1xbet
ТОЛЕЪНОМАИ 25-УМИ ИЮНИ СОЛИ 2025
882

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз эҳтимол аст ба муҳаббати кӯтоҳмуддат рӯ ба рӯ шавед. Барои муошират бо дӯстон ва наздикон рӯзи мувофиқ аст. Баъзе мушкилиҳои ғайричашмдошт рух медиҳанд, аммо рӯҳбаланд бошед. Шояд сафарҳои кории ногаҳонӣ бароятон таҷрибаи гаронбаҳо оваранд. Қарз нагиред, беҳтараш аз наздикон кумак пурсед. Агар асабҳоятон ноором бошанд, истироҳат кунед ва чораҳои пешгирикунанда бинед.

Савр (21 апрел-21 май)

Дар масъалаҳои ошиқона ва оилавӣ ба садои дили худ гӯш диҳед. Аз баҳс бо шахси наздик худдорӣ намоед. Барои он ки рӯҳияатон хуб шавад, ба рухсатӣ ё сафар бароед. Шояд хабаре шунавед, ки боиси дигаргуниҳои мусбат дар кор ё муҳаббат гардад. Имрӯз эҳсосотатон нопойдор аст, харидҳои эҳсосиро канор гузоред. Ҳасрати рӯзҳои гузашта метавонад шуморо андак ғамгин созад.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Имрӯз зебо ва ҷаззоб ба назар мерасед. Агар касеро дӯст доред, фурсати муносиб барои изҳори муҳаббат аст. Ба наздикон диққат диҳед, беэътиноӣ зиндагиатонро талх месозад. Дар кор ростқавл бошед, ҳатто дурӯғи кучак метавонад оқибати нохуш оварад. Агар бо тиҷорат сарукор доред, шуморо сафарҳои корӣ дар назар аст. Дар баробари меҳнат кардан истироҳатро фаромӯш насозед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ҷодаи муҳаббат ҷасур бошед, эҳтимол вохӯриҳои гуворо дар пешанд. Рӯз бо муошират пур мешавад: дӯстони кӯҳнаву шиносоҳои нав ба хотир меоянд. Шояд вазъе пеш ояд, ки ҳушёрӣ ва чолокии шуморо талаб кунад. Агар бо ҳуҷҷатҳои молиявӣ сарукор доред, хеле бодиққат бошед. Пешниҳоди кории нав ё баланд шудани маош имконпазир аст. Варзишро фаромӯш накунед, он ба шумо неру мебахшад.

Асад (23 июл-23 август)

Аз дӯстдоштаатон талаби зиёд накунед, дар дунё одами бе камбудӣ нест. Ба наздикон бо меҳрубонӣ муносибат намоед. Шояд бо хешовандон каме нофаҳмӣ пеш ояд. Фарзандон сабру таҳаммул талаб мекунанд. Эҳтимол аст, ки нақшаҳои кориятон аз сабаби сафар ё санҷиш ба таъхир афтад. Ба саломатӣ диққат диҳед, хӯроки солим истеъмол намоед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Шомро бо шахси дӯстдошта дар консерт, театр ё тарабхона сипарӣ кунед. Давоми рӯз шояд хабаре гиред, ки асабатонро ноором кунад. Барои меҳнати хубатон мукофоти ғайриинтизор хоҳед гирифт. Агар нияти зиёд кардани маблағи худро дошта бошед, имрӯз аз қарорҳои муҳим худдорӣ намоед. Варзишро бо эҳтиёт анҷом диҳед, хатари ҷароҳат бардоштан мавҷуд аст.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз вохӯрии ғайриинтизор метавонад ба муносибати ошиқона мубаддал гардад. Замони мусоиде барои шурӯи муносибати нав аст. Сафар ба нафъатон мешавад. Дар ҷои кор эҳсосоти бади худро ба дигарон нагузаронед, ин боиси нофаҳмӣ мешавад. Шумо метавонед даромади бештар ба даст оред, роҳи пулкоркунии оқилонаро биандешед. Барои барқарорсозии қувва, дар муҳити ором будан беҳтар аст.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз нафаре ба шумо меҳру муҳаббат нишон медиҳад, аммо барои шурӯи муносибати нав фурсати муносиб нест. Харид дар бозору мағоза ва дидор бо дӯстон рӯҳатонро болида мекунад. Имрӯз имкони ба даст овардани даромади зуд вуҷуд дорад, вале хатарҳоро бодиққат баррасӣ кунед. Рӯҳияи мусбататон саломатиро низ беҳтар мегардонад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Агар чизе мувофиқи нақша набошад, асабӣ нашавед. Дар муносибатҳои ошиқона баҳсу нофаҳмӣ эҳтимол дорад. Масоили майдаи рӯзгор ҳалшавандаанд, агар дарк ва ҳамдигарфаҳмӣ бошад. Ба тарбияи фарзандон аҳамият диҳед. Корҳои оддӣ осон иҷро мешаванд, аммо корҳои нав душвор хоҳанд буд. Дар муноқишаҳо ширкат накунед, худро ҳифз кунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Шахси дӯстдошта бо меҳрубонӣ ва туҳфаҳо шуморо шод мекунад. Барои посухи самимӣ омода бошед. Барои беҳтар шудани муносибатҳоятон якҷоя саёҳати ғайриодӣ тарҳрезӣ кунед. Дар ҷои кор бо касе ҷанҷол накунед, дар акси ҳол, мухолифон пайдо мешаванд. Дар масъалаҳои молӣ эҳтиёт кунед, хавфи хароҷоти зиёд вуҷуд дорад. Бо ақлу оромӣ амал кунед. Тандурустии шумо хуб хоҳад буд, агар худатонро аз хастагӣ муҳофизат намоед.

Далв (21 январ-19 феврал)

Имрӯз роҳҳои нави баён кардани эҳсосоти ошиқонаро кашф мекунед. Рӯйдодҳои ногаҳонӣ имкон доранд, вале шумо бояд хеле ором бошед. Агар наздикон ба шумо муроҷиат кунанд, онҳоро рад накунед. Агар орзуҳоятон ба таъхир афтад, ноумед нашавед, вазъ метавонад ногаҳон беҳбуд ёбад. Аз хариди шитобкорона худдорӣ кунед. Ин рӯз барои рушди ботинӣ ва барқарории равобити кандашуда мусоид аст.

Ҳут (20 феврал-20 март)

Дар муҳаббат сабрро пеша кунед, ба ҳеҷ кас фишор наоред. Шиносоии нав ба назар ҷолиб менамояд, аммо шояд ноумедкунанда бошад. Дар оила баҳси молиявӣ эҳтимол дорад. Барои иҷрои нақшаҳо рӯзи хуб аст. Қувваи зиёде сарф мекунед, бинобар ин, вақти худро дуруст тақсим кунед. Қарори муҳиме дар масъалаи пул қабул мекунед, эҳтиёт кунед, то хато накунед. Ба табиат бароед ва варзиш кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД