Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз ё дар рӯзҳои наздик яке аз наздикон, ки ахиран бо ӯ қаҳрӣ будед, бо шумо тамос мегирад. Суҳбат ҳардуятонро ором мекунад. Муҳити роҳати хона ба ҳолати рӯҳӣ таъсир мерасонад, вақти он расидааст, ки муҳити зистро ободтар кунед. Корфармо меҳнати шуморо қадр мекунад, мукофот ва эҳтиром ба даст меоред. Дар масоили молиявӣ эҳтиёткор бошед. Агар худро нороҳат эҳсос кунед, ба худтабобат машғул нашавед, ба духтур муроҷиат кунед.
Савр (21 апрел-21 май)
Агар дар ҷустуҷӯи ҳамсафари ҳаётӣ бошед, аввал худро дӯст доред, имиҷ иваз кунед, касб омӯзед. Имрӯз фаъолу пурғайрат ҳастед, вале эҳтиёт шавед, зиёд кор кардан метавонад зарар расонад. Дар ҷои кор давраи душвор дар пеш аст, шояд техника вайрон шавад ё корҳои барномарезишуда тағйир ёбанд. Оҳиста ва боақлона амал кунед. Вақти он расидааст, ки ба саломатии худ диққати ҷиддӣ диҳед, аз ташхиси тиббӣ гузаред.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Барои онҳое, ки ҳанӯз оиладор нашудаанд, беҳтар аст бештар дар муҳити берун аз хона бошанд. Шояд бо шахсе рӯ ба рӯ шавед, ки бо ӯ ояндаи худро пайванд хоҳед дод. Оиладорҳо бо танқидҳои нозарур рӯ ба рӯ мешаванд, сабру таҳаммул дошта бошед. Имкони дархости боло бурдани маош вуҷуд дорад, агар бо далелу бурҳон муроҷиат кунед. Ҳатто фикрҳои ғайриоддӣ метавонанд манбаи даромади пулӣ гарданд. Аз садама, ҷанҷол ва хатар эҳтиёт шавед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз фикре ба саратон меояд, ки бояд онро ба ҳамсафари ҳаётиатон фаҳмонед, ӯ шуморо дастгирӣ мекунад. Муносибатҳои ошиқона хуб идома мекунанд, ба шарте ки шумо худатон ҳамаро вайрон накунед. Корро бо нақша оғоз кунед, на бо эҳсос. Муноқиша метавонад ба зиён оварда расонад. Вақтгузаронӣ бо дӯстон дар ҳавои тоза ба саломатии шумо фоида хоҳад овард.
Асад (23 июл-23 август)
Имрӯз бояд бо дӯстон бошед ва неруи нав гиред. Шахси нав ба зиндагии шумо ворид мешавад, ки ба шумо таваҷҷӯҳ дорад. Орзуҳои шумо воқеӣ ҳастанд, танҳо вақт ва саъй металабанд. Дар соҳаи кор шояд пешрафт каме суст шавад. Боэҳтиёт бошед, меҳрубонӣ ва самимияти шумо метавонад мавриди масхара қарор гирад. Мушкилиҳои хоб ба саломатӣ таъсири манфӣ мерасонанд, вақти худро дуруст танзим кунед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Муносибатҳои шахсӣ шояд мисли оне, ки шумо интизоред, набошад, вале бо тағйири муносибат ҳама беҳтар мешавад. Оила ором ва бидуни ҳодиса хоҳад буд. Беҳтар аст аз ин оромӣ лаззат баред. Шояд ҳамкорон барои роҳбар туҳфа тайёр кунанд, шумо низ иштирок намоед. Дар худ шубҳа накунед, шумо қобилият доред. Баъзе бемориҳои пинҳонӣ метавонанд фаъол шаванд, фитнес, ҳавз ва истироҳатро фаромӯш накунед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Аз ҷониби дӯстдоштаатон меҳрубониву навозиш табъатонро болида месозад. Агар ҳоло танҳо бошед, ба наздикӣ муҳаббати худро меёбед. Муошират бо дӯстону оила нерӯи нав мебахшад. Ба маслиҳати шахсони боэътимод гӯш диҳед. Имрӯз барои шиносоии нав ва суханони самимӣ вақти хубест. Дар ҷои кор тағйироти мусбат имконпазир аст. Афзоиши даромад ва мукофот эҳтимол дорад. Барои истироҳат ва хурсандии хонаводагӣ вақт ҷудо кунед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз шанси хуби шиносоии нав ҳаст, ки метавонад оғози ишқи ҷолиб бошад. Мушкилоти хонаводагӣ бо кӯмаки калонсолон ҳал мешавад, вале асосан ба худатон такя кунед. Вақти хубест барои омӯзиш ва корҳои эҷодӣ. Мушкиле, ки дер боз ором буд, худ аз худ ҳал мешавад. Қарзе, ки фаромӯш карда будед, бармегардад. Аммо эҳтиёт шавед, хароҷоти ногаҳонӣ дар пеш аст. Аз хӯрдани зиёд худдорӣ намоед, меъдаатон зарар мебинад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Шумо бо пухтупази болаззат дили наздиконатонро ба даст меоред. Агар бо касе ҷанҷол доштед, фурсати оштӣ фаро расидааст. Рӯз барои ҳал кардани низоъҳо мусоид аст. Корро якҷоя анҷом диҳед, ба гурӯҳ раҳбарӣ кунед. Шитобкорӣ метавонад ба натиҷаҳои нодуруст оварда расонад. Барои қарорҳои муҳим вақт ҷудо кунед. Қувваи худро сарф накунед, он ба зудӣ барои масъалаи калон лозим мешавад.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз шояд муҳаббати нав оғоз гардад, ба ҳисси худ бовар кунед. Шумо хоҳиши тағйир додани муҳити атрофро доред, шояд ба таъмири хона даст занед. Дар пеш корҳои эҷодӣ ва рӯҳбаландкунанда қарор доранд. Баъзеҳо шанси иваз кардани ҷои корро доранд. Бо роҳбар ё шахси таъсиргузор мулоқот кунед, барору комёбӣ интизоратон аст. Саломатии шумо зери хатар аст, хӯроки вазнин нахуред.
Далв (21 январ-19 феврал)
Шумо одат кардаед, ки ҳама хоҳишатонро дӯстдоштаатон иҷро мекунад. Акнун вақте расидааст, ки нақшҳоро иваз кунед. Энергияи худро барои ободонии хона равона созед, натиҷа шуморо шод мегардонад. Қобилиятҳои худро нишон медиҳед, вале сарҳадро нигоҳ доред. Лоиҳаҳои бузургро оҳиста иҷро кунед. Шиносе ба шумо пешниҳоде мекунад, ки вазъи молиятон беҳтар мегардад. Барои истироҳат ва барқарор кардани нерӯ вақт ҷудо кунед.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Шумо ҳанӯз умед доред муносибатҳои пешинаи ошиқонаро барқарор кунед? Беҳтараш ин фикрро тарк кунед. Ба овозаҳо бовар накунед, мумкин аст фиреб хӯред. Шарикатонро ба сайру гашт ё мағоза рафтан даъват кунед. Шояд дигарон сустӣ нишон диҳанд, вале шумо онҳоро рӯҳбаланд месозед. Агар имрӯз хариди калон карданӣ бошед, эҳтиёткор бошед! Имрӯз рӯйдодҳои зиёд пеш меояд, ки неруи зиёд талаб мекунад.