Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз занони мучали ҳамал таваҷҷуҳи зиёд мегиранд, аммо на ҳама муносибатҳо самимӣ хоҳанд буд. Вақтатонро ба касоне бахшед, ки бароятон арзандаанд. Бубинед, ки кӣ дар ҳақиқат дӯст аст. Бо сарфакорӣ зиндагиро осонтар мекунед. Барои харҷи ногаҳонӣ пул дар даст дошта бошед. Субҳ эҳтимоли каме ғамгин шудан ҳаст, вале то шом ҳамааш беҳтар мешавад.
Савр (21 апрел-21 май)
Имрӯз барои духтарони мучали савр эҳтимоли пайдо шудани муҳаббати нав вуҷуд дорад. Бо дӯстон мулоқот кунед, ин равобитро мустаҳкам мекунад. Аз расму одатҳои нодаркор даст кашед, онҳо метавонанд ба баҳс оварда расонанд. Бо дилу нияти пок кор кунед, дар меҳнат роҳат хоҳед ёфт. Ба саломатӣ диққат диҳед, аз хастагӣ ва нӯшидани қаҳваи зиёд парҳез намоед.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Имрӯз эҳтимол муҳаббати ногаҳонӣ шуморо ба ҳайрат оварад. Агар ба ин тайёр нестед, эҳтиёт кунед. Дар масъалаҳои хонаводагӣ ва рӯзмарра масъулиятро фаромӯш накунед. Фароғатро ба таъхир гузоред, вазифаҳоро дар аввал иҷро кунед. Мушкилиҳои молиявӣ имкон доранд, вале бо сарфаҷӯӣ паси сар мешаванд. Аз хӯрдани хӯроки хунук ва нӯшокиҳои сард худдорӣ намоед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз шумо бо шахси ҷолиб шинос шуда метавонед, дар чорабиниҳо фаъол бошед. Эҳтимоли баҳс бо наздикон зиёд аст, вале ба зудӣ онро ҳал кунед. Бо кор пурра машғул шавед, масъалаҳои муҳимро ҳал кардан мумкин аст. Барои худ вақти холӣ диҳед. Аз нӯшокиҳои нерубахш ва кофеин худдорӣ намоед. Дар ин рӯз асабониятатон меафзояд. Барои осоиш оромӣ ҷӯед.
Асад (23 июл-23 август)
Имрӯз шонси хуби шиносоии нав доред, шахсеро пайдо мекунед, ки арзишҳои шуморо қадр мекунад. Ба ҳамсафари ҳаётии худ бовар кунед ва бе далел ӯро танқид накунед. Барои хаста нашудану ҳамеша нерӯманд будан, дар баробари кор фароғат кунед. Мулоқот бо дӯстон, рафтан ба кино ё тамошогоҳ ба шумо рӯҳияи хуб мебахшад. Корҳоро ором иҷро кунед, асабонияти зиёд метавонад сардард орад.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Имрӯз зебоӣ ва ҳунари сухандониву суханварии шумо бенатиҷа намемонад, шояд шиносии нав дар пеш бошад. Аз баҳсу муноқиша бо наздикон худдорӣ кунед. Бо хориҷиён ҳамкорӣ кардан муфид аст. Ҳалли масъалаҳои пулӣ дар дасти худатон аст, ҳар қадаматонро бодиққат гузоред. Аз хастагӣ ва стресс дурӣ ҷӯед. Йога, нафаскашии амиқ ва оромӣ фоида меоранд.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз барои изҳори муҳаббат ё мулоқоти ошиқона рӯзи хуб аст. Аз наздикон хабарҳои хуш мешунавед. Рӯз метавонад бо нофаҳмӣ сар шавад, вале шом ҳама чиз беҳ мешавад. Ба касбу кор диққат диҳед, имкони муваффақ шуданатон зиёд. Бо мардум бо эҳтиром бошед, худнамоӣ накунед. Эҳтимол касе пешниҳоди даромади осон кунад, эҳтиёт шавед, фиреб аст. Оби бештар нӯшед ва аз шириниҳо парҳез кунед, аллергия эҳтимол дорад.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз вақти хубест барои мулоқоти ошиқона бо шахси дӯстдошта. Барои харид рӯзи муносиб нест, баҳсҳо имкон доранд. Ба дархостҳои шубҳаовар розӣ нашавед, дар оянда пушаймон мешавед. Агар вазъи молиявӣ каме душвор бошад, ноумед нашавед, ба зудӣ рӯ ба беҳбудӣ меёбад. Эҳтимол рӯҳияи шумо паст шавад, фикр накунед, ки ҳама бар зидди шумост. Хабарҳои хуш дар пешанд.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар ин рӯз шуморо муҳити ошиқона иҳота мекунад, эҳтимоли бо шахсе шинос шудану ошиқ шуданатон зиёд аст. Имрӯз ҳама гуна харид фоидаовар хоҳад буд. Аз корҳои вазнин, бахусус хонатозакунӣ, худдорӣ намоед. Эҳтимол дар иҷрои нақшаҳо душворӣ ҳис кунед, ба худ бовар кунед. Бо роҳбар ва ҳамкорон бодиққат бошед. Эҳтиёт шавед, чарх задани сар мумкин аст.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ҷодаи муҳаббат каме нофаҳмӣ эҳсос мешавад, шояд сабабаш нофаҳмиҳои ҷамъшуда бошад. Шитоб накунед, ҳамааш ба зудӣ рӯшан хоҳад шуд. Ба аҳли оила диққати бештар диҳед, ба наздикон муҳаббат ва ғамхорӣ даркор аст. Ба кори дӯстдошта машғул шавед, натиҷа хуб мебарояд. Имрӯз барои харидҳои калон ва қарорҳои молиявӣ рӯзи мусоид аст. Барои саломатӣ машқи сабук ва пиёдагардӣ муфид хоҳад буд.
Далв (21 январ-20 феврал)
Шахси наздик метавонад нохост монеаи пешрафти шумо шавад, ба шумо сабру тоқат лозим аст. Ба эҳсосот дода нашавед. Ба шароити хонаводагӣ ва масъалаҳои молӣ диққат диҳед. Дар ҷои кор вазъият хуб аст, малакаҳои шумо қадр мешаванд. Бо вуҷуди меҳнат кардан, фоида зиёд намешавад, даромади иловагӣ ҷустуҷӯ кунед. Фишори хун ва кори дилро назорат кунед. Аз муноқиша ва эҳсосоти манфӣ дур бошед.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Имрӯз барои ҷустуҷӯи муҳаббат дар интернет вақти муносиб нест, эҳтимоли фиреб хӯрдан зиёд аст. Ба дарди дигарон бетараф набошед, кӯмак карданатон боиси эҳтиром мешавад. Дар ҷои кор, тартибу интизомро риоя намоед, роҳбар шуморо назорат менамояд. Барои пешрафти молӣ замина гузоред. Агар мошин меронед, эҳтиёткор бошед. Беҳтараш рӯҳан ором бошед, хатарро пешгирӣ кунед.