tobiston
ТОЛЕЪНОМАИ 22-ЮМИ ИЮНИ СОЛИ 2025
937

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Гузаштаро фаромӯш кунед, беҳуда худро азоб надиҳед. Агар аз хона бештар бароед, хушбахтӣ ҳатман дарро мекӯбад. Дилатон хурсандӣ мехоста бошад, бигузор шод шавад! Дар кор омӯзиши мустақилона ва машварат бо кормандони ботаҷриба натиҷаи хуб медиҳад. Маълумот зудтар аз ҳарвақта дар хотир мемонад. Бо пул эҳтиёт кунед, эҳтимоли талафот зиёд аст. Стресси зиёд ба саломатиятон зиён мерасонад.

Савр (21 апрел-21 май)

Имрӯз муҳаббат гул мекунад, муносибатҳои нав ё шиносоии хуб эҳтимол доранд. Аммо бо наздикон ором бошед, то нофаҳмӣ пеш наояд. Дар оила метавонед қарорҳои муҳим гиред, ки ба ҳама фоида меорад. Ба корҳои душвор шитоб накунед, беҳтараш иштибоҳҳои пешинаро ислоҳ кунед. Хушбахтона, имкони даромади ғайричашмдошт вуҷуд дорад. Имрӯз барои истироҳат ва қувват гирифтан вақти хуб аст.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Дар муносибатҳои ошиқона муноқиша эҳтимол дорад, эҳсосот ва эҳтиромро дар як тавозун нигоҳ доред. Агар ҳамеша фикри худро кунед, муҳаббат осеб мебинад. Бо эҳтиёт фикр кунед, на ҳама идеяҳо амалӣ мешаванд. Пулро сарфакорона истифода баред. Бо одамоне, ки рӯҳатонро хаста мекунанд, камтар робита кунед. Аз стресс худро муҳофизат намоед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Муҳаббат синну сол намедонад, аммо интизор нашавед, худ қадами аввалро гузоред. Агар дар дили шумо саволе буд, имрӯз ҷавобаш пайдо мешавад. Лекин на ҳар ҳақиқат ширин аст. Хоҳишҳои худро бо имкониятҳо муқоиса кунед, то ноумед нашавед. Ба корҳои душвор даст назанед. Беҳтараш ба корҳои оддӣ машғул шавед. Ҳиссиётро идора кунед, оромиш калиди саломатӣ ва рӯзгори хуб аст.

Асад (23 июл-23 август)

Имрӯз эҳтимол дорад бо дӯстдошта нофаҳмӣ рух диҳад. Ҳиссиётатонро идора кунед, зуд наранҷед. Шомро бо наздикон гузаронед, ба маслиҳати шумо ниёз доранд. Дар оила масъалаҳои муҳимро баррасӣ кунед, аммо лаҳзаҳои гувороро низ фаромӯш накунед. Эҳтиёт бошед, баъзе одамон метавонанд шуморо барои манфиати худ истифода баранд. Харид муваффақ мешавад. Агар бехобӣ доред, режими хобро танзим кунед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Имрӯз шиносоии ошиқона метавонад ҷиддӣ нашавад. Муносибат бо хешовандон ё ҳамсоя метавонад каме душвор гардад, бо мулоимӣ рафтор кунед. Метавонед хариди хонаро анҷом диҳед. Қобилиятҳои шумо бештар аз онанд, ки гумон доред. Танҳо бояд ба худ бовар дошта бошед ва тарсро канор гузоред. Табиат ва ҳаракат рӯҳатонро ором мекунад.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз вақти он расидааст, ки худро нишон диҳед. Аз шарм ё хомӯшӣ даст кашед, шумо сазовори эҳтиром ва дастгирӣ ҳастед. Бо дӯстдошта мулоқоти оромона дошта бошед, баҳсҳоро феълан мавқуф гузоред. Аз корҳои муҳим ва қарорҳои калон худдорӣ кунед. Дар масоили пулӣ эҳтиёт кунед, қарз нагиред. Барои пешрафт, аз одатҳои зарарнок халос шавед, онҳо шуморо бозмедоранд.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Ба назаратон чунин менамояд, ки муҳаббати шумо анҷом ёфтааст, вале шитоб накунед, муҳаббат метавонад барқарор шавад. Дар хона муҳити ором фароҳам мегардад. Имрӯз барои пеш бурдани идеяҳо ва нишон додани эҷодиёт рӯзи хуб аст. Шарикон ба ақидаи шумо гӯш медиҳанд. Аз нӯшокиҳои сарду газнок даст кашед. Ба саломатии худ раҳм кунед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз фаҳмидани дӯстдошта душвор мешавад. Беҳтар аст фосила гиред ва худро машғули корҳои молӣ кунед. Як ишораи муҳаббат метавонад муносибатро тақвият диҳад. Идеяҳои муҳимро ҳоло ба касе нагӯед. Агар бизнес доред, имкони афзоиши фоида вуҷуд дорад, хусусан дар соҳаи дорусозӣ. Дар ғизо эҳтиёт бошед, маҳсулоти кӯҳнаро истифода набаред. Эҳтимоли заҳролудшавӣ вуҷуд дорад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Агар барои шахси наздик тӯҳфа омода мекунед, онро бо муҳаббат иҷро намоед. Бо наздикон ихтилоф накунед, фаҳмиш барқарор кардани сулҳро осон мекунад. Имрӯз дар ҷойи кор шояд нофаҳмиҳо бо роҳбарият ба вуҷуд оянд. Баъзеҳо метавонанд пешрафт кунанд, агар сабр ва ҷиддият дошта бошанд. Бо пул эҳтиёт кунед, хароҷоти зиёд шуморо ба қарз мебарад. Аммо саломатиятон хуб аст, қувват доред.

Далв (21 январ-19 феврал)

Ҳатто агар касе шуморо асабонӣ кард, кӯшиш кунед худро ба даст гиред. Дар баҳсҳо иштирок накунед, беҳтараш бо хомӯшӣ оромӣ биёред. Агар мехоҳед мушкилеро ҳал кунед, ба он аз як гӯшаи дигар нигаред. Чизҳое, ки шуморо хаста мекунанд, канор гузоред. Ҳеҷ кас ҳақ надорад шуморо маҷбур кунад. Ба эҷодкорӣ рӯй оваред. Сармоягузорӣ имрӯза натиҷаи хуб медиҳад. Хӯрокатонро солим нигоҳ доред.

Ҳут (20 феврал-20 март)

Шиносоиҳои нав метавонанд натиҷаи хуб надиҳанд. Ба наздикон муроҷиат кунед, онҳо шуморо дастгирӣ мекунанд. Имрӯз вақти хубест, то дар ҳуҷҷатҳо тартиб ворид намоед. Коре, ки имрӯз мекунед, дар оянда мева медиҳад. Аз тасмимҳои саросемавӣ парҳез кунед, махсусан дар масоили молӣ. Асабониятро идора кунед, чун баҳс бо наздикон эҳтимол дорад. Оромии равонӣ муҳим аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД