Ба толори пазироӣ ворид шудани шахсоне, ки бо мақсади гусел кардан ё пешвоз гирифтани наздиконашон ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мераванд, манъ шудааст.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуотии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе хабар дода, афзудаанд, ки ҳадаф аз ҷорӣ намудани чунин маҳдудият амнияти парвозҳо, риояи қоидаҳои байналмилалӣ, тоза нигоҳ доштани фурудгоҳ, пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва нигаҳдории тартиботи ҷамъиятӣ мебошад.
Гуфта мешавад, ки қарори мазкур ба тамоми шаҳрвандон дахл дошта, дар ҳолатҳои истисноӣ ба нафароне, ки шахсони маъюб ё кӯдакони ноболиғро ҳамроҳӣ мекунанд, барои ворид шудан ба минтақаи гусел ва пешвози мусофирон иҷозат дода мешавад.