад, онро аз даст надиҳед! Аз хариди беандеша худдорӣ намоед ва саломатии худ, бахусус иммунитетро ҷиддӣ гиред.

Савр (20 апрел-20 май)

Имрӯз ба эҳсосоти шахси дӯстдошта диққат диҳед. Агар фақат дар бораи худ фикр кунед, муносибатҳо метавонад сард шаванд. Аз муноқиша кардан худдорӣ намоед. Агар ба низоъ кашида шудед, хоксорӣ ва оромиро нигоҳ доред. Хароҷоти нолозимро канор гузоред ва кӯшиш кунед, ки қарз нагиред. Ин рӯз барои фаъолияти ҷисмонӣ, варзиш ё корҳои дастӣ беҳтарин аст.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Шояд ногаҳон эҳсос кунед, ки ба касе дил бастед. Аммо пеш аз изҳори муҳаббат вазъро бодиққат арзёбӣ кунед. Имрӯз масъалаҳои рӯзмарра дар маркази диққатанд. Дар ҷараёни кор шояд вохӯриҳои муҳими корӣ ва ҳатто сафар пеш оянд, ором ва дурандеш бошед. Эҳтимол ба пешниҳоди ғайричашмдошт розӣ шавед, ки ҳатто натиҷаи мусбат диҳад. Ба хӯрдани шириниҳои зиёдатӣ таваҷҷуҳ намоед, ба саломатӣ зиён мерасонад.

Саратон (21 июн-22 июл)

Имрӯз шояд дар пеши шумо интихоби муҳим дар ҷодаи муҳаббат қарор гирад. Ба дили худ гӯш диҳед, он шуморо роҳнамоӣ мекунад. Наздикон бо дастгирии худ шуморо рӯҳбаланд месозанд, гӯш кардани маслиҳаташон муфид хоҳад буд. Вақти зиёд барои фикру таҳлил сарф накунед, бо эътимод амал кунед. Корҳои молиявӣ ва тиҷоратӣ натиҷа медиҳанд. Баъди кор ба дӯстӣ ва муошират диққат диҳед, ин ба шумо нерӯи нав мебахшад.

Асад (23 июл-22 август)

Агар ҳоло муносибати ҷиддии ошиқона надошта бошед, бештар бо одамон робита намуда, хоксор бошед, имрӯз фурсати нав ба вуҷуд меояд. Барои ба даст овардани натиҷаи хуб, бо одамон самимӣ бошед. Танҳо барои пул кор накунед, барои наздиконатон низ вақт ҷудо намоед. Агар худро беҳол ҳис кунед, ба ҷисматон гӯш диҳед, беҳуда худро хаста насозед.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Рӯзи пур аз эҳсосот ва муносибатҳои шавқовари ошиқона аст. Имконияти ишқбозӣ ва шиносоии нав зиёд мешавад. Муносибатҳо пуршиддат, вале гуворо мегарданд. Паёми нохушро, ки субҳ мегиред, ҷиддӣ қабул накунед, эҳтимол ин танҳо тасаввури шумост. Нимаи аввали рӯз бо комёбиҳои молиявӣ ва даромади бештар сипарӣ мешавад. Агар шумо рӯзи дароз нишаста кор мекарда бошед, варзишро фаромӯш накунед.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Имрӯз аз саросема ошиқ шудан худдорӣ кунед, аввал аниқ намоед, ки оё шуморо дӯст медоранд ё не. Барои корҳои бузурги хона, монанди таъмир ё иваз кардани чизҳо, вақт мувофиқ нест. Шумо пурэнергия ҳастед ва ҳар коре, ки оғоз кунед, ба осонӣ анҷом меёбад. Аммо аз қарз додану гирифтан парҳез кунед, вазъияти молиявӣ ноустувор аст. Эҳтиёт шавед: асабоният ва хастагии равонӣ метавонад боиси беморӣ гардад.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Имрӯз занони Ақраб аз муоширату дидорҳои гуворо баҳравар мегарданд, ин рӯҳи шуморо болида месозад. Барои оғози корҳо ва иқдомҳои нав фурсати мусоид аст. Барои шахсони оиладор мушкилоти хурде пеш меоянд, вале онҳо ҳалшавандаанд. Кор дар гурӯҳ ё бо шарикон натиҷаи беҳтар медиҳад. Дар муомила бо пул эҳтиёткор бошед, шартномаҳои калонро бо диққат хонед. Ҷисматон ба истироҳат ниёз дорад, нисбати худ ғамхорӣ кунед.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Вохӯрии тасодуфӣ метавонад шуморо ба фикру нияти нав водор созад. Аммо ҳоло беҳтараш ба воқеъият диққат диҳед ва бо орзуҳои дур зиндагӣ накунед. Оила ором ва мутаносиб мешавад, лаҳзаҳои якҷояро қадр кунед. Имрӯз барои баён кардани қобилиятҳои эҷодии шумо хеле мувофиқ аст. Саховатмандӣ муҳим аст, агар хеле хасис бошед, шояд муносибат бо шарикон сард гардад. Ғизои вазнинро кам кунед, ҷисматон ташаккур мегӯяд.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Тағйироти муҳим дар муносибатҳои шахсӣ метавонад фикрҳои шуморо нисбати дӯстдоштаатон комилан дигаргун созад. Кӯшиш кунед, ки аз муоширати зиёд канорагирӣ кунед, ҳатто дидори дӯсти наздик метавонад бо баҳс анҷом ёбад. Ҳатто гуфтугӯи оддӣ метавонад маълумоти арзишманд диҳад, диққатро аз даст надиҳед. Пеш аз имзо кардани ҳар гуна санад шартҳоро дақиқ хонед. Варзиши сабук, монанди шиноварӣ ё дав, саломатиро беҳтар мекунад.

Далв (20 январ-18 феврал)

Ба рафтори худ дар гузашта назар андозед, хатоҳоро эътироф кардан қувват мебахшад. Мушкилиҳои хона метавонад сабаби нофаҳмӣ гардад, кӯшиш кунед, ки бо муҳаббат ва сабр ҳар мушкилро ҳал кунед. Шумо омода ҳастед, ки ба ҳадафҳои худ бирасед, вале танҳо бо қарорҳои оқилона. Имрӯз вақти хубест барои ташрифи духтур ва ташхисҳои умумии саломатӣ.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Бо шахсе, ки дӯсташ медоред, ростқавл ва самимӣ бошед, ин нофаҳмиҳоро пешгирӣ мекунад. Шояд имконияти беҳтар кардани шароити зиндагӣ ва ҳатто кӯчидан фаро расад, пеш аз он бо наздикон маслиҳат кунед. Ҷустуҷӯи маълумот ва таҳлили он шуморо илҳом мебахшад, ин боиси комёбӣ мегардад. Баъзе монеаҳое, ки дар гузашта роҳи шуморо мебастанд, имрӯз рафъ мешаванд. Дар саҳар эҳсоси ғамгинӣ мумкин аст, аммо ин муваққатист, рӯзи бобарор аст!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД