Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамватанони гиромӣ! Якояки шуморо бо 28-умин солгарди иди барои ҳар як зодаи Тоҷикистон муқаддас - Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз номи сомонаи Oila.tj самимона муборакбод мегӯем!
27-уми июни соли 1997 дар таърихи ватани азизи мо ҳамчун рӯзи ваҳдату ягонагии тамоми мардуми ин сарзамини бостонӣ ва замони нави ташаккулёбии давлатдории тоҷикон абадан сабт гаштааст, зеро дар ин рӯзи муборак маҳз туфайли ҷонбозию ҷонфидоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешонгаштаи тоҷик дубора сарҷамъ омада, як тану як ҷон гаштанд. Бо шарофати ваҳдати миллӣ мамлакат аз нав обод шуд, сол то сол пеш рафта, гул-гулшукуфон гаштааст. Имрӯз дар чеҳраи ҳар зодаи Тоҷикистон нишоту хурсандӣ ҳувайдост, зеро сулҳу оромиш дар кишварамон падидор аст. Ин беҳтарин ва қиматтарин неъмати дунёст!
Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,
Васфи онҳоро намояд решаи ҷону дилам.
Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,
Даҳр бинмояд ситоиш мардуми барнодилам.
Сулҳу ваҳдат каломе ҳастанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд.
Сулҳ - ин оштиву якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будан, ваҳдат бошад, ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан ва миллатдӯстист.
Ваҳдат - беҳтарин неъмат, орзуву армони ҳар як фарди хирадманду соҳибдил буда, роҳи ягонаи наҷоти миллат дар ҳама замину замон мебошад. Мо танҳо бо роҳи ваҳдату ягонагӣ Истиқлоли кишварамонро ҳифз карда метавонем. Бо шарофати сулҳу ваҳдат ҳама монеаҳо паси сар гашта, рӯзгори мардум рӯз то рӯз рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон торафт ободтару зеботар мегардад.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Он дарахти ваҳдат аст. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки касе теша ба решаи он занад».
Бигзор Ваҳдати миллӣ ҳамчун сабақи таърихӣ ва армуғони беназири таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон барои наслҳои оянда ҳамеша ҷовидону побарҷо бимонад.
Тоҷикему якдилу ҷонем,
Партави як субҳи тобонем.
Шуълаи як моҳи шомафрӯз,
Нури як хуршеди тобонем.
Ваҳдати мо - иқтидори мо,
Ваҳдати мо - ифтихори мо.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак!