Маҳсулоти лозима:
180 грамм орд, 50 грамм шакари кӯфта, 20 грамм какао, 1 тухм, 100 грамм равғани маска, 200 мл саршир (сливки), 200 грамм шоколади сиёҳ, 40 грамм равғани маска, мева барои ороиш.
Тарзи таҳия:
Орду шакари кӯфта ва какаоро дар зарфе омезиш диҳед. Ба он равғани мулоимшудаи маскаву тухмро илова карда, хамири омодашударо дар яхдон муддати 60 дақиқа нигоҳ доред. Хамирро дар қолаби тортпазӣ тунук карда, бо чангак чанд ҷояшро сӯрох кунеду дар ҳарорати 190 дараҷа муддати 20 дақиқа пазед. Сарширро ҷӯшонида, ба он шоколади резаву равғани маска илова кунед ва баъди хунук шуданаш ба рӯи торт рехта, бо мева оро диҳед.