tobiston
ТОЛЕЪНОМАИ 29-УМИ ИЮНИ СОЛИ 2025
919

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз бояд ҳунару маҳорати худро ба атрофиён нишон диҳед. Аз наздикон дур нашавед, муҳити оилавӣ ба шумо рӯҳбаландӣ мебахшад. Кӯшишҳоятон натиҷа медиҳанд, шояд роҳбаратон шуморо барои мансаби нав баррасӣ намояд. Аз хароҷоти зиёдатӣ худдорӣ намоед, душвориҳои молӣ эҳтимол доранд. Муноқиша бо фарзандон имконпазир аст, сабурӣ нишон диҳед. Барои аз ноумедӣ раҳидан, бо машғулияти фоидаовар машғул шавед.

Савр (21 апрел-21 май)

Шахси ҷолибе шуморо ба дидор даъват мекунад, аммо шитоб накунед. Агар бо касе муносибати ҷиддӣ доред, беҳтараш онро расмӣ созед. Имрӯз кори масъулиятнокеро оғоз мекунед, ки ба болоравии касбӣ мусоидат мекунад. Ба таҷриба ва ҳисси ботинии худ такя кунед. Аз хастагӣ эҳтиёт шавед, истироҳати фаъол, бахусус дар табиат, ба шумо неру мебахшад.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Дар муҳаббат беҳтараш фосила гиред, мулоқоти ошиқона метавонад боиси нофаҳмӣ гардад. Бо нафарони наздик муносибатҳо хуб мешаванд, агар аз саросемагӣ канора гиред. Рӯзро пешакӣ нақша кашед, то ба ҳадафҳо бирасед. Барои амалиёти молиявӣ рӯзи мусоид аст. Агар вазни худро кам кардан хоҳед, беҳтараш баъдтар шуруъ кунед, ҳоло танҳо миқдори хӯрокро назорат кунед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз эҳтимол нақшаҳоятон дар муносибатҳои ошиқона халалдор гардад. Хабарҳои нохуш имкон доранд, ки сабабгори руҳафтода гаштанатон мегарданд. Вақти ҷуръат ва амал аст, ҳатто агар хато кунед, ҳамеша талош менамоед. Сатҳи даромаду хароҷотро назорат намоед. Ҳангоми варзиш ё кори ҷисмонӣ дастони худро аз лат хӯрдан эҳтиёт кунед.

Асад (23 июл-23 август)

Имрӯз фурсат ҳаст, ки иштибоҳҳои гузаштаро ислоҳ кунед. Шояд бо дӯстони пешина дидорбинӣ кунед. Маълумоти гирифтаатонро махфӣ нигоҳ доред, бо нобоварӣ наздиконро ранҷонданатон мумкин аст. Шахси ҳасуд метавонад зидди шумо амал кунад, сирҳоятонро нигоҳ доред. Аз хароҷоти ғайриинтизор эҳтиёт шавед. Барои осудагӣ ба машғулияти дӯстдошта рӯ оред.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Дар остонаи иқдоми ғайричашмдошт қарор доред. Худро дар ягон кор маҳдуд накунед. Муносибатҳои ошиқонаатон сарданд, сабаб дар шумост, дағаливу талхгӯиҳоро бас кунед. Замони хуб барои омӯзиш ва рушди шахсӣ фаро расидааст. Барои хариди калон рӯзи созгор аст. Аз худтанқидкунӣ худдорӣ кунед, беҳтараш рӯ ба кори созандае оваред. Парҳези шадид метавонад ба меъда таъсир расонад.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯз барои мулоқотҳои ошиқона хуб аст, аммо корҳои хонагиро ба таъхир андозед. Барои нигоҳ доштани муносибатҳои ошиқона, фикри шахси азизатонро бипазиред. Барои пешрафт дар кор, аз фурсат истифода кунед. Душвориҳои молиявӣ имкон доранд, вале муваққатӣ мебошанд. Истеъмоли зиёди хӯроки шӯр метавонад сабаби варам карданатон ҳангоми субҳ гардад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз эҳтимол нафареро, ки хуб мешиносед, ба шумо изҳори муҳаббат намояд. Барои шахси дӯстдошта тӯҳфаи хурдакак низ хушбахтӣ мебахшад. Агар бо ҳуҷҷатҳо сарукор дошта бошед, онҳоро бодиққат мутолиа кунед. Шароит барои дӯстёбӣ ва барқарор кардани муносибатҳои пешина мусоид аст. Аз ҷойҳои серодам канора гиред, хатари гирифторшавӣ ба бемориҳои вирусӣ вуҷуд дорад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз дар қалбатон хотироти ишқи гузашта дубора зинда мешавад. Ба ҳамсафари ҳаётии худ сипос гӯед ва ӯро бо амали ногаҳонӣ шод гардонед. Имрӯз имконияти рушди корӣ ҳаст, аз он истифода кунед. Барои соҳибкорон фурсати хуб барои сармоягузорӣ ва пардохти қарз аст. Каме хастагӣ эҳсос мешавад, беҳтараш варзишро имрӯз тарк кунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз бо наздикон меҳрубон бошед, ба онҳо муҳаббат ва ғамхорӣ нишон диҳед. Шояд фарзандон аз шумо бештар диққат талаб кунанд. Дар ҷои кор бо шахсиятҳои ғайримуқаррарӣ рӯбарӯ мешавед, барои фаҳмиданашон вақт лозим аст. Дар масъалаҳои молиявӣ пешравӣ эҳсос мешавад. Худро бо таомҳои дӯстдошта шод кунед, ин подоши кӯшишҳои охири шумост.

Далв (21 январ-20 феврал)

Рӯз бо ноумедӣ ва шубҳаҳо ҳамроҳ мешавад. Ба ҳиссиёти худ гӯш диҳед. Дар нимаи дувуми рӯз бо наздикон ихтилоф эҳтимол дорад. Барои корҳои расмӣ рӯзи номувофиқ аст - беҳтараш корҳои нопурраро анҷом диҳед. Варзиш ба шумо барои раҳоӣ аз фишори равонӣ кӯмак мекунад.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Имрӯз шумо дар маркази диққати атрофиён қарор мегиред! Муносибати хуби оилавиятон аз рафтори шумо вобаста аст. Дар ҷои кор ба ҷои шахси дигар кор карданатон лозим меояд. Рӯз барои оғоз кардани кори нав мусоид аст. Барои оромиши асаб бо корҳои маъмулӣ машғул шавед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД