Истаравшан шаҳри ҳунармандон аст. Дар ин куҳаншаҳри қадимӣ то ҳол ҳунарҳои зиёде ҳифзу эҳё шудаанд. Имрӯзҳо ҳунарварони ин диёр бо ҳунарашон фарҳанги ориёиро ҳифз мекунанд.
Фарҳангсаройи ориёӣ - нишоне аз фарҳанги ориёӣ
Фарҳангсаройи ориёии шаҳри Истаравшан инъикоскунандаи фарҳангу тамаддуни ориёӣ мебошад. Дар дохили девори ин қасри зебо мусаввараҳои ғайриодӣ, ки бозгӯяндаи воқеаҳои тахрихии замони ориёиянд, тасвир ёфтааст. Ҳамзамон, барелеф, пайкараи модар ва расми шоирону нависандагон эҷод шудааст. Садри ин фарҳангсарой шоира Раънои Зоирдухт буда, посдорандаи фарҳанги ниё мебошад.
Маркази ҳунар ва фарҳанги “Ҳушанг”
Маркази ҳунар ва фарҳанги "Ҳушанг" соли 2006 бахшида ба бузургдошти "Тамаддуни ориёӣ дар Тоҷикистон" ба истифода дода шудааст. Ин бино аз се ошёна иборат буда, бо шакли ориёӣ қомат афрохтааст. Дар ошёни аввали он дӯкони кории кордсози машҳур Абдуманон Ҳусейнзода мавҷуд аст. Дар ошёни дуюм ва сеюм бошад, корд, шамшер, сипар, "шамшери Рустам", "Ҷоми Ҳофиз" ва дигар асарҳои офаридаи ин оҳангари истаравшанӣ маҳфузанд. Дохили бино бо пайкараҳои девории ниёгон оро дода шудааст. Дар давоми бинои "Ҳушанг" "Растаи оҳангарон" мавҷуд буда, аз 13 дӯкони кории оҳангарон иборат мебошад. Он ягона растаи бузурги оҳангарӣ ба ҳисоб рафта, устоҳои кордсозаш ҳамарӯза машғули коранд.
Аъҷубаҳо - меросе аз қадим
Эргашбой Ғафуров аъҷубаҳои гуногун месозад. Ин ҳунари қадима буда, аз замони ориёиҳо мерос мондааст. Аъҷубаҳо шаклу намуди тааҷҷубовар доранд. Кас аз диданашон гумон мекунад, ки онҳо як бозёфти таърихианд. Бештари онҳо дар сурати аждаҳо, дев, махлуқҳои тахайюлии тарсангез, пайкараҳои ҷонварони гуногун сохта шудаанд. Баъзе аз онҳо бо доштани даҳони калон, чашми сеқабата ё думи хурду калон шаклашонро иваз намуда, тарсовар шудаанд.
Шонаҳои ориёии Содиқ Зарипов
Содиқ Зарипов аз чӯб шонаҳои гуногун месозад. Аксарияти шонаҳояш ба таври ғайриоддӣ сохта шудаанд. Барои он ки таваҷҷуҳи хориҷиён бештар ҷалб гардад, вай онро дар шакли ҳайвонот низ омода мекунад. Ӯ имрӯзҳо дар баробари шона тарошидан аз чӯб бозичаҳои кӯдакона, мӯйқапак, гӯшвор, гарданбанд, ангуштарӣ, сандуқча, пойафзолпӯшак (лошка) табақча, корди равғанбурӣ ва қошуқу вилка метарошад. Ӯ бештар кӯшиш мекунад шонаҳои давраи қадима, хосса ориёиро аз нав эҳё намояд.
Асарҳои Алишер Ҷумъаев - нишоне аз тамаддуни ориёӣ
Алишер Ҷумъаев рассоми маъруфи тоҷик аст. Ӯ асарҳои бузурги гуногун офаридааст. Мавсуф барои нашри китоби "Шоҳнома" дар Амрико лаҳзаҳои ниҳоят ҷолиби ин асарро тасвир кардааст. Дуздида шудани аспи Рустам, вохӯрӣ бо Таҳмина, шикояти Суҳроб ба модараш, рӯзи видоъ бо Фирдавсӣ аз намунаҳои беҳтарини офаридаи ӯянд. Алишер Ҷумъаев тавонистааст қаҳрамонҳои асари безаволи "Шоҳнома"-ро зинда созад ва ба ҷаҳониён таҳамтанҳои гузаштаамонро нишон диҳад. Ӯ дар асарҳояш унсурҳои қадимаи ориёиро ҷой дода, ба ин васила тамаддуни ориёиро ба ҷаҳониён нишон медиҳад.
Дилором Адҳамова фарваҳар медӯзад
Дилором Адҳамова соҳиби ҳунари кашидадӯзӣ аст. Ӯ дар баробари гулдӯзӣ кардани матоъ, либосҳои миллӣ ва арӯсӣ, ҳамзамон тавассути риштаву сӯзан асарҳои гуногуни марбут ба таъриху тамаддун ва фарҳанги миллати тоҷикро меофарад. Бо ин роҳ мехоҳад образи қаҳрамонҳои таърихиро созад. Намоди ориёии фарваҳар намунае аз кашидадӯзиҳои ӯст. Фарваҳар рамзи зардуштиён мебошад.
Мирзо Мансуров ва карнайҳои ӯ
Мирзо Мансуров мисгар буда, аз мис карнайҳои гуногун меофарад. "Каҷкарнай", "карнайи шикаста", "шайпур", "говдум", "гулкарнай" ва "бух" карнайҳои эҳёкардаи ин ҳунарманданд. Усто Мирзо Мансуров баробари эҳёи карнайҳои атиқа ба эҷоди карнайҳои замонавӣ низ камари ҳиммат бастааст. Ҳамзамон, сурнай ва найро, ки маъмулан аз чӯб тарошида мешаванд, ба воситаи мис сохтааст, ки аллакай мавриди истифодаи санъаткорон қарор гирифтааст.
Дар умум ҳунармандони куҳаншаҳри Истаравшан бо эъҷози дастонашон таъриху тамаддуни қадимаи халқи тоҷикро аз нав эҳё намуда, ба ҷаҳониён фарҳанги бузурги миллии халқи тоҷикро нишон медиҳанд. Дар ин ҷо садҳо ҳунармандонеро номбар кардан мумкин аст, ки бо истеъдоду маҳорати худ нақшҳои қадимаи миллӣ, ориёиро дар эҷодиёти худ васеъ истифода мебаранд.
Абдуғаффор ШОДИЕВ