1xbet
ТОЛЕЪНОМАИ 7-УМИ ИЮНИ СОЛИ 2025
1541

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз рӯзи хубе барои мулоқотҳои ошиқона аст. Агар дер боз интизори пешниҳоди ҷиддӣ аз ҷониби дӯстдоштаатон ҳастед, беҳтар аст худ иқдом намоед. Барои навхонадорон баҳси ночизе пеш меояд, ки беҳтар аст онро сарфи назар кунанд. Эҷодкорон илҳоми бузург эҳсос мекунанд, фурсатро аз даст надиҳед! Муваффақият насиби онҳоест, ки боҷуръату матинанд. Ба фаъолияти ҷисмонӣ диққат диҳед, баданатон эҳтиёҷи ҳаракат дорад.

Савр (21 апрел-21 май)

Имрӯз барои сар кардани муносибатҳои ошиқона лаҳзаи муносиб нест, эҳтимоли ноумедӣ вуҷуд дорад. Вале бо шахси дӯстдоштаатон робитаҳо беҳтар мешаванд ва барои нақшаҳои оилавӣ, ҳатто фарзанддорӣ, вақташ расидааст. Дар кор худро аз ҳад зиёд хаста накунед. Вазъи молӣ устувор боқӣ мемонад, вале аз сарфи беҳуда худдорӣ намоед. Варзиш ба шумо фоида меорад, танатонро қавӣ нигоҳ доред.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Шахсе, ки шуморо пинҳонӣ дӯст медорад, ниҳоят худро нишон медиҳад, аммо эҳтимол аст, ки ин робита ҷиддӣ нашавад. Масъалаи тарбияи кӯдакон муҳим мегардад, сабру таҳаммул ва эътимодро дар муносибатҳо риоя кунед. Пешниҳодҳои ҷолиби корӣ дар пешанд. Имрӯз шарикони боэътимоди тиҷоратӣ пайдо кардан мумкин аст. Аммо саломатии қалбу рагҳо диққати махсус мехоҳад, аз стресс парҳез кунед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз бо ҷозиба ва самимияти худ метавонед дили як нафарро тасхир намоед. Дар хона фазои ором ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо хоҳад буд. Дар соҳаи касбӣ идеяҳои нав пешкаш мекунед ва роҳбарият шуморо қадр мекунад, аммо аз кори зиёдатӣ худдорӣ намоед. Даромади иловагӣ низ эҳтимол дорад. Ба саломатиатон диққат диҳед, аз хастагӣ парҳез кунед ва хобу истироҳати кофӣ гиред.

Асад (23 июл-23 август)

Ҷозибаи шумо имрӯз одамонро ба худ ҷалб мекунад, аз ин фурсат истифода баред, то тағйироти мусбат ворид намоед. Аммо дар оила нороҳатие эҳсос мешавад, кӯшиш кунед бо нармӣ рафтор намоед. Идеяҳое, ки имрӯз дар сар доред, метавонанд дар оянда фоида биёранд. Агар соҳиби бизнес бошед, тавсия мешавад бо ҳамкорони нав шинос шавед. Эҳсосоти худро озодона изҳор кунед, ин ба шумо сабукии равонӣ мебахшад.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Имрӯз дар муносибатҳои ошиқона ба шумо фазои озод лозим аст, набояд худро маҳдуд ҳис кунед. Эҳтимол масъалаи падару модар ё наздикон дар маркази диққат қарор гирад. Муноқишаҳои корӣ ба поён мерасанд. Фаромӯш накунед: муҳаббат ва одамони азиз аз мол муҳимтаранд. Дар масоили тандурустӣ хабари хуш мешунавед, саломатиатон рӯ ба беҳбудӣ дорад.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар муносибатҳои ошиқона ба эҳтиром ва боварии якдигар диққат диҳед. Аз ҷангу нофаҳмиҳо канорагирӣ кунед. Имрӯз дағалӣ кардан ба шумо намезебад, худнамоиро як сӯ гузоред. Барои сафарҳо рӯзи мусоид аст, маълумоти зиёде ба даст меоред. Аммо эҳтиёт шавед: гуфтугузори ҳамсояҳо метавонад шуморо ба ташвиш орад. Аз харҷи зиёд худдорӣ кунед. Як чизи нав ба рӯзатон илова кунед, якрангии ҳаррӯза шуморо хаста кардааст.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Ба муҳаббати шахси наздикатон шубҳа накунед, беасос айбҷӯӣ кардан метавонад боиси канда шудани муносибат гардад. Барои худ лаҳзаи оромонае созмон диҳед, то аз ташвишҳои рӯзона каме дур шавед. Имрӯз бо дили хунук воқеаҳоро баҳогузорӣ мекунед ва метавонед нақшаҳои навро амалӣ намоед. Аз харид дар сайтҳои ношинос худдорӣ намоед. Ба кори вазнин машғул нашавед, беҳтараш ором истироҳат кунед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Агар бепарво рафтор кунед, хато мекунед. Пеш аз ҳама бубинед, ки оё шахсе, ки интихоб кардаед, сазовори шумост. Бо дӯстдоштаатон муноқиша эҳтимол дорад, ҳатто агар ҳақ бо шумо бошад. Дар кор санҷишҳо рух медиҳанд, худатонро нишон диҳед, то мукофот гиред. Вақти тағйироти ҷиддист, хариди калон ва тибқи нақша амал карданро фаромӯш накунед. Кӯшед рӯзро ором гузаронед, аз ташвиши зиёд худдорӣ кунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз вақти он аст, ки худро нишон диҳед ва манфиататонро ҳимоя кунед, фурсатро аз даст надиҳед. Шахси наздик барои машварат муроҷиат мекунад, вале эҳтимол дорад, ки мехоҳад масъулиятро ба шумо бор кунад. Омодагӣ ба сафар заҳматталаб аст, вале натиҷааш хуб хоҳад буд. Дар масъалаҳои молӣ эҳтиёткор бошед, маблағсарфкунии беандеша метавонад хатарнок шавад. Ба саломатиатон аҳамият диҳед, аз нишонаҳои беморӣ чашм напӯшед.

Далв (21 январ-20 феврал)

Бо шахси наздикатон наздикӣ коҳиш ёфтааст, андеша кунед, ки то куҷо муносибататон дуруст аст. Имрӯз корҳои бузурги таъмириро ба фардо монед, қувваатонро сарфа кунед. Бо роҳбар дар мавриди пешравии корӣ суҳбат кунед, вале интиқоди ӯро низ қабул намоед. Хислати саркашӣ метавонад ба карераи шумо таъсир расонад. Энергияи мусбат ва рӯҳияи болида шуморо имрӯз ҳамроҳӣ мекунад.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Шубҳа дар муҳаббат зиёд мешавад, кӯшиш кунед ба шахси дӯстдошта бештар бовар кунед. Агар хешовандон ба зиндагии шахсии шумо дахолат кунанд, имрӯз лаҳзаи муносиб барои гузоштани ҳад вуҷуд дорад, аммо бо нармӣ. Дар кор эҳтиёт кунед, нафаре метавонад ба шумо зарар расонад. Шонси амалӣ сохтани орзуҳо пайдо мешавад, бо ҷуръат амал намоед. Фикрҳои шумо ба зиндагиятон таъсир мерасонанд, аз ғаму андешаҳо халос шавед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД