tobiston
ТОЛЕЪНОМАИ 30-ЮМИ ИЮНИ СОЛИ 2025
623

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз ҷаззобияти шумо дар авҷ аст. Агар танҳо бошед, шонси хуби шиносоии ошиқона вуҷуд дорад. Бо вуҷуди ин, агар хоҳед, метавонед ин вақтро дар танҳоӣ паси сар кунед. Аз қарорҳои ҷиддӣ ва баҳсҳо канора гиред. Агар ба баҳс кашида шавед, худро паст назанед. Агар имконият пайдо шавад, маҳорат ва ташаббуси худро нишон диҳед, ин метавонад ба пешравии касбӣ мусоидат кунад. Соҳибкорон бояд муносибатҳои кормандонро зери назорат гиранд. Варзиши сабук ё сайругашт ба саломатӣ фоида мерасонад.

Савр (21 апрел-21 май)

Имрӯз эҳсосоти ошиқонаатон авҷ мегирад. Шояд шахсе шуморо ҷалб кунад ва ба дилатон роҳ ёбад. Агар бо наздикон муноқиша ё хафагӣ доштед, вақти оштӣ кардан фаро расидааст, фаромӯш насозед, ки дар ҳама ҳолат онҳо такягоҳи шумоянд. Хароҷоти бемаврид накунед ва аз амалҳои носавоб худдорӣ намоед. Энергия ва рӯҳияатон хуб аст.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Имрӯз дар муносибат бо шахси дӯстдошта нофаҳмӣ метавонад рух диҳад, эҳтимол ӯ дигар ба нақшаҳои шумо таваҷҷуҳ надорад. Пас аз нисфирӯзӣ бештар ба корҳои хонавода диққат диҳед. Хобе, ки дидед, таъбири баръакс дорад. Рӯз барои харид кардан хуб аст, вале на барои амволи калон. Имкони ба даст овардани маблағи калон дар назар аст.

Саратон (22 июн-22 июл)

Агар танҳо бошед, вақти худро ба кори судманд бахшед. Оиладорон беҳтараш нисбати ҳамсар меҳрубонтар бошанд. Харидҳоятон бобарор анҷом меёбанд, вале аз корҳои вазнини хонагӣ худдорӣ кунед. Роҳбарият заҳмати шуморо мебинад ва эҳтимоли гирифтани мукофот вуҷуд дорад. Барои хариди хона ё мошин фурсати хуб аст. Аз хӯроки вазнин ва нӯшокиҳои спиртӣ канораҷӯӣ кунед, меъдаатон ҳассос аст.

Асад (23 июл-23 август)

Агар хоҳиши тағйир додани ҳаёти шахсиро дошта бошед, имрӯз вақти муносиб нест, тағйирот шояд писанд наояд. Ба дӯстдоштаатон хубтар диққат диҳед, меҳратон зиёд мегардад. Рӯзи хубест барои оғоз кардани лоиҳаи нав ё омӯзиши чизе тоза. Дар ҳисоботҳо бодиққат бошед, хатоҳои хурд метавонанд бадбахтиҳои калон оваранд. Имрӯз эҳтимоли ишқбозӣ вуҷуд дорад, вале аз ҳад нагузаронед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Агар муносибатҳои ошиқона сард шуда бошанд, шояд вақти ҷудо шуданатон фаро расидааст. Баъзан тарки робита барои шурӯи нав зарур аст. Ба масъалаҳои хонагӣ таваҷҷуҳи бештар диҳед. Бо наздикон ростқавл бошед, он чӣ дар дил доред, бигӯед. Дар касбу кор масъулиятшиносӣ нишон диҳед, натиҷаҳо дер намеоянд. Ғарази бадхоҳон метавонад корро заҳролуд кунад, вале ҳамкорӣ бо шахси дуруст самаранок хоҳад буд. Аз истеъмоли гӯшти зиёд ва машрубот худдорӣ намоед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз ба худ савол диҳед: аз зиндагӣ ва муносибатҳои ошиқона чӣ мехоҳед? Аз хулосаи шитобкорона худдорӣ кунед, эҳтимол иштибоҳ намоед. Агар кирдори наздикон шуморо озорад, бо онҳо сӯҳбати самимӣ кунед. Дар кор вазнинӣ зиёд аст, вале шумо аз уҳдааш хуб мебароед. Рӯҳатон болида аст, барои бадан низ ҳаракат лозим аст. Имрӯзро фаъолу боҳуш паси сар кунед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз метавонед шахсеро, ки ба шумо писанд аст, ба мулоқот даъват кунед, он метавонад оғози муҳаббати нав гардад. Пас аз нисфирӯзӣ баъзе душвориҳо пайдо мешаванд, вале монеаҳо зуд бартараф мешаванд. Шояд пешниҳоди кори нав шавад, қабл аз қабул ҳама ҷиҳатро санҷед. Меҳнат ва сарфакорӣ ба фоидаи шумо аст. Ба саломатӣ диққат диҳед, агар субҳгоҳон нотоб мешуда бошед, вақти он аст, ки иммунитетро тақвият диҳед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Шиносоии ҷолиби ошиқона метавонад дар пеш бошад! Беҳтараш ба наздикон аҳамияти бештар диҳед, дар оянда ба кӯмаки онҳо ниёз пайдо мекунед. Имрӯз барои иҷрои корҳои таъҷилӣ мувофиқ аст. Вақти худро дуруст тақсим карда, тамоми корро пеш аз мӯҳлат анҷом медиҳед. Дар фикри даромади иловагӣ бошед. Барои бартараф кардани стресс бо корҳои дӯстдоштаи худ машғул шавед. Дастгирии наздикон бароятон муҳим аст.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз эҳтимоли пайдо намудани муҳаббати нав кам аст. Шумо асабонӣ ва бетоб мешавед. Беҳтараш рӯзро ором дар хона гузаронед. Шумо идеяҳои эҷодӣ доред, кӯшиш кунед онҳоро амалӣ намоед, агар воқеӣ бошанд. Дар хароҷот бодиққат бошед, қарорҳои нодуруст метавонанд ба зиён оварда расонанд. Омадани меҳмонро интизор бошед.

Далв (21 январ-20 феврал)

Имрӯз ба масъалаҳои ошиқона таваҷҷӯҳ диҳед. Шояд шахсе аз гузашта бармегардад. Барои нафарони танҳо мулоқоти ошиқона эҳтимол аст. Барои пешгирии асабоният истироҳати равонӣ лозим аст. Аз корҳои душвор ва гуфтугӯҳои муҳими расмӣ дурӣ ҷӯед, одамон метавонанд нофаҳм бошанд. Эҳтимоли хароҷоти ғайричашмдошт ва талафоти пулӣ вуҷуд дорад, бо пул эҳтиёткор бошед. Хабарҳои бадро аз худ дур намоед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Имрӯз ҳамаи рӯйдодҳо ба манфиати шумост. Имкони баҳс бо ҳамсоягон вуҷуд дорад, вале осоиш беҳтар аз ҷанҷол аст. Бо вуҷуди серкорӣ, қобилияти кории шумо баланд аст. Ин рӯз фурсати хубест барои баррасии масъалаҳои молиявӣ. Шом аз ҷамъомадҳое, ки хавфи ҷанҷол доранд, дурӣ ҷӯед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД