1xbet
Зани муваққатӣ (ҚИСМИ 1)
1437

Лутфия пайи ҳам рақами мобилии шавҳарашро чиндан гирифт. Аммо аз он тараф телефон кайҳо хомӯш карда шуда буд. Лутфия бехабар буд, ки Азиз кайҳо ин рақамро партофта, рақами дигар гирифтааст. Азиз кайҳо номи ӯро аз қалбаш, аз ҳаёташ хат зада буд. Лутфия бошад, боумед, бо дили яктопарасташ интизори занги телефонии Азиз буд. Азиз ҳоло намедонист, ки Лутфия аз ӯ дугоник ҳомила аст.

Лутфия кофта-кофта нишонии Азизро ёфтаву ба деҳаи онҳо омад. Дар рӯйи ҳавлӣ ҷавонзани оростаеро дид, ки дар даст ҷорӯб ҳавлӣ мерӯбад. Боодобона салом дода, пурсид:

- Ин хонаи Азиз аст?

- Бале, ин ҷо хонаи падару модари Азиз. Шумо кӣ?

Мехост ин лаҳза бо дили пур гӯяд, ки «ман ҳамсари Азиз». Аммо истиҳола карду гуфт, ки аз Русия паёме дорад барои падару модари Азиз.

- ҲХозир очаамро фарёд мекунам. Шумо дар рӯйи кат шишта истед.

Вақте ки модари Азиз аз хона баромада наздаш омад, Лутфия аз ҷояш нимхез шуду салом дода, гуфт:

- Салом, холаҷон, ман аз Русия аз назди писаратон омадам. Номи ман Лутфия. Ӯ ба шумо бояд хабар дода бошад, ки ман зани никоҳиаш ҳастам.

- Чӣ?,- якбора ҳам он ҷавонзану ҳам модари Азиз дод заданд.

- Маро худаш ба Русия ба наздаш даъват карда, пули чипта фиристод. Гуфт, ки аҳли оилаашон бисёрианду ҳоло шароити тӯю тамошо кардан дар ин ҷо надорад. Барои ҳамин мо дар Русия никоҳи мусулмонӣ кардем. Муддати ду сол ман бо ӯ зиндагӣ кардам. Имсол гуфт, ки «ту рав ба хонаатон, ман омада туро бо маъракаи калон ба хонаамон меорам». Чаро шумо ба ҳайрат афтодед? Магар Азиз дар ин бора ба шумо хабар надодааст?

- Не… ту чиҳо гуфта истодаӣ, духтари бероҳа?,- ҳақорат кард ӯро модари Азиз.

Ҷавонзан бошад, ҷорӯбро гирифта, ба сӯйи Лутфия давид. Лутфия ин муносибати онҳоро дида, тарсиду зуд роҳи гурезро пеш гирифт. Ҷавонзан аз қафояш бо ҷорӯб рӯфта, дод зад:

- Э мур ту, духтари шавҳардузд! Азиз шавҳари ман аст. Мо се фарзанд дорем. Мур ту барин духтари берӯ!

Лутфия роҳ ба роҳ гирякунон аз дил мегузаронид, ки «наход Азиз маро фиреб карда бошад-а?».

Боз рақами мобилии Азизро чид. Аммо бефоида. Ба ёд овард рӯзҳои гузаштаро.

Лутфия дар оила духтари чорум буд. Ду апааш ба шавҳар баромада, баъди се ва дигарӣ апааш баъди шаш сол бо сабабҳои гуногун аз шавҳар ҷудо шуда, ба хонаи падар баргашта буданд. Падар ин ҳама бебахтии духтаронро фоли бад дониста, доимо модарашро таъна мекард, ки «чаро ту барои ман духтар зоидӣ? Ин духтаронат сари маро хам карданд». Апаи савумаш бошад, ба шаҳр хонданӣ омаду аз як ҳамсабақаш ҳомила шуда, бе тӯю тамошо бо ҳамон ҷавон рафт. Баъди ин воқеа падар худро руҳан аз даст дода, рӯзе дар оғилхона бо банди гов худашро дор кашид. Баъди худкушӣ кардани падар дигар касе ба хонаи онҳо барои духтари чаҳорум хостгорӣ намеомад.

Пеш аз мурданаш падар назди кадом ҳамсоя гуфтааст, ки аз дасти духтарони бевагаштаву шармандакардааш кадом рӯз худро дор мекашад.

Ин гап байни мардуми деҳа овоза гашту дигар Лутфия сарашро байни дугонаҳояш бардошта наметавонист.

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД