Модарам бо ҳазор орзую умед се ҷигарбандашро ба воя мерасонд. Тарбияи се тифли кӯчак барояш мушкил бошад ҳам, ба азобу машаққатҳои рӯзгор мардона тоб оварда, кӯшиш мекард, ки моро ҳамаҷиҳата таъмин намояд. Шабҳои дароз нахуфта чеварӣ мекард ва ба қавли кампиракон бо неши сӯзан моро мехӯронд.
Ман он вақтҳо дар синфи дувум мехондаму додарчаам Шаҳром дар синфи якум, хоҳаракамон Нигина бошад ҳанӯз хурдакак буд. Мо як оилаи хурдакаки бо ҳамдигар тифоқ будем. Ман як пора нонро бе додарам Шаҳром намехӯрдаму аз гулӯи вай бе ману Нигина чизе намегузашт. Ҳамсояҳо ба зиндагии мо ҳавас бурда ангушти ҳайрат мегазиданд, ки чӣ тавр модарам тавонистааст фарзандонашро бе падар чунин тарбияти нек диҳад. Падарам солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба Русия мардикорӣ рафта, бо ҳамин бе ному нишон шуда буд. Касе намедонист, ки мурда аст ё зинда. Хешу табор ва амакҳоям ду-се маротиба ба ҷустуҷӯяш рафтанд, вале дараки падарамро наёфта, бо дасти холӣ ба Ватан баргаштанд. Модарам ба тақдир тан дода, дигар ба шавҳар набаромад. Умри ҷавонашро қурбон намуд, то ки мо, ҷигарбандонаш пеши пойи паиндар хору зору залил нашавем.
Арӯси гуреза
Солҳо турнасон гузаштанду ману Шаҳром мактабро хатм кардем. Модарам шароиту қуввати тӯйкунӣ надошт ва мудом ғам мехӯрд, ки чӣ тавр моро хонадор мекунад. Шабу рӯз ашк рехтани модарамро дида, қарор додам, ки арӯси камхароҷотеро меёбам. Хушбахтона, бахтам омад кард ва духтараки хуберо пайдо намудем. Бо розигии очаҷонам бе тӯю тамошо Фарида ном духтараки гурезаро, ки волидонаш дар натиҷаи зангҳои бемаънии дохилӣ бе хонаву дар монда буданд, ба занӣ гирифтам. Фарида, ки духтараки азияткашида буд, ба қадри зиндагӣ мерасид ва ба ҳама каму кости ҳаёт шукрона мегуфт. Модарамро очаҷон гӯён ҳурмату эҳтиром мекард. Пеш аз тӯй Лайливу Маҷнун набошем ҳам, арӯсамро аз рӯзҳои нахустини зиндагиамон дӯст доштам. Акнун сарвари оила ман будам ва масъалаи хонадоркунии Шаҳрому Нигинаро сари ҳар қадам андеша мекардам.
Бойдухтар
Рӯзе бо маслиҳати модарам хостем духтареро барои додарам хостгорӣ намоем. Шаҳром ин хабарро шунида гуфт:
- Акаҷон, ман дӯстдошта дорам!
Барои дили додаракамро нашикастан суроғаи арӯси таги чашм кардаашро гирифта хостгорӣ рафтем. Аз нигоҳи аввал худи арӯсшаванда ва модараш ба модарам писанд наафтиданд, ситораашон карахту гапашон сахт буд. Сарватманд буданд ва бо дороияшон фахр мекарданд. Ба Шаҳром гуфтем, ки оилаҳои мо бо ҳамдигар мувофиқ нестанд, беҳтараш ишқи ин бойдухтарро аз сараш дур кунад, вале додарам ду пояшро ба як мӯза андохта «Шаҳнозаро мегирам» мегуфт. Ба хотири ғамгин нагаштани додаракам қарзу қавола карда, нағздидаашро келин кардем. Аз рӯзи аввал арӯси бою бадавлат модарамро писанд накарда мудом таънаю пичинг мезад. Ба хурдиаш нигоҳ накарда, ҳамсари ман- Фаридаро кор мефармуд. «Одами бадро ба худо ҳавола кун» гӯён, занамро тасаллӣ медодам, аммо рӯзи бад нек мешудаасту одами бад не, рӯзҳову моҳҳо мегузаштанду зани додарам ҳеҷ ислоҳ намешуд. Кораш рӯзи дароз худро орою торо додану бо ҳамсояҳо модару зани маро ғайбат кардан буду халос.
Қарчиқудо
Баъди ду моҳ падару модари арӯс барои хостгорӣ кардани хоҳарам Нигина омаданд. Мехостанд бо модарам қарчиқудо шаванд. Ман, ки хулқу хӯяшонро медонистам, намехостам ягона хоҳаракамро ба оташи дӯзах партоям, вале арӯси маккораи Шаҳром бо ваъдаҳои осмонӣ модарамро ба дом афтонда розӣ кунонд. Дар байни як моҳ хоҳаракамро тӯй карда бурданд. Пас аз тӯйи Нигина зани Шаҳром шаттоҳтар шуд. Акнун забонаш чунон дароз шуда буд, ки ба касе гап намедод. Модарам дар ҷавоби келинаш чизе гуфта наметавонист, чунки духтари ягонааш дар хонаи волидони Шаҳноза буд.
(Давом дорад)
БАҲРОМ