tobiston
ТОЛЕЪНОМАИ 23-ЮМИ ИЮНИ СОЛИ 2025
988

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз ба корҳои ғайриодӣ даст мезанед. Шояд мехоҳед муносибатҳои пешинаи ошиқонаро дубора зинда созед. Ба аҳли хона бештар таваҷҷуҳ диҳед, ин калиди ҳамдигарфаҳмӣ аст. Рӯз барои нақшабандии корҳо ва тақсими масъулият дар коргоҳ созгор мебошад. Харид ва сармоягузорӣ фоида меорад. Ба дигарон ёрӣ расонед - подошаш ду баробар бармегардад. Сафар табъи шуморо болида месозад.

Савр (21 апрел-21 май)

Имрӯз метавонед шахсеро бинед, ки сарнавишт ба шумо равона кардааст. Наздикшавӣ худ ба худ рух медиҳад. Рӯзро бо наздикон гузаронед - вақти истироҳат аст, на ҷустуҷӯи моҷаро. Ба шахси дӯстдошта ва фарзандон диққати бештар диҳед. Дар кор эҳтиёткор бошед, хатогӣ имкон дорад. Муносибати нек бо ҳамкорон бисёр муҳим аст. Аз маслиҳати хуб рӯй нагардонед. Аз фишори хун ва бемориҳои дил эҳтиёт шавед.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Тағйироти нек дар ҳаёти шахсӣ эҳтимол дорад, вале онро ба касе нагӯед, ҳасудон зиёданд. Муносибати нави ошиқона натиҷаи хуб намедиҳад. Беҳтараш ба аҳли хонавода ва корҳои хонагӣ диққат диҳед. Агар корҳо дер амалӣ шаванд, рӯҳафтода нашавед, вазъ метавонад ногаҳон дигар шавад. Ҳатто фикрҳои ғайричашмдошт манбаи даромад мегарданд. Аз хабарҳои сиёсӣ ва манфӣ канораҷӯӣ кунед, то бехобӣ накашед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Шоми имрӯз мулоқоти ошиқона эҳтимол дорад. Агар робита нав бошад, имкон аст, ки ҳамдигарро беҳтар шиносед. Вале хулосабарории шитобкорона накунед. Рӯзро бо наздикон гузаронед, танҳо дар хона метавонед воқеан ором гиред. Нофаҳмӣ эҳтимол надорад. Аз шикоят ба дигарон худдорӣ намоед, аввал андеша кунед. Масъалаи молиявӣ ҷиддӣ нест, аммо аз қаллобон ва қарз гирифтан парҳез кунед. Саломатиро эҳтиёт намоед.

Асад (23 июл-23 август)

Онҳое ки ба шиносоии тасодуфӣ умед бастаанд, метавонанд ноумед шаванд. Бо наздикон сӯҳбат осон ва самимӣ мешавад, шумо боз эҳсос мекунед, ки дар атрофатон одамони нек ҳастанд. Агар имкон бошад, худро дар кор нишон диҳед, ин ба муваффақият мебарад. Вале масъулияти дигаронро ба дӯш нагиред. Вазъи молӣ беҳтар мегардад, аммо хароҷотро назорат кунед. Агар бемориҳои дандон дошта бошед, интизор нашавед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Имрӯз ба муносибатҳои ошиқона таваҷҷуҳи бештар диҳед. Меҳрубонӣ муҳаббатро мустаҳкам менамояд. Кори душворро ба вақти шом нагузоред, ба корҳои сабук ва истироҳат машғул шавед. Дар кор диққати зиёдро ба таҷҳизоти техникӣ равон намоед. Шояд давраи ҷустуҷӯи кори нав оғоз шавад.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Худро пурра ба кор набахшед, ба зиндагии шахсӣ низ бояд вақт ҷудо кунед.  Шояд андешаҳоятон тағйир ёбад ва робитаҳои бефоидаро қатъ намоед. Субҳ метавонад душвор гузарад, вале баъдан рӯз ба беҳбудӣ мегузарад. Даромади пулии ғайричашмдошт эҳтимол дорад. Ҳангоми ҳаракат дар роҳ эҳтиёткор бошед, хатари садамаҳо зиёд аст.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Агар бо дӯстдоштаатон нофаҳмӣ дошта бошед, кӯшиш кунед онро ислоҳ намоед. Ба баҳсу муноқиша роҳ надиҳед, ҳар кас ҳаққи фикри худро дорад. Агар асабатон хароб бошад, аз муошират бо атрофиён дурӣ ҷӯед. Имрӯз барои гуфтугӯҳои корӣ ва бастани шартномаҳо муносиб аст. Мушкилиҳои молиявӣ шояд дубора бархезанд, хариди бузургро ба таъхир гузоред. Кредитҳо метавонанд барвақт бозпас талаб шаванд. Аз фишор ва хастагӣ эҳтиёт шавед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Рӯзи шумо тағйироти калон надорад. Муҳаббат низ имрӯз камранг аст. Аз шахси дӯстдошта пурсишҳои асабхароб накунед. Корҳои навро оғоз накунед, натиҷа ноумедкунанда мешавад. Имрӯз эҳсоси нигаронӣ ва ноамнӣ меафзояд. Бештари мушкилот ба масъалаҳои молиявӣ дахл доранд, эҳтимоли дуздӣ ва талафот ҳаст. Беандешагӣ накунед. Аз ҳад нагузаред, баъдтар пушаймон мешавед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз вақти муносиб барои муҳаббат аст, шахси дӯстдоштаатонро шод гардонед. Дар хона эҳтимоли сар задани рашк вуҷуд дорад. Барои рафъи асабоният ба корҳои хона машғул шавед. Шумо тавони корӣ ва иродаи қавӣ нишон медиҳед - ин боиси пешравӣ ва эҳтиром мешавад. Вале ҳангоми кор бо ҳуҷҷатҳои расмӣ ва пул эҳтиёткор бошед. Ваъдаи беандеша надиҳед. Хастагӣ ва бемориҳои кӯҳна эҳтимол доранд, худро эҳтиёт намоед.

Далв (21 январ-19 феврал)

Вақти тағйироти ҷиддии ҳаёт фаро расидааст, шояд мехоҳед кор ё муносибатҳои бесамари ошиқонаро хотима диҳед. Бо наздикон баҳс накунед. Агар дар хона сардӣ эҳсос кунед, сабаб шояд дар шумост. Давоми рӯз хабари хуш мешунавед, фурсати хуби пешравии корӣ аст. Даромади ғайричашмдошт, туҳфа ё пешниҳоди хуби корӣ имкон дорад. Аммо эҳтиёт шавед, рӯз метавонад бо хатар ва садама ҳамроҳ шавад. Мардони мучали далв бояд эҳтиёткортар бошанд.

Ҳут (20 феврал-20 март)

Имрӯз эҳсоси ҷалб шудан ба як ҳамкоратон эҳтимол дорад. Эҳтиёткор бошед ва боэҳтиром рафтор намоед. Беҳтараш имрӯз аз волидайн хабар гиред, бо онҳо сӯҳбат кунед, робитаҳои кӯҳнаро зинда созед. Аз иштирок дар баҳсҳои бегона худдорӣ кунед, хатогиро ба шумо нисбат хоҳанд дод. Даромади иловагӣ эҳтимол дорад. Вале эҳтиёт кунед, шояд дар охири рӯз худро беҳолу хаста эҳсос кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД