1xbet
ТОЛЕЪНОМАИ 17-УМИ ИЮНИ СОЛИ 2025
1475

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Рӯзҳои наздик эҳсоси ошиқонаатон зиёд мешавад, лаҳзаҳои фаромӯшнашаванда интизоратон аст. Барои шумо оромии хона ва зебоӣ аҳамияти калон доранд, шояд вақти таъмир ё иваз кардани мебел расидааст. Дар танҳоӣ кор кардан вазнин хоҳад шуд. Дар масъалаҳои корӣ бо ақлу таҷриба амал намоед. Аз шамолхӯрӣ эҳтиёт шавед, вазъи саломатиро бад мекунад.

Савр (20 апрел-20 май)

Рӯзҳои пурташвиш ва вохӯриҳои ҷолиб дар пешанд. Вале диққати зиёди дигарон метавонад шуморо хаста кунад. Эҳсосоти ниҳонӣ ва ранҷишҳо метавонанд ошкор шаванд, ки фаҳмидани якдигарро мушкил мегардонад. Эҳтимол аст, ки нақшаҳо амалӣ шаванд, вале дар муносибат бо роҳбарон ё шарикон нороҳатиҳо пеш оянд. Барои харид вақти мувофиқ нест. Барои оромӣ ва истироҳат вақт ҷудо кунед, фишори рӯҳӣ шуморо хаста кардааст.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Имрӯз беҳтараш дар масъалаҳои ошиқона эҳтиёткор бошед, на ҳама чизро бо шитоб ҳал кардан лозим. Вақт ҷудо кунед, то корҳои тӯлониро анҷом диҳед, шояд чизи гумшударо пайдо кунед. Барои соҳибкорон рӯзи муфид аст, имкони бастани созишномаи фоидаовар зиёд аст. Дар ҳаллу фасли мушкилот сабр намоед. Аз фикрҳои манфӣ дурӣ ҷӯед.

Саратон (21 июн-22 июл)

Имрӯз шахси наздик шуморо бо меҳрубонӣ ва таваҷҷӯҳ шод мегардонад. Агар танҳо бошед, эҳсос мекунед, ки одамон бештар ба шумо таваҷҷӯҳ доранд. Калонсолон мехоҳанд ба зиндагии шахсии шумо дахолат кунанд. Давраи кори пурмасъулият ва самарабахш фаро мерасад. Барои пешравӣ маҳорати ташкилотчигӣ ва касбӣ нишон диҳед. Аз баҳси пулии ногувор дар ҷойи кор худдорӣ намоед. Имрӯз ба истироҳат ниёз доред.

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз нисбати худ суханҳои гуворо мешунавед, шояд нафаре ба шумо бетафовут нест! Аммо эҳсосоти зиёдатон метавонад шахси дигарро тарсонад. Аз шумо кори зиёд талаб мешавад, хусусан дар корҳои эҷодӣ. Набояд ба нокомӣ таслим шавед, агар кори шумо пеш наравад, сабр кунед ва қуввататонро барои натиҷаи нав равона созед. Барои оромии равонӣ ба сауна рафтан, дар табиат гаштан ё моҳидорӣ кӯмак мерасонад.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Агар ба муносибати нави ошиқона сар кунед, шитоб накунед, аввал шахсро хубтар бишносед. Ба наздикон таваҷҷӯҳ зоҳир намоед, дар акси ҳол, онҳо шадидан чизе талаб мекунанд. Эҳсосоти дирӯзаро фаромӯш кунед. Энергияи зиёд доред, вале метавонад дар кор бо ҳамкорон нофаҳмӣ эҷод кунад. Шояд бахти молиявӣ насибатон шавад, вале аз хароҷоти беҳуда худдорӣ намоед. Рӯзи хубест барои ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш ва муолиҷаи халқӣ.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Имрӯз шуморо шиносоии нав интизор аст. Агар оиладор бошед, бояд қарорҳои муҳим қабул кунед, интихоби шумо ба ояндаи зиндагии шахсӣ таъсир мегузорад. Рӯзи пурэнергия аст, кори шумо самараи хуб медиҳад. Эҳтиёт шавед, эҳсоси изтироб ва саросемагӣ метавонад ба саломатӣ зарар расонад. Кори худро бо тартиб анҷом диҳед. Ҳолати равонӣ ва ҷисмониатон хуб хоҳад буд, истифода баред!

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Имрӯз барои муносибатҳои ошиқона, хонадоршавӣ ва арӯсӣ рӯзест хуб. Шанс доред, ки роҳи нави зиндагиро оғоз кунед. Дар миёни ҳаёти серташвиш, вақт ҷудо намуда, бо волидон мулоқот намоед. Шояд вақте расидааст, ки зиндагии худро иваз намоед. Ҳарчанд имкониятҳо кам бошанд, рӯҳафтода нашавед, вазъи молӣ абадӣ бад намемонад. Дар табиат бештар бошед, эҳсос мекунед, ки рӯҳияатон беҳтар шудааст.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Муҳити ҷамъиятӣ барои пайдо кардани муҳаббат мусоид аст. Аз хона берун бароед, шояд бахтатон хеле наздик аст. Мулоқот бо дӯстон ё чорабиние метавонад ба таъхир афтад, нақшаҳоятон тағйир меёбанд. Давраи муносиб барои сафарҳо, омӯзиш ва шурӯи корҳои нав аст. Шояд шумо сарчашмаи нави даромад ё касби дигар пайдо кунед. Рӯзи пур аз имконот барои пешрафти молӣ аст. Иқдоми нав гиред! Ба муолиҷаи чашм ва асаб машғул шавед.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Дар муҳити ошиқӣ шодиву ҳаловат эҳсос мекунед. Мулоқоти нав ва сӯҳбати самимӣ ба шумо неру мебахшад. Вале азбаски кор зиёд аст, муҳаббатро фаромӯш накунед. Ба нақшаи корӣ диққат диҳед ва корҳои беҳудаву майдаро хориҷ созед. Агар маблағ ба даст ояд, онро оқилона сарф кунед, сарфкор бошед. Имрӯз ба саломатӣ ва ҳолати равонии худ таваҷҷӯҳ кунед, машқи ҷисмонӣ ва оромиш ба шумо фоида мерасонад.

Далв (20 январ-18 феврал)

Имрӯз дар муносибат бо ҳамсар тағйироти ҷиддӣ намешавад, вале ончи ҳаст, ҳаловатбахш хоҳад буд. Хафагиҳо пушти сар мешаванд, дар робитаҳоятон беҳбудӣ дида мешавад. Дар кор шояд тафтиши молиявӣ сурат гирад, пешакӣ чора бинед. Аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷӯед, хатари дуздӣ вуҷуд дорад. Агар асабонӣ бошед, шояд сабабаш нороҳатии ҷисмонӣ бошад. Сабр кунед ва роҳи ором шуданро пайдо намоед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Шоми худро бо шахси дӯстдошта гузаронед, фурсати муносиб барои нақшаи оиладор шудан аст. Ҳар як суханатон имрӯз таъсири калон хоҳад дошт, хуб андеша кунед, пеш аз он ки чизе бигӯед. Шояд бе кӯмак мушкилотро ҳал карда натавонед, аз нафарони боэътимод ёрӣ пурсед. Агар маблағи зиёдатӣ доред, онҳое ки қаблан шуморо беғараз кӯмак карданд, фаромӯш накунед. Ба тавсияҳои духтур диққат диҳед, саломатиро беҳтар кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД