Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз эҳсоси пазмонӣ ва дилтангӣ доред. Агар зиндагиатон якранг шуда бошад, иваз кардани муҳит кумак мерасонад. Вақти озод барои истироҳат пайдо мешавад, вале даромад кам мешавад. Барои оғози тиҷорати шахсӣ рӯзи мусоид аст, хусусан дар соҳаи фурӯши молҳои серхаридор. Андешаҳои бадро аз худ дур кунед. Агар оянда ба назаратон торик намояд, шеваи фикрро дигар кунед, ҳама чиз аз тафаккури шумо вобаста аст!
Савр (21 апрел-21 май)
Имрӯз шояд шиносоии ҷолибу кӯтоҳмуддат рух диҳад. Ба туфайли ҷозибаи худ таваҷҷуҳи дигаронро ҳамеша ҷалб мекунед. Дилатон муҳаббат мехоҳад, вале корҳои маишӣ имкон намедиҳанд, ки ба ишқбозӣ дода шавед. Сабр кунед. Дар кор ҳама чиз хуб аст, вақтатонро барои худ сарф кунед. Аз хароҷоти бемаънӣ худдорӣ намоед. Барои саломатӣ ба худ фишор наоред, истироҳат муҳим аст.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Агар ба наздикӣ муносибати ошиқона оғоз кардаед, пас чанд рӯз боэҳтиёт ва ором бошед, эҳтимоли сар задани низоъҳо вуҷуд дорад. Имрӯз барои харидани мебел ё таҷҳизот хуб аст. Шахсони танҳоро вохӯрии ошиқона интизор аст. Дар атрофатон ҳасудон зиёд мешаванд, бодиққат бошед. Аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷӯед. Эҳтимоли талафоти молӣ зиёд аст. Вақтро бо истироҳати ором гузаронед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Рӯзи муносиб барои аз нав баррасӣ кардани ҳаёт ва фикрҳои шахсӣ аст. Нафароне, ки нав издивоҷ кардаанд, шояд ба нофаҳмиҳо дучор шаванд. Ҳодисаи муҳим метавонад тамоми зиндагиятонро дигар кунад. Шиносоӣ бо шахси таъсиргузор имкон дорад. Муҳитро тоза ва ороста нигоҳ доред, ин ба ҷалби шодиву неъмат мусоидат мекунад. Аз варзиши хатарнок худдорӣ намоед.
Асад (23 июл-23 август)
Имрӯз эҳтимоли хотима ёфтани як ишқи кӯтоҳмуддат зиёд аст. Мардҳо бояд миёни хоҳиш ва зарурат интихоб кунанд. Барои баъзеҳо сафари ғайриинтизор дар назар аст. Муносибати наздикон ба рӯҳияатон таъсири калон мерасонад. Дилмондагӣ ва нофаҳмӣ бо шарикон ба кор зарар мерасонад. Бегоҳ фаъол мешавед, нерӯи нав пайдо мешавад.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Имрӯз беҳтараш ором бошед ва қувват захира намоед. Бисёриҳо ба назаратон ғалат амал мекунанд, асабӣ нашавед. Масъулиятро ба дигарон напартоед, охир оқибат ҷавобгарӣ бо шумост. Рафтори дуруст калиди муваффақиятанд. Ихтилофи корӣ имкон дорад, вале бо хираду оромӣ аз он мегузаред. Барои беҳбудии вазъи молиявӣ имконот фароҳам аст. Танҳо эҳтиёт кунед, камқувватӣ эҳтимол дорад.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Муносибати нави ошиқона дер давом намекунад. Ҳассосиятатон дар ин рӯз бештар мегардад. Мушкилиҳои дар зиндагиятон сарзадаро имрӯз ҳал карда метавонед. Ҳангоми сарф кардани пул боэҳтиёт бошед. Агар реҷаи солими зиндагӣ доред, саломатиятон хуб хоҳад буд. Ба хӯрду хоб ва оромии рӯҳӣ аҳамият диҳед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Шумо мехоҳед дастовардҳои худро бо наздикон тақсим кунед, онҳо шуморо дастгирӣ хоҳанд кард. Меҳмонӣ ва сафарҳо имкон доранд. Пешниҳодҳои шумо ба роҳбарият писанд меоянд, озодона андеша иброз намоед. Пулро мувофиқи хоҳиш сарф кунед, вале аз зиёдаравӣ парҳез кунед. Аз хӯрокҳои серравған ва нӯшокиҳои сахт худдорӣ намоед, саломатиро бад мекунад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Фикрҳо дар бораи муҳаббат шуморо аз кори рӯзмарра дур мекунанд. Хотираҳои ширин нерӯ мебахшанд. Имрӯз осон ошиқ мешавед. Аммо оиладорон бояд эҳтиёт кунанд, масъулиятро фаромӯш накунанд. Дар кор нофаҳмиҳо пеш меоянд, вале шахси нав кумак мекунад. Агар бо мол сарукор доред, чанд рӯзи оянда боэҳтиёт бошед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Табъи хушу болида барои шиносоии ошиқона мусоидат мекунад. Баъзе воқеаҳо назари шуморо ба зиндагии хонаводагӣ дигар мекунанд. Дар касбу кор бо ҷасорату устуворӣ муваффақ мешавед. Нимаи дуюми рӯз тағйироти ғайриинтизор меорад, нақшаҳоро бояд иваз кунед. Дар муколама бо ҳамкорон боэҳтиёт бошед. Варзиши сахт мувофиқ нест, танҳо машқҳои сабук, фитнес ё аэробика тавсия мешавад.
Далв (21 январ-20 феврал)
Имрӯз барои шурӯи ишқи нав фурсати хуб аст. Бе тарс як нафарро ба мулоқот даъват кунед. Аммо ба маслиҳати як зани калонсол шубҳа кунед, на ҳамеша рост ва мувофиқ аст. Яке аз ҳамкорон кӯмак хоҳад кард, онро рад накунед. Шароит мусоид аст, вале аз муомилаҳои хатарноки молӣ парҳез кунед. Эҳсосотро идора кунед ва аз баҳсҳо дур бошед. Оромиву муҳити мусбат саломатиро беҳтар мекунад.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Агар шумо то ҳол муҷаррад ҳастед, имрӯз шиносоии ҷолибу пурумед дар пеш аст. Рӯҳияатон баланд мешавад, нақшаҳоятон бузург. Корҳои хонагӣ вақт мегиранд, вале хушҳолатон мекунанд. Имкон аст сафари корие пеш ояд, ки имконоти нав мекушояд. Ба пешравии касбӣ ва даромади иловагӣ омода бошед. Аммо асабоният ва хастагӣ метавонад саломатиро заиф созад. Барои оромӣ китоб бихонед ё филми хуб тамошо кунед.